Сармоҳои ғайричашмдошт, ки тамоми кишварро фаро гирифтаанд, он қадр шитоб ҳам надоранд, ки Тоҷикистонро тарк созанд. Аз ин рӯ, сокинон маҷбуранд ба ҳавои сарди моҳи январ сабр кунанд. Барои онҳое, ки хубакак гарм шудан мехоҳанд, рӯйхати як қатор ҳаммому саунаҳоро гирдоварӣ намудем. Сайругашт дар ҳавои сарду тозаи фасли зимистон ва сипас гарм шудан бо буғ хеле хубу ҳаловатбахш аст.
Spa Hayot
Буғи гарм дар ванна имкон медиҳад, ки бадан дуруст истироҳат карда, инчунин ба беҳтар шудани пӯст мусоидат мекунад.
Дар SPA Hayot се навъи ҳаммом мавҷуд аст: саунаи финӣ, ҳаммоми русӣ ва ҳаммоми маъмулии туркӣ. Буғи гарм тамоми ҷисмро фаро гирифта, хосиятҳои шифобахш дорад ва гармӣ ба ҳар як узви бадан қувват мебахшад.
Иловагӣ дар Spa метавон аз хидматрасониҳои масҳгарӣ (массаж), пилингҳои гуногун (беҳтар кардани вазъи пӯсти рӯй) ва ғайра истифода бурд.
Нархномаи Spa Hayot
Тамос: 446 30 22 22
Реҷаи кор: Ҳамеша кушода аст
Суроға: кӯчаи Ҷомӣ, 45/3 (наздикии: Автодром)
Шабакаҳои иҷтимоӣ: https://www.facebook.com/spahayot
Spa Hayot Сафеддара
Чӣ қадр фараҳбахшу рӯҳнавоз аст пас аз ваннаи гарм худро бо барф тоза кардан. Ммм, афсона! Ва ин комилан воқеӣ аст, зеро дар осоишгоҳи лижаронии Сафедара як мини-спа ҳаст.
Ба меҳмонони осоишгоҳ ҳаммоми туркӣ, саунаи финӣ, ҷакузи, ҳавзи шиноварӣ (бассейн) пешкаш мешавад. Илова бар ин, ин SPA барои касоне, ки тамоми рӯз лижаронӣ кардаанд ё аз сноуборд истифода бурдаанд, як ҷойи хуби истироҳат ва барқарор кардани неру мебошад.
Нарх: Барои 1 соат, то 8 нафар - 400 сомонӣ
Тамос: 446 01 30 30
Суроға: деҳаи Такоб (ноҳияи Варзоб)
Реҷаи кор: Ҳамарӯза соатҳои 8:00-17:00
Шабакаҳои иҷтимоӣ: https://www.instagram.com/safeddara/
Sultan Hamamm
Дар ин ҷо танҳо ҳаммоми туркӣ амал мекунад. Сарфи назар аз он, ки дар ин навъи ҳаммомҳо ба буғи тар ё намнок афзалият дода мешавад, дар Sultan Hamamm барои дӯстдорони буғи хушк низ ҳуҷраи алоҳида ҳаст.
Беҳтарину ҷолибтарин хидматрасонӣ дар ин ҷо масҳи турии кафкӣ аст, ки борҳо дар сериали маъруфи «Великолепный Век» нишон дода мешавад.
Нарх: Аз рӯзи ҷумъа то якшанбе 1 соат барои 8 нафар - 400 сомонӣ
Аз рӯзи душанбе то панҷшанбе аз соати 12:00 то 17:00 - 300 сомонӣ
Баъди соати 17:00 - 350 сомонӣ
Тарифи «Spa Девичник» (аз рӯзи душанбе то панҷшанбе аз соати 12:00 то 17:00): 2 соат - 300 сомонӣ, 3 соат ва зиёдтар аз он - 250 сомонӣ
Тамос: 557 01 00 05, 915 76 62 62
Суроға: кӯчаи А. Навоӣ 23/1 (наздикии: ТТЦ “ВОЛНА”, буриши кӯчаҳои 112 мкр, 92 мкр ва «Калинин»)
Реҷаи кор: Ҳамарӯза аз 8:00-00:00
Шабакаҳои иҷтимоӣ: https://www.instagram.com/sultan.hamamm.dushanbe/
Фитнес-СПА «Маиша»
Дар назди меҳмонхонаи Serеna Hotel Dushanbe маркази SPA (SPA-центр) бо толори варзишӣ амал мекунад. Дар ин ҷо пас аз тамринҳои варзишӣ метавон хуб истироҳат кард.
Дар марказ саунаи маъмулӣ бо буғи хушк ва ҳуҷраҳои буғдиҳӣ, дигар ҳуҷраҳои хидматрасонӣ, масалан барои масҳ ва минтақаи истироҳат пешкаш карда мешаванд.
Нарх: барои ҳамаи хидматрасониҳои СПА - 305 сомонӣ
Тамос: 487 01 40 00
Суроға: хиёбони Рӯдаки 14 (рӯбарӯи кинотеатри “Ватан”)
Реҷаи кор: Ҳамарӯза соатҳои 10:00-23:00
Шабакаҳои иҷтимоӣ: https://www.serenahotels.com/dushanbe/wellness
СПА меҳмонхонаи "Тоҷикистон"
Дар назди меҳмонхонаи “Тоҷикистон” SPA-и таъмиру навсозишуда ба фаъолият оғоз намуд, ки ба меҳмонон маҷмӯи васеи хидматрасониҳо, аз ҷумла саунаи финӣ бо буғи хушк, ҳаммоми туркӣ бо буғи намнок, ҳавзи шиноварии калони пӯшида, ҷакузи ва толори хурди фитнес (мини фитнес зал) бо 10 навъи дастгоҳҳои тамрин (тренажёрҳо) барои истироҳати хуб пешкаш мешаванд.
Нарх: Рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе (рӯзҳо барои занон) - 100-120 сомонӣ
Сешанбе, панҷшанбе, ҷумъа, якшанбе (рӯзҳои барои мардон) - 100-120 сомонӣ
Тамос: 221 80 80
Суроға: кӯчаи Шоҳтемура 22 (рӯбарӯи боғи Рӯдакӣ)
Реҷаи кор: Ҳамарӯза соатҳои 7:00-23:00
Шабакаҳои иҷтимоӣ: https://www.facebook.com/profile.php?id=100063691171096