Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд имрӯз, 30-юми январ, дар нишасти хабарӣ мушкили асосии автобусҳои шаҳрро шарҳ дод. Ба гуфтаи шаҳрдор, айни замон 80%-и автобусҳо дар ҳолати корӣ қарор дошта, аммо бо сабаби гаронии нархи сӯзишворӣ наметавонанд хароҷоти худро рӯйпӯш кунанд.
Ба гуфти Шарифзода, барои талаботи шаҳрвандонро қонеъ кардан бояд дар муддати муайян автобусҳо то истгоҳ ҳозир шаванд, чун қаблан дер омадани онҳо боиси норозигии сокинон гардида буд.
“Барои ин ҳоло хатти ҳаракати автобусҳо муайян карда мешавад, инчунин дар назар аст, 50 адад электробусҳо низ харидорӣ гардад, то эҳтиёҷоти мардум бароварда шавад”, - афзуд шаҳрдори Хуҷанд.
Бояд гуфт, дар нишасти матбуотии қаблӣ ҳам мушкили автобусҳо матраҳ шуда буд. Он вақт шаҳрдор гуфта буд, ки 30-35 адад афтобусҳое, ки дар хатти мусофиркашонӣ ҳастанд, бениҳоят кам аст. Дар ҳудуди шаҳр бояд 70-80 автобус ба кор барояд.
Масъулини идораи нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд дар посух ба саволи журналистон гуфта буданд, ки яке аз сабабҳои асосии кам ба кор баромадани автобусҳо таътили тобистонаи хонандагон аст. Аммо имрӯз таътил набошад ҳам, ангуштшумор будани автобусҳо дар шаҳр баръало мушоҳида мегардад.
Гуфтан ба маврид аст, ки то вуруди автобусҳо ба шаҳри Хуҷанд, яъне то соли 2018, шикоятҳо аз риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳангоми мусофиргирӣ, зиёд гирифтани мусофирон, тамбашавии микроавтобусҳо дар кӯчаҳои марказии шаҳр, ҷалби ноболиғон ба микроавобусҳо барои пулчинӣ, бо либосҳои хонагӣ идора намудани микроавтобус ва ғайраҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ зиёд мечархид.
Ёдовар мешавем, ки масъулини ҳукумати вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо назардошти шикоятҳои болоӣ ҳаракати автобусҳоро дар шаҳр зарур дониста, ба шаҳри Хуҷанд 100 адад автобусро харидорӣ карданд, аммо мушоҳида мешавад, ки ин ҳам ҳоло мушкили нақлиёти шаҳрро ба пуррагӣ ҳал накардааст.
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Роҳбари боксчиёни ҷаҳон Умар Кремлёв зодаи Ҳисор будааст. Ӯ ба Ватан омад
Тӯйи арӯсӣ ва хатнасур барои оилаҳои камбизоат. Суратгузориш аз таҷлили ҷашни Наврӯз дар Кӯлоб
Садамаи нақлиёт дар Левакант: ронандаи мошини дар канал ғарқшударо меҷӯянд
Як мард барои лату кӯби собиқ ҳамсараш дар ҷустуҷӯи мақомот аст
Тақвими бозиҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2023 тасдиқ шуд
Пайомадҳои заминларза дар Тоҷикистон: се нафар захмӣ ва беш аз 60 чорво нобуд шудаанд
Дар Тоҷикистон Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон таъсис дода мешавад
"Роҳбари салафиҳои Тоҷикистон" дубора зиндонӣ шудааст
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста