Дилмурод Давлатзода, роҳбари Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа имрӯз, 7-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ худкушии Асадҷон Баҳромов, корманди ин ниҳод дар шаҳри Панҷакентро шарҳ дод ва гуфт, ки “ин ҳодиса ба фаъолияти кориаш рабте надорад ва дар масъулияте, ки кор мекард, мушкили молиявӣ дида намешуд”.
Бояд гуфт, ки Асадҷон Баҳромов, як корманди собиқадори Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Панҷакент 11-уми январ дар манзили истиқоматиаш худро ба дор овехт. Пайнвандонаш даъво доранд, ки ӯ дар пайи як тӯҳмат ва даъвати батакрори Идораи зидди фасод ба ҷони худ сӯиқасд кард. Оҷонсии зиддифасод тайид кард, ки воқеан зидди Асадҷон Баҳромов парванда боз гардида, ӯ бозпурсӣ шуда буд, аммо марги ин нафар ба фаъолияти Оҷонсӣ рабте надорад.
Дилмурод Давлатзода мегӯяд, ки ҳоло дар робита ба худкушии Асадҷон Баҳромов аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ санҷиш идома дорад ва онҳо хулосае дастрас накардаанд.
“Мо ҳам дар интизори хулосаи тафтишот ҳастем, ки сабабҳояшро маълум кунанд", - гуфт Давлатзода.
Хусрав Сангинмадов, сардори шуъбаи ҳуқуқи Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар робита ба бозпурсии Асадҷон Баҳромов гуфт, вобаста ба ин масъала ба дастгоҳи марказии Оҷонсӣ аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ муроҷиат ворид нашудааст ва оид ба боз шудани парванда ҳам муроҷиат нагардидааст.
Ёдовар мешавем, ки Асадҷон Баҳромов, корманди собиқадори Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Панҷакент 11-уми январи соли 2022 дар манзили истиқоматиаш худро ба дор овехт. Пайнвандонаш даъво доранд, ки ӯ дар пайи як тӯҳмат ва даъвати батакрори Идораи зидди фасод ба ҷони худ сӯиқасд кард.
Аз ҷумла, Умеда Азимова, ҳамсари Асадҷон Баҳромов, 18-уми январ, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, “шавҳарамро тӯҳмат карданд ва фишори зиёди равонӣ оварданд”.
Аз додситонии шаҳри Панҷакент дар ин робита ба ҳодисаи мазкур ба “Азия-Плюс” иттилоъ надоданд ва дар як тамоси телефонӣ ҳодисаро таъйид карда, гуфтанд, “ҳоло тафтишот идома дорад”.
Дар шаҳрдории Панҷакент низ хабарро таъйид карда, омили худкуширо нагуфтанд. Вале афзуданд, ки марҳум беш аз 30 сол дар сатҳҳои гуногуни шаҳрдории Панҷакент фаъолият мекард ва аз зумраи кадрҳои собиқадор ба шумор мерафт.
Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон бо нашри изҳорот гуфт, “марги номбурда ба фаъолияти мақомоти Агентӣ иртиботе надорад”.
Маркази матбуоти Оҷонсии зиддифасод навишт, ки алайҳи Асадҷон Баҳромов ҳанӯз 14-уми ноябри соли 2022 аз ҷониби шуъбаи минтақавии Агентӣ дар водии Зарафшон барои сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 314 қисми 1) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ӯ ба сифати гумонбаршуда мавриди пурсиш қарор гирифтааст.
Асадҷон Баҳромов 58 сол дошт ва падари се фарзанд буд.
Худкушии як донишҷӯ дар хобгоҳ. Ин ҳодисаи дуввуми марги донишҷӯ дар ДДХ давоми ду ҳафтаи охир аст
Кумитаи тафтишоти Русия аз боздошти боз як гумонбари ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” хабар дод
Даромади муҳоҷирони тоҷик дар Маскав чӣ қадар аст?
Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бознашри навори ҳамла ба "Крокус" ва шарҳ дар зери он боздошт кардаанд
Андрей Серенко: доир ба амалҳои террористӣ Маскавро ду моҳ пеш огоҳ карда буданд
Як ниҳоди назди Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, вазъи муҳоҷирон дар Русия “тағйир наёфтааст”
Дар Қирғизистон Райимбек Матраимов ва се бародарашро ҳабс карданд
“Ҳамаро бурданду аз хоҳараш дарак нест”. Пайвандони Фаридуни Шамсиддин дар куҷоянд?
Дар Тоҷикистон боз борон мебораду ҳаво сард мешавад
Сиёсатмадори қирғизе, ки санади қитъаи марзӣ бо Тоҷикистонро имзо карда буд, озод шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста