Соли гузашта шаҳрвандони Тоҷикистон 1,6 млн бор ба Русия сафар кардаанд. Дар ин бора Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Русия бо истинод ба маълумоти Хадамоти марзбонии Русия хабар медиҳад.
Бино ба маълумоти ин ниҳод, теъдоди умумии хориҷиёне, ки бо ҳама гуна мақсад (на танҳо сайёҳӣ, балки кору таҳсил, дар ҳайатҳо ва ғайра) дар соли 2022 ба Русия ворид шудаанд, дар муқоиса бо солҳои пандемияи 2020 (9,7 млн нафар) ва 2021 (12,1 млн нафар) афзудааст.
Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта хориҷиён 13,1 млн маротиба бо мақсадҳои гуногун ба Русия сафар кардаанд, ки нисбат ба соли пеш аз пандемияи 2019 - қариб 20 млн нафар ё худ 2,5 баробар камтар аст.
Ба сегонаи аввал (ТОП-3) тибқи сафарҳои “умумӣ” Қазоқистон (2,5 млн сафар), Украина (2,4 млн), Ӯзбекистон (2,1 млн) шомл шудаанд. Қирғизистон (866,2 ҳаз.), Абхазия (663,1 ҳаз.), Арманистон (491,6 ҳаз.), Озарбойҷон (327,9 ҳаз.), Беларус (289,3 ҳаз.), Туркия (198,6 ҳаз.) низ дар даҳгонаи аввал қарор доранд.
Пешсафони солҳои пешин аз қабили Чин (2,3 млн дар соли 2019), Лаҳистон (680,4 ҳазор дар соли 2019), Кореяи Ҷанубӣ (453,8 ҳазор дар соли 2019) дар соли 2022 аз даҳгонаи беҳтарин берун монданд.
Соли 2022 шаҳрвандони Чин ҳамагӣ 130,5 ҳазор, Лаҳистон (Полша) - 24,7 ҳазор ва Кореяи Ҷанубӣ -15,2 ҳазор маротиба ба Русия сафар кардаанд, ки асосан ронандагону масъулони воситаҳои нақлиёт, инчунин донишомӯзону шахсоне мебошанд, ки бо корҳои шахсӣ омадаанд.
Теъдоди сайёҳони хориҷӣ ба Русия дар соли гузашта 200,1 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба соли то пандемияи 2019 қариб 4,9 млн нафар худ 25,5 баробар камтар аст. Вуруди сайёҳон ба Русия аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта ҳатто нисбат ба солҳои “ковидӣ”-и 2020 (335,8 ҳазор) ва 2021 (288,3 ҳазор) камтар шудааст.
Дар панҷгонаи аввал аз лиҳози сафарҳои сайёҳӣ Олмон (25, 4 ҳазор), Туркия (22,6 ҳазор сафар), Эрон (14,6 ҳазор), Қазоқистон (13,3 ҳазор) ва Куба (11,3 ҳазор) қарор гирифтаанд.
Миёни кишварҳои 10-гонаи аввал коҳиши вуруди муҳоҷирон дар қиёс бо давраи топандемия нисбат ба ИМА сурат гирифтааст: 5,6 ҳазор сафарҳои сайёҳӣ дар соли 2002 дар муқобили 241 ҳазор дар соли 2019.
Ёдрас мекунем, ки вуруди сайёҳон аз Русия ба Тоҷикистон дар соли гузашта зиёда аз 2 баробар афзуд.
Сайёҳони Русия аз рекорди 5-солаи худ гузашта, нисбат ба солҳои пешин ба ҳисоби миёна 212% бештар ба Тоҷикистон сафарҳо анҷом доданд.
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Роҳбари боксчиёни ҷаҳон Умар Кремлёв зодаи Ҳисор будааст. Ӯ ба Ватан омад
Тӯйи арӯсӣ ва хатнасур барои оилаҳои камбизоат. Суратгузориш аз таҷлили ҷашни Наврӯз дар Кӯлоб
Садамаи нақлиёт дар Левакант: ронандаи мошини дар канал ғарқшударо меҷӯянд
Як мард барои лату кӯби собиқ ҳамсараш дар ҷустуҷӯи мақомот аст
Тақвими бозиҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2023 тасдиқ шуд
Пайомадҳои заминларза дар Тоҷикистон: се нафар захмӣ ва беш аз 60 чорво нобуд шудаанд
Дар Тоҷикистон Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон таъсис дода мешавад
"Роҳбари салафиҳои Тоҷикистон" дубора зиндонӣ шудааст
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста