Имрӯз, 9-уми декабр, ба пешвози Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон филми мустанади “Зани рӯин” бори аввал дар Душанбе намоиш дода мешавад. Дар ин бора Ардашер Пайванд, муаллиф ва коргардони ин филм ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, филми мустанади мазкур аз ҳаёти зани танҳое қисса мекунад, ки бо фарзанди маъюби гурӯҳи дуюм дар шаҳри Душанбе иҷорашин аст ва бори зиндагиро бар дӯш дорад.
“Филм аҳамияти корманди бахши иҷтимоиро дар ҷомеа барҷаста нишон медиҳад ва то куҷо зарур будани ӯро дар Тоҷикистон матраҳ менамояд”, - гуфт Ардашер Пайванд.
Давомнокии филм 19 дақиқа буда, ба гуфтаи коргардон, он моҳҳои июн-августи соли равон дар шаҳри Душанбе ба навор гирифта шудааст.
Наворбардор-таҳиягари филм Наврӯз Саидов, садобардор - Ҳомидҷон Ҳомидов, таҳиякунанда - Фирдавс Насруллозода ва коргардони садо - Хуршед Нуров мебошанд.
Филм нахустин кори синамоии Ардашер Пайванд аст. Номбурда хатмкардаи "Мактаби мустанадсозӣ" аст, ки тайи моҳҳои феврал-майи соли ҷорӣ дар Душанбе ҷавонони моил ба филмсозиро донишҳои синамоӣ омӯзонид.
Бояд гуфт, филми мустанади “Зани рӯин” моҳи сентябри имсол дар Ҷашнвораи минтақаии "MediaCAMP", ки дар шаҳри Алматои Қазоқистон сурат гирифт, намоиш дода шуд.
Ҳамзамон, дар доираи Ҷашнвораи ҳуқуқи инсон, ки моҳи сентябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар як доираи маҳдуд ба намоиш гузошта шуда буд.
Дар Душанбе бори аввал аст, ки дар ҳайти васеъ имрӯз, 9-уми декабр, соати 17:00 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ба намоиш гузошта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар чандвақтаи охир ба навор гирифтани филмҳои кӯтоҳ ва мустанад дар кишвар нисбат ба солҳои қаблӣ бештар шуда, аксаран соҳиби ҷоизаҳои минтақавиву байналмилалӣ мегарданд.
Директори МТС: Наметавонем ҳамкориро дар тамоми соҳаҳо бо Афғонистон қатъ кунем
Чаро дар Тоҷикистон телевизиони хусусии умумимиллӣ нест? Шарҳи раиси Кумитаи телевизион ва радио
Дар ҷои “Танк” роҳи дуқабата месозанд. Эстакадаҳои дигар дар куҷо бунёд мешаванд?
“Табибони ботаҷриба тарки Ватан мекунанд”. Ректори ДДТХ сабаби норасоии табибонро шарҳ дод
Тоҷикистониён барои мардуми аз заминларза осебдидаи Туркия кумак ҷамъоварӣ мекунанд
Дар ҷасадҳои аз дарёҳои Тоҷикистон ёфтшуда аломатҳои марги маҷбурӣ ошкор нашуд, - ВКД
Соли гузашта шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 1 млн бор ба Русия сафар кардаанд
Биноҳои ширкати Бег Сабурро “ба шароити имрӯз мутобиқ гардонида” ба истифода медиҳанд
Нуриддин Саид: “Лаҳзаҳои гуворо” маблағи ҳангуфт талаб кард"
Тоҷикистон имрӯз ба Туркия наҷотдиҳандагон ва кумаки башардӯстона мефиристад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста