Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов теъдоди гурезаҳои афғонистонӣ ба якборагӣ афзоиш ёфта, аз 3-4 оилаи бист соли пеш ба 203 нафар расидааст. Аксари онҳо дар ҷамоати Деҳмой ва шаҳраки Меҳробод иқомат доранд. Дар ин хусус Тоҳир Қудратзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов имрӯз, 2-юми феврал, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Раиси ноҳия сабаби афзоиши якбораи гурезаҳои афғонистониро ба ишғоли Афғонистон аз сӯйи Толибон* рабт дода, мегӯяд, “аксари онҳо хоҳиш доранд ба ватани худ баргарданд”.
“Вақте бо онҳо суҳбат мекунед, аксари онҳо мегӯянд, ки хоҳиши ба ватан баргаштанро доранд”, - мегӯяд Тоҳир Қудратзода.
Ба гуфтаи раиси ноҳия, муносибат бо гурезаҳо хуб буда, ҳеҷ яке аз онҳо ҷарима нашудаанд.
“Ҳар моҳ се бор санҷиш гузаронида мешавад ва то ҳол ҳеҷ як гуреза барои риоя накардани қоидаи будубош, ҷарима нашудааст”, - гуфт раиси ноҳия.
Ба қавли Тоҳир Қудратзода, дар умум гурезаҳои афғонистонии Ҷаббор Расулов бо қонуну қоидаи ҷории кишвар ҳеҷ мушкил надошта, бо сокинони маҳаллӣ қаробат пайдо кардаанд ва дар чорабиниҳои ноҳия низ иштирок мекунанд.
Мувофиқи иттилои дастрасгардида, қисме аз гурезаҳо дар “Афғонбозор”-и шаҳри Хуҷанд ва чанди дигар дар бозори “Ашроф”-и ноҳияи Ҷ.Расулов ба тиҷорат низ машғуланд.

Ягона мушкили гурезаҳои афғонистонӣ ин надонистани хати сирилик будааст.
Абдуҷалил Шодиев, мудири маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов мегӯяд, ки 48 нафар фарзандони гурезаҳо дар мактабҳои ноҳия таҳсил мекунанд ва ягона мушкили онҳо хат аст.
“Азбаски хат дар Тоҷикистону Афғонистон фарқ мекунад, айни ҳол ҳамаи фарзандони гурезаҳо, ки дар мактаб мехонанд, бо дарси иловагии ройгон фаро гирифта шудаанд”, - мегӯяд Абдуҷалил Шодиев.
Гуфтан ба маврид аст, ки пас аз ишғоли қудрат дар Афғонистон аз ҷониби Толибон сокинони зиёди манотиқи шимолии ин кишвар ба Тоҷикистон паноҳ бурданд ва зиндагӣ ихтиёр карданд.
Аксари онҳо дар ноҳияи Ваҳдат, наздикии пойтахти кишвар маскун шудаву зиндагӣ доранд. Қисме аз онҳо Тоҷикистонро ҳамчун давлати транзитӣ истифода кардаву ба кишварҳои сеюм сафар карданд, аммо то ҳол як теъдоди гурезаҳои афғонистонӣ дар Тоҷикистон боқӣ мондаанд.
Дар хусуси теъдоди дақиқи онҳо маълумот дастрас нест, аммо бино ба маълумотҳои ғайрирасмӣ, теъдоди онҳо атрофи 10 ҳазор нафар метавонад бошад. Таҳияи гузориш оид ба шароити зисти онҳо низ бидуни иҷозаи мақомот ғайриимкон аст.
Дар гузашта, расонаҳои кишвар аз ҳолатҳои ихроҷи иҷбории онҳо иттилоъ дода буданд, аммо мақомот даъво доранд, танҳо онҳое, ки қоидаи будубошро вайрон карданд, муҷозот мешаванд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 июни соли 2025
Идомаи даргирӣ миёни Эрон ва Исроил. Шаби гузашта чӣ гуна паси сар шуд ва дар ҳоли ҳозир чӣ мегузарад?
Нахустин медали нуқра ва сеюмин медали биринҷии Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон
Аз муҳоҷирати падар то саволҳои беҷавоби кӯдаки 3-сола. Аз боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ се сол гузашт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 июни соли 2025
Беш аз 500 меҳмон ва садҳо соҳибкор аз хориҷа. Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратии “Суғд -2025” чӣ гуна гузашт?
Арзиши хидматрасонии “Почтаи тоҷик” боз гарон шудааст
Ҳамлаи ҷавобии Эрон ба Исроил. Даргириҳо миёни ду кишвар идома доранд
Муҳоҷиронро тариқи телефон сабтином мекунанд. Сабукӣ аз навбатпоӣ ё назорати доимӣ?
Оғози парвозҳои мустақим байни Душанбе ва Пекин
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста