Дар соли 2022 дар шаҳру навоҳии Шаҳринав, Лахш, Файзобод ва Варзоб номи 56 маҳалҳои аҳолинишин иваз карда шудааст. Дар ин бора Шарифҷон Ҷумъазода, раиси Кумитаи рушди маҳал имрӯз, 31-уми январ, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Шарифҷон Ҷумъазода дар посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, давоми соли 2022 номи 12 деҳа дар ноҳияи Шаҳринав, 39 деҳа дар ноҳияи Лахш ва 4 деҳа дар Варзоб иваз карда шудааст.
Илова бар ин, дар Файзобод номи деҳаи Фақиробод ба шаҳраки 30-солагии истиқлолият тағйир дода шуда, дар ноҳияи Варзоб бошад, номи 8 деҳа иваз ва 4-тои он ба шаҳрак табдил дода шудаанд.
Ба гуфтаи Шарифҷон Ҷумъазода, ивази номҳои 1 шаҳрак ва 3 маҳали аҳолинишин дар Варзоб ва ВМКБ ҳоло дар баррасӣ қарор доранд.
Ҷумъазода шарҳ надод, ки кадом номи маҳалҳо бо чӣ номҳои нав иваз карда шуд, аммо ваъда кард, ки баъдан онро пешниҳод менамояд.
Оид ба такрори аз ҳад зиёди номи маҳалҳо бошад, Шарифҷон Ҷумъазода гуфт, “барои шаҳрвандон арзиши баланд доранд”.
Бояд гуфт, ки танҳо то соли 2019 дар саросари кишвар ҷойномҳои Гулистон – 41, Навобод – 38, Ваҳдат – 31, Истиқлол - 25, Баҳористон - 15, Бӯстон - 26, Лолазор - 17, Зарнисор - 15, Меҳробод - 16, Файзобод - 17, Чашмасор - 15, Пахтакор - 15, Иттифоқ – 11 ва Дӯстӣ – 19 маротиба ба қайд гирифта шудааст.
Ҷаъфар Мирзозода, сардори Раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллии Кумитаи рушди маҳал мегӯяд, номи нав танҳо аз ҷониби сокинони маҳал пешниҳод мегардад ва то расман иваз гардидан, якчанд марҳиларо мегузарад. Қарори ниҳоиро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ қабул мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, номҳои пешниҳодгардида бояд ба таърих ва фарҳанги ҳамон маҳали аҳолинишин рабт дошта бошад ва исбот гардад, ки ин тағйири ном лозим аст, вагарна пазируфта намешавад.
Бояд гуфт, ки дар саросари Тоҷикистон 12 ҳазору 593 объектҳои ҷуғрофӣ ва маҳалҳои аҳолинишин расман ба қайд гирифта шуда, номҳои ивазшаванда 4 ҳазору 833 адад гуфта мешавад.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста