Вокуниши Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақолаи Мазҳаб Ҷумъа зери унвони «Аз фурӯдгоҳи Хуҷанд то «Газпром». Кумитаи андоз андозсупорандагони беҳтаринро эълон намуд», ки дар сомонаи Азия-плюс санаи 19 январи соли 2023 нашр шудааст.

Дар воқеъ, чуноне, ки дар мақола қайд шудааст, Кумитаи андоз дар асоси нишондиҳандаҳои андозсупорандагон оид ба сатҳи риояи қонунгузории андоз, “Андозсупорандаи беҳтарин”-и солро (барои соли 2022) муайян ва муаррифӣ кардааст.

Вобаста ба ин, ёдрас менамоем, ки зиёда аз 10 сол мешавад, ки бо ташаббуси Кумитаи андоз бо мақсади ҳавасманд намудан ва дастгирии субъектҳои хоҷагидор, дар ҷамъбасти ҳар сол андозсупорандагони беҳтарини сол интихоб ва эълон карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар мақола ба чунин ташаббуси Кумитаи андоз таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст.

Ҳамзамон, дар баробари ин, дар мақола беасос қайд намудани гӯё зиёд будани сарбории андоз барои андозсупорандагон ва аз ҷониби Кумитаи андоз ҳар сол муайян ва нашр намудани номгӯи андозсупорандагони бемасъулият ба мавзуи асосии мақола иртибот надошта, бинобар ин, саволҳоро ба миён меорад.

Вобаста ба масъалаи сарбории андоз пеш аз ҳама ёдовар мешавем, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, таъмини рушди устувори иқтисоди кишвар бо роҳи фароҳам овардани фазои боз ҳам муносиби андозбандӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳо, ҳавасмандгардонӣ ва мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таҳкими иқтидори саноативу содиротии кишвар, тақвият бахшидан ба раванди ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, таъмини воридоти устувори маблағи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ Кодекси андоз дар таҳрири нав таҳия, қабул ва аз оғози соли 2022 мавриди амал қарор дода шуд.

Қобили қайд аст, ки дар Кодекси андоз дар таҳрири нав имтиёзҳои андозии амалкунанда нигоҳ дошта шуда, ҳамзамон дар он як қатор имтиёзҳо ва сабукиҳои иловагӣ, инчунин, тағйироту навгониҳо пешбинӣ карда шуд.

Ҳамчунин, шумораи умумии андозҳо бо роҳи хориҷ намудани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва муттаҳид намудани андозҳои ба ҳам алоқаманд аз 10 намуд ба 7 намуд кам карда шуда, меъёри андозҳо паст карда шуд.

Дар Кодекси андоз дар таҳрири нав меъёрҳои андози даромади шахсони воқеӣ 8 ва 13 фоиз бо меёъри 12 фоиз иваз карда шуда,тарҳи шахсӣ (маблағи аз андозбандӣ озод) ба ҷойи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар ҳаҷми ду нишондиҳанда пешбинӣ гардид. Меъёри андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ (андоз аз фоида) барои ташкилотҳои молиявию қарзӣ ва ширкатҳои мобилӣ ба андозаи 20 фоиз, яъне аз меъёри амалкунанда 3 фоиз камтар ва барои дигар намуди фаъолият меъёри 18 фоиз, яъне аз меъёри амалкунанда 5 фоиз камтар, пешбинӣ карда шуд.

Бо мақсади бо шарикони асосии тиҷоратӣ баробар намудани сатҳи андозбандӣ, дар Кодекси андоз меъёрҳои андоз аз арзиши иловашуда аз 18 фоиз (қаблан амалкунанда) ба 15 фоиз паст карда шуда, дар баробари ин, аз 1 январи соли 2022 то 1 январи соли 2027 давра ба давра аз 15 то ба 13 паст намудани меъёри ин намуди андоз пешбинӣ гардид.

Илова бар ин, бо мақсади таъмини шаффофияти баҳисобгирӣ аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ, дар ҳисобот нишон додани шумораи воқеии кормандон ва музди миёнаи моҳона, меъёри андози иҷтимоӣ барои суғуртакунандагон аз 25 фоиз ба 20 фоиз паст карда шуд.

Дар натиҷаи паст намудани меъёрҳои андозҳо ва пешбинӣ гардидани имтиёзҳо ва сабукиҳои зиёди андозӣ гаронии (сарбории) андоз барои субъектҳои соҳибкорӣ коҳиш дода шуд.

Чи тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 декабри соли 2022 таъкид намуданд, дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, то имрӯз ба онҳо беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шуд. Дар соли 2022 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил дод. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар соли 2022 аз ҳисоби паст ва бекор кардани меъёрҳои 5 намуди андоз зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҳамчун дастгирӣ дар ихтиёри субъектҳои соҳибкорӣ боқӣ мемонад.

Қобили қайд аст, ки ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидани имтиёзу сабукиҳои зиёди андозӣ аз ҷониби институтҳои байналмилалӣ низ эътироф гардидааст. Тибқи таҳлилҳои Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар маҷмуъ, имтиёзҳои фискалӣ (андозӣ ва гумрукӣ), ки ба дастгирии сармоягузорон ва соҳибкорон равона карда шудаанд, дар қонунгузории амалкунанда назаррас буда, 85 фоизи шумораи умумии ҳавасмандгардониҳо ба имтиёзҳои фискалӣ ва 15% ба имтиёзҳои ғайрифискалӣ рост меояд.

Аммо, мутаассифона, маълумоти ошкорои дар боло овардашуда, аз ҷониби муаллифи мақола ба инобат гирифта нашудааст.

Метавон инчунин, илова намуд, ки дар натиҷаи ислоҳоте, ки тибқи “Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2019” гузаронида шуда ва тибқи  “Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025” идома дорад, имрӯзҳо аз ҷониби Кумитаи андоз ҷиҳати содаву қулай намудани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, барои шаҳрвандону андозсупорандагон 76 намуди хизматрасониҳо дар шакли электронӣ (10 адади онҳо дар соли 2022) мавриди истифода қарор дода шуд.

(Маълумот оид ба имтиёзоти зиёди андозӣ ва хизматрасониҳои давлатии аз ҷониби Кумитаи андоз дар шакли электронӣ ба роҳ монда шуда, дар сомонаи Кумитаи андоз ҷойгир карда шуда, дар ин мавзуъҳо дар расонаҳои хабарӣ низ чандин маротиба маълумоти муфассал ба чоп расонида шудааст.)

Доир ба масъалаи муайян намудани андозсупорандаи бемасъулият пеш аз ҳама ёдовар мешавем, ки дар қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми “андозсупорандаи бемасъулият” (банди 47 моддаи 2 Кодекси андоз) ва “андозсупорандаи бомасъулият” (банди 48 моддаи 2)  муайян карда шудааст.

Тартиб ва меъёрҳои ба рӯйхати “андозсупорандаи бемасъулият” дохил намудани субъектҳо дар қисми 4 моддаи 34 Кодекси андоз муқаррар шуда, тибқи муқаррароти он андозсупорандае, ки дар фаъолияташ  ба қонунвайронкуниҳои андоз роҳ медиҳад, аз ҷумла дар давоми зиёда аз 3 моҳи пай дар пай аз лаҳзаи ба миён омадани уҳдадорӣ ҳисоботи андоз ва (ё) пардохти маблағи андоз ва (ё) қарзи эътирофшудаи андозиро ба буҷети давлатӣ таъмин наменамояд, бе амалан анҷом додани амалиёти андозбандишаванда ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашударо  пешниҳод менамояд ва иҷрои дигар уҳдадориҳои андозии пешбининамудаи қонунгузориро таъмин наменамояд, дар асоси фармоиши дахлдори Раиси Кумитаи андоз (чуноне, ки дар Кодекси андоз пешбинӣ шудааст) ба рӯйхат дохил карда мешавад.

Кумитаи андоз бо мақсади пешгирии баҳсҳо миёни мақомоти андоз ва андозсупорандагон рӯйхати “андозсупорандагони бемасъулият”-ро дар сомонаи электронии худ ҷойгир намуда, баъди аз ҷониби чунин андозсупорандагон ислоҳ намудани қонунвайронкуниҳои андоз,  онҳоро аз рӯйхат хориҷ менамояд. Амали мазкур имкон медиҳад, ки дигар андозсупорандагон (“андозсупорандагони бомасъулият”) ҳангоми интихоби контрагент аз рӯйхат истифода намуда, аз ҳамкорӣ бо “андозсупорандагони бемасъулият” худдорӣ ва қонунвайронкунии андозро дар фаъолияти худ пешгирӣ намоянд.

Чуноне, ки аз гуфтаҳои боло бармеояд, муаллифи мақола далелҳои воқеии ошкороро ба инобат нагирифтаааст ва дар чунин як расонаи бонуфуз ба монанди Азия-плюс чоп шудани чунин мавод танҳо боиси таассуф мебошад.

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишастҳои матбуотӣ ва дигар вохӯриҳо бо намояндагони воситаҳои ахбори омма пайваста таъкид менамояд, ки барои ҳамкорӣ бо расонаҳои хабарӣ омода буда, умед дорад, ки чунин ҳамкориҳо бо мақсади ба коршиносон, андозсупорандагону шаҳрвандон дастрас намудани маълумоти ҳарчӣ бештар ва аниқ оид ба ҳолати воқеии татбиқи қонунгузории андоз, беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, вазъи андозбандии субъектҳои хоҷагидор ва самтҳои дигари фаъолияти соҳа, тақвият меёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.