Дар Тоҷикистон баъди қабули Қонун “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ” дар соли 2013 то ҳол расман 15 000 ризокор (волонтёр) ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Сураҷ Чоршабезода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш зимни чорабиние дар Душанбе ҳарф зад.
Ба гуфтаи ӯ, ин теъдод ризокорон дар ҳама муассисаву ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки дар асоси қонун амал мекунанд, ҳисоб карда шудаанд.
“Дар солҳои 2022 – 2027 низ дар ин хусус барномаи давлатӣ қабул мешавад ва пас аз он, имкониятҳо бештар мегарданд. Теъдоди ризокорон низ дар кишвар меафзояд”, - гуфт Сураҷ Чоршабезода.
Ӯ афзуд, ризокорон танҳо бо хоҳиши худ дар асоси тартибу низоми муқарраргирдида ба қайд гирифта мешаванд ва берун аз хоҳиши худ ҳеҷ коре анҷом намедиҳанд.

“Пас аз як муддати фаъолият онҳо роҳи худро меёбанд. Ин як замина мешавад барои ҷавонон. Барои пайдо намудани ҷойи кор ҳам мо ба ҳамаи онҳо кӯмакҳои худро мерасонем”, - гуфт Сураҷ Чоршабезода.
Дар ҳамин ҳол, Сураҷ Чоршабезода аз ироаи шумораи ташкилотҳое, ки дар онҳо ризокорон ба қайд гирифта шудаанд, худдорӣ кард.
Бояд гуфт, фаъолияти ризокорӣ дар кишвар дар чандсолаи ахир сару садоҳоеро дар пай овардааст. Яке аз чунин ташкилотҳои наздик ба ВКД бо номи “Авангард” ҷомеаи фарҳангии кишварро нигарон карда ва сафарҳои ин ризокорон бо гулдастаҳову дастархондориҳо ба шаҳру навоҳии гуногуни Тоҷикистон баҳсҳои зиёдеро ба миён оварда буд.
Қаблан перомони ин масъала овозаҳои зиёде ба бор омада буд ва он замон вазорати адлияи Тоҷикистон гуфта буд, ки гуруҳи “Авангард” дар ин ниҳод сабти ном нашудааст.
“Ҳаракати ҷамъиятии мазкур дар вазорати адлия ба қайд гирифта нашудааст. Аммо вазорати адлия фаъолияти ҳаракати мазкурро таҳти таҳлил қарор додааст. Айни замон мо омӯхта истодаем. Зеро ин ҳаракат узвият надорад, иштирокчӣ дорад. Ва онҳо мегӯянд, ки мо доимамалкунанда нестем. Онҳо барои сабти ном ҳеч гуна ҳуҷҷат ба вазорати адлия то кунун пешниҳод накардаанд”, - гуфта буд муовини вазири адлия Асадулло Ҳакимзода.
Дар Дубай тоҷикистониеро ҷустуҷӯ доранд, ки миллион доллар бурд кард
Аз бегуноҳӣ то интизорӣ. Вазъи занон дар зиндонҳои Толибон
Дар Тоҷикистон чӣ қадар сурма ҳаст?
Аз маъдану тилло то барқу пахта. ТОП-10 маҳсулоте, ки Тоҷикистон содирот мекунад
“Қувваҳои зидди давлат аз қазияи Кӯлоб истифода мебаранд”. Шарҳи прокурори минтақаи Кӯлоб
Барои баргузории 3 озмун дар Тоҷикистон беш аз 11 млн сомонӣ ҷудо карда мешавад
Дар Қирғизистон 42 донишҷӯи тоҷик боқӣ мондаанд. Вазорат омода аст, ки онҳоро баргардонад
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфт, далели шиканҷа шудани Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро месанҷад
Футболбози тоҷик Салам Ашӯрмамадов бо бошгоҳи Португалия қарордод баст
Вазири маориф: Таътили тобистона аз 1-уми июн оғоз мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста