Шурӯъ аз соли 2016 дар Тоҷикистон бо сарпарастии Вазорати адлия ва дастгирии техникиву молиявии Барномаи рушди СММ ва Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҷараён дорад.

Ислоҳоти мазкур маҷмӯи чорабиниҳоеро оид ба сода, дастрас ва қулай намудани тартиби бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бар мегирад.

Яке аз марҳилаҳои муҳимми татбиқи ислоҳоти мазкур баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба муҳимият ва сабти саривақтии асноди ҳолати шаҳрвандӣ мебошад.

Дар асоси тағйиру иловаҳое, ки моҳи июни соли 2020 ба моддаи 20- и Қонуни ҶТ “Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ворид карда шуд, дар Тоҷикистон ивази ному насаб ва номи падар тибқи “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” сурат мегирад.

Дар асоси тағйиру иловаҳо ва феҳрести мазкур, номгузории фарзандон бояд дар заминаи меъёрҳои таърихии номгузории тоҷикӣ, ки яке аз арзишҳои маънави миллии мо маҳсуб ёфта, аз гузаштаи дури таърихи забонамон маншаъ мегирад, сурат гирад.

Гуфта мешавад, ки мақсад аз таҳияи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ эҳёи номгузории суннатии тоҷикӣ ва аз байн бурдани номҳои номувофиқ ба фарҳангу арзишҳои маънавӣ мебошад. Зеро тибқи қонунгузорӣ ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, номи ашё, мол, ҳайвонот ва парандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ аст.

Ҳамин тариқ, дар асоси тағйиру иловаҳои воридгардида, дигар ба навзодҳо пасвандҳои славянии «ов», «ова», «ев», «ева» ба насаб ва «ович», «овна», «евич» ва «евна» ба номи номи падар иҷоза дода намешавад.

Минбаъд ба ҷои пасвандҳои славянӣ, ба ному насаб ва номи падари онҳо пасвандҳои «ӣ», «зод», «зода», «он», «ён», «ёр», «ниё», «фар»,”пур” (барои мардон) ва “духт” (барои занон) иҷоза дода мешавад.

Дар асоси қонунгузорӣ ивази пасвандҳо ба шахсоне дахл хоҳад дошт, ки бори нахуст шаҳодатномаи тасдиқи шахсият мегиранд ё ному насабашонро иваз кардан мехоҳанд.

Ин талабот ба намояндагони ақаллиятҳои миллии муқими кишвар (ғайритоҷикҳо) дахл надорад ва онҳо метавонанд, зимни сабти ному насаби тифл пасванд ба ному насаби кӯдакро худ интихоб кунанд.

Ҳамчунин, ин тағйирот ба онҳое, ки аллакай бо пасвандҳои русӣ дар насабу номи хонаводагиашон шаҳодатнома гирифтаанд, дахл надошта, онҳо бо чунин ному насаб шиноснома гирифта метавонанд.

Дар ҳамин ҳол, дар “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” гуфта шудааст, ки ба номи шахс илова кардани тахаллусҳои «мулло», «халифа», «тӯра», «хоҷа», «хӯҷа», «шайх», «валӣ», «охун», «амир», «сӯфӣ» ва ба инҳо монанд, ки боиси тафриқаандозӣ дар байни одамон мегарданд, мумкин нест. Аммо ҳамчун ном ва ҷузъи номсоз истифода бурдани калимаҳои мазкур мумкин аст (мисол: Саидшоҳ, Муллоаҳмад, Саидхоҷа).

Дар феҳристи мазкур, ки аз тарафи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми июли соли 2016 таҳия гардидааст, ҳудуди сеюним ҳазор номҳои духтарона ва писарона пешбинӣ шудаанд.

Номгузорӣ ба Феҳристи мазкур маҳдуд нашуда, номҳои тозаэҷоде, ки ба суннати номгузорӣ, арзишҳои таърихӣ ва фарҳанги миллии тоҷикӣ мувофиқанд, вале дар Феҳрист нестанд, дар асоси хулосаи Комиссияи назди Кумитаи забон мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Дар санади зикргардида тарзи дар ҳуҷҷатҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дуруст навиштани номҳои миллӣ муайян шудааст.

Ҳамчунин, агар шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар кӯдакдор шавад, метавонад, ба консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар муроҷиат ва кӯдаки навзодашро ба қайд гирад. Шахсони масъул дар консулгарҳио ба шаҳврванди Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки дар асоси меъёрҳои милливу суннатӣ ва мутобқи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ”    фарзандашро ном гузорад.

Дар сурати номҳои бегона гузоштан метавонанд, ки дар Тоҷикистон аз сари нав ба номгузории миллӣ кунанд ва ба қайд гиранд.

Дастурҳои марҳила ба марҳила ва номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирии давлатии таваллуд дар сомонаи расмии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст.

Модари танҳо кӯдакро чӣ гуна ба қайд мегирад?

Бодя гуфт, ки падару модар дар алоҳидагӣ метавонанд, ки кӯдаки худро ба қайд гиранд. Агар онҳо имкон надоранд, аризаи бақайдгирии таваллуди кӯдак аз ҷониби яке аз хешовандони падару модар ё шахси аз ҷониби падару модар ваколатдоршуда, дода мешавад.

Дар сурати надоштани ақди никоҳи қонунӣ санад дар бораи муқаррар намудани падарӣ зарур аст.

Ҳамин тариқ, дар сурати набудани ақди никоҳи бақайдгирифташуда ё муқарраркунии падарӣ пешниҳод кардани аризаи модар барои ворид кардани маълумот дар бораи падар зарур аст. Дар ин сурат насаби падари кӯдак бо насаби модар, ном ва номи падари кӯдак бо хоҳиши модар дар асоси аризаи хаттӣ сабт карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.