Сервисҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ зиёдшавии талаботи парвозҳо аз Русия ба кишварҳои хориҷи наздикро нишон медиҳанд, хабар медиҳад РБК. Тибқи маълумоти “Туту.ру” ва OneTwoTrip, талаботи билетҳо ба Тоҷикистон чандин маротиба афзудааст.

Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон серталабтарин самтҳои парвози хориҷӣ барои русиягиҳо шудаанд, зикр мешавад дар маълумоти таҳлилии сервиси фурӯши билетҳои “Туту.ру”. Ба даҳгонаи аввали кишварҳо инчунин Арманистон, Озарбойҷон, Туркия, Беларус, Қазоқистон, Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) ва Гурҷистон низ шомил шудаанд.

Ба Тоҷикистон ҳиссаи бештари мусофироне, ки аз Русия дар соли 2022 ба хориҷи кишвар парвоз кардаанд (17,22%) рост меояд. Дар муқоиса бо соли гузашта (4,89%) ин нишондиҳанда чандин маротиба афзудааст. Дар ҳамин ҳол, нархи миёнаи билет ба ҳар ду самт 11% боло рафта, имсол 27 ҳазору 611 рублро ташкил додааст.

Аз 10-гонаи аввал (Топ-10)-и самтҳои серталабтарин хатсайрҳоее низ ҳастанд, ки нархи миёнаи билет ба онҳо поин рафтааст: Қазоқистон (27% - то 31 ҳазору 063рубл), Беларус (25% - то 12 ҳазору 699 рубл ва Ӯзбекистон (11% - то 28 ҳазору 668 рубл).

Ба сурати умум ҳиссаи мусофирон дар бахши “Кишварҳои хориҷи наздик” дар соли 2022 ду баробар - аз 5,7% то 11,4% зиёд шудааст. Дар бахши “Кишварҳои хориҷи дур” низ чунин вазъият ба мушоҳида мерасад (аз 1% дар соли 2021 то 2% дар соли 2022). Ҳиссаи самти Аврупо аз 0,7% соли пешин то 0,5% кам шудааст.

“Чунин ҳолат ба он вобаста аст, ки хатсайрҳои мустақим ба кишварҳои хориҷи наздик бештар шуда, ҳиссаи онҳо ба Аврупо баръакс, ба таври назаррас кам шуд”, - зикр мешавад дар хабари сервис.
Афзоиши талаботи парвозҳо ба кишварҳои хориҷи наздик дар соли 2022 дар OneTwoTrip низ зикр мешавад. “Масалан, талаботи билетҳо ба Тоҷикистон зиёда аз чор баробар (дар соли 2021 ҳиссаи фармоишҳо 2,9%-ро ташкил дода буд) ва Қазоқистон - панҷ баробар (соли 2021 - 1,1%) афзуд”, - хабар додаанд ба РБК дар хадамоти матбуоти ин ширкат.

Бино ба маълумоти ширкат, серталабтарин самти хориҷӣ Арманистон бо ҳиссаи 18,4%, Туркия - 14,6% ва Тоҷикистон - 11,9% шудаанд.

Дар даҳгонаи аввал инчунин Қирғизистон (10,9%), Ӯзбекистон (6,7%), Қазоқистон (5,8%), Озарбойҷон (4,7%), Беларус (3,9%), АМА (3,6%) ва Таиланд (2,0%) зикр шудаанд.

Ширкати хидматрасонӣ ҳамчунин ба афзоиши босуръати талабот ба билетҳо ба кишварҳои ҷудогона - Сингапур (20 баробар), Ҷопон (17 баробар), Таиланд (14 баробар), Малайзия (13 баробар) ва Индонезия (12 баробар) таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.

Дар умум соли 2022 ҳиссаи парвозҳои байнулмилалӣ дар талаботи умумӣ 11% ва парвозҳои дохилӣ - 89%-ро ташкил додааст.

Бино ба маълумоти ба РБК расида аз ширкати хидматрасонии “Купибилет”, дар соли 2022 аз рӯи фурӯши билетҳо ба хориҷи кишвар Туркия (ҳиссааш - 23%) дониста шудааст. Ба даҳгона инчунин: Арманистон (15%), Ӯзбекистон (8%), Қирғизистон (8%), Озарбоҷон (7%), Тоҷикистон (6%), Қазоқистон (5%) ва Беларус (4%), АМА (4%) ва Исроил (2%) дохил шудаанд.

“Нисбат ба соли гузашта дар соли 2022 нархи билетҳо ба хориҷи кишвар 66% ва парвозҳои дохилӣ - 18% боло рафтаанд. Бо вуҷуди ин, талабот ба билетҳои ҳавопаймоӣ зиёд шуд”, - зикр кардаанд дар ширкат.

Aviasales низ миёни парвозҳо ба хатсайрҳои хориҷӣ Туркияро самти серталабтарин номидааст. Дар ҳамин ҳол, худи ҳисса аз 28% дар соли 2021 то 19% дар соли 2022 коҳиш ёфтааст. Ба панҷгонаи аввал инчунин АМА (6% пас аз 4%-и соли пешин), Таиланд (3% нисбати 1%), Гурҷистон (3%, ҳисса тағйир наёфтааст) ва Исроил (3%) шомил шудаанд. Ин ҷо сари муқоисаи маълумот дар бораи фармоишот (брон) аз 1 март то 10 декабр дар солҳои 2021 ва 2022 сухан меравад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.