Исфандиёр Ғуломов, ҳунарманди ошнои синамову театри тоҷик, дирӯз, 15-уми феврал ба синни 76 қадам гузошт. Ӯ соли 1947 таваллуд шуда, риштаи ҳунарҳои зеборо дар Донишкадаи санъати театриии Русия (ГИТИС) хатм кардааст.
Мавсуф бештар дар филмҳои хориҷӣ нақш офаридааст ва аз камтарин ҳунармандони тоҷик аст, ки дар берун аз Тоҷикистон маъруфият дорад. Ӯ гила дорад, ки “дар ватанам аз ҳунари ман истифода накарданд”.
Ин ҳунарманд мегӯяд, имрӯз чеҳраҳои матраҳи ҷомеа ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаву аз ҷониби давлат қадрдонӣ намешаванд.
Исфандиёр Ғуломов дар зодрӯзаш ба “Азия-Плюс” аз рӯзгори имрӯза, чуну чарои театру синамо, мавҷудияти сензура ва қадрдонии ҳунармандон ҳарф зад.
- Чӣ ҳоле доред ва бо чӣ корҳо бандед?
- Бештар ба театр меравам, чун он ҷо қадамгоҳи аввалину хонаи дуюми ман аст. Он ҷо ором мешавам ва худро моҳие дар об ҳис мекунам. Берун аз театр, ба дубляжи филмҳо ва баъзан ба филмбардорӣ машғул мешавам.

Театри тоҷик пул надорад
- Имрӯз театри тоҷик чӣ ҳол дорад?
- Ҳоло завқи тамошобин дигар шуда, интернет мавқеи театрро танг кардааст. Ормонҳо дигар гаштаанд, вале театр бо ин вуҷуд ҳам зинда аст. Мушкил сари ҳунарманд, коргардон ва драмматургия аст. Яъне, ҳунармандон барои бозидани нақшҳо талоши кам доранд, коргардонҳо кор намекунанд ва асарҳои драмматургии ба дарди тамошобин мехӯрда нестанд.
Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба ҳар як нақш хислатнома менавиштем: қаҳрамон чӣ гуна одам аст, чӣ хислатҳо дорад, дунёи ботиниаш чӣ тавр аст? Ҳоло ин гуна нест. Ҳама нақшҳо сатҳӣ шудааст.
Камбуди дигар ҷудо нашудани маблағ аст. Театри тоҷик имрӯз пул надорад. Аз ин лиҳоз, саҳна, декоратсия ва либосҳо дар намоишномаҳо такрор мешаванд ва ин дилгиркунанда аст. Аз ин хотир, нақши театр камранг шудааст.

- Дар панҷ соли охир чанд намоишномаи хуб тамошо кардед?
- Сатҳи намоишномаҳо хеле паст аст. Дар чандсолаи охир намоишномаи “Фирдавсӣ” ва “Баъди мурдан хоҳ биёӣ, хоҳ наё”-ро хуб пазируфтам. Дигар намоишномаи хуберо надидаам, ки ин воқеан нигаронкунанда аст.
- Чаро театри тоҷик дар замони истиқлол рушд накард?
- Чанд сол дар театри ба номи Камоли Хуҷандӣ фаъолият кардам. Он замон ҳам театр камранг шуда буд. Аз рӯзе, ки Барзу Абдураззоқов ба ин театр омад, бо худ андешаи нав овард ва дар театр ба маънои хубаш “табаддулот” анҷом дод. Ин театр, ки аз камрангтарин театрҳои кишвар буд, аз пешқадамтарин театрҳои Осиёи Марказӣ шуд. Мо бо чанд намоишномаи Барзу Абдураззоқов нисфи ҷаҳонро давр задем.
Барзу аз театри тоҷик рафт. Рафтани ӯ ба намоишномаҳояш рабт надошт. Ибрози андешаи ӯ, он ҳам дар берун аз театр, ба кадом мансабдоре хуш наомад. Минбари ӯро гирифтанд.
Ҳоло коргардони касбӣ дар театр кам мондааст. Аз миёни коргардонҳо танҳо Султон Усмоновро метавонам ном барам. Ба иловаи ин, драмматурги хуб ҳам нест. Дили ҳунармандон сард шудааст. Саҳна ё минбарро дигарон гирифтаанд ва ҳарфи беҳунарон дар театр қонун шудааст.
“Солҳост, ки вазири фарҳангро дар театр надидаам”
- Баъзе ҳунармандон аз сензура ҳарф мезананд. Шумо ҳам ҳис мекунед?
- Дар замони Шӯравӣ ҳам сензура буд, вале на ба ин дараҷа. Мо бо намоишномаи “Фолбинии Афандӣ” он замон нисфи Тоҷикистонро гашта будем. Ба боварӣ мегӯям, ки намоишномаи хуб ва диданӣ аст. Ҳоло аз “боло” ба эҳёи дигарбораи он ҳеҷ розӣ намешаванд. Ин афсона аст, вале аз он меҳаросанд.
Намоиши мазҳакавии дигареро, ки дар он як мулло мурдаҳоро зинда мекунад, барои дигарбора рӯи саҳна овардан, талош кардам, аммо рад карданд. Ин сензура не, “эҳтиёткорӣ” будааст.

Меҳрубон Назаров, вазири пешини фарҳанг, ба дидани ҳама нахустнамоишҳои театр меомад. Солҳост, ки ман вазири фарҳангеро дар театр надидаам. Вазирон вазифадоранд, ки ба театр оянд, вале намеоянд.
Театр оина аст, вале мо имрӯз дарди ҷомеаро ба саҳна гузошта наметавонем.
- Пас, наҷоти театри тоҷик дар дасти кист?
- Дар дасти ҳунармандон аст. Танҳо талош ва ҷасорат лозим аст. Сукут моро мекушад.
- Шумо бештар дар филмҳои хориҷӣ нақш офаридаед. Чаро?
- Аввалин нақшам дар синамо соли 1971 дар филми “Қиссаи зиндони Павиак” буд. Пас аз ин, аз киноситудияи чандин кишвар барои нақшофарӣ телеграмма фиристоданд, аммо ин телеграммаҳо ба дасти ман намерасид. Телеграммаҳоро саркоргардони Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, ки он ҷо кор мекардам, медаронидааст. Вақте огоҳ шудам бо саркоргардон суҳбат кардам. Гуфт, “намехоҳам, ки аз театр равӣ!”. Ин кори ӯ чунин маънӣ дошт: театр ба ҳунарманд ниёз дошт ва ӯ нахост, ки ман ба хориҷа равам.
Пас аз ин, бо дахолати Нур Табаров, вазири вақти фарҳанг, корро дар Театри давлатии ҷавонон қатъ ва дар Театри давлатии ҷумҳуриявии “Лухтак” оғоз кардам. Директори ин театр имкон фароҳам овард, ки дар филмҳои хориҷӣ низ нақш офарам.
То имрӯз, дар беш аз 50 филми хориҷӣ нақш офаридам, ки миёни онҳо нақшҳои марказӣ кам набуданд.
- Аз ҳунари Шумо дар Тоҷикистон чӣ қадр истифода карданд?
- Аз ҳунари ман дар синамои ватанам истифода накарданд. Чанд филме, ки буд, дар замони Шӯравӣ сабт шуд. Аз коргардон Бақо Содиқов миннатдорам, ки маро бо филми “Гирдбод” дар синамо шиносонид. Пас аз ин, дар филми “Хонаатон обод бод” бо коргардонии Тоҳир Собиров нақш офаридам. Дар ду филми “Тоҷикфилм” - “Нақши пойи динозавр ба куҷо бурд” ва “Чор нафар аз чорсанг” эпизодҳои хурде доштам.
Чанд филме дигар дар замони истиқлол буд, ки дар ёдам намондааст. Аммо “Дов” филми охирин буд, ки аз он ба ифтихор ном мебарам.

- Сабаб чӣ буд? Ба офаридани нақш даъват накарданд?
- Таклифҳо буд, вале кам. Филмҳое буд тиҳӣ аз маънӣ, ки рад намудам. Чанд филми дигар сенарияи дуруст надошт ва гуфтам, ки “ин нақш аз тавони камина боло аст”. Аммо дар театри ватанӣ нақши зиёд бозидаам.
Ҳоло ба корномаи синамоиям менигарам, ки умрам дар берун аз кишвар гузаштааст, аммо умедамро накандаам. Коргардонҳои ҷавоне ба мисли Муҳиддин Музаффар маро ба фардои неки синамои тоҷик дилгарм мекунанд.
“Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистонро намегирам”
- Дар 50 соли фаъолият унвонеро соҳиб нашудаед. Сабаб чӣ буд?
- Сар аз соли 1980 борҳо барои гирифтани унвон пешниҳод шудам, вале ҳар бор “ҳуҷҷатҳо гум мешуданд”. Дигар одат кардам ва эътибор надодам.
Рӯзе ба Вазорати фарҳанг даъват карда гуфтанд, ки ба унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон мушарраф гаштаам. Он вақт 71-сола будам ва 50 соли умрам дар роҳи санъат сипарӣ шуда буд. Ин бароям бисёр дардовар буд.
Вақте президенти кишвар ин унвонро тақдим мекарданд, пурсиданд, ки “чанд сол мешавад, ки дар рӯи саҳна ҳастед?”. Гуфтам, “ҳудуди 50 сол мегузарад”. Президент ҳам ҳайрон шуданд ва дастамро фишурданд.

- Мухлисонатон мегӯянд, Исфандиёр Ғуломов шоистаи Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон аст...
- Фикр мекунам, ки ба ин унвон пешниҳод ҳам намешавам, агар шавам ҳам, онро намегирам. Апаҳои ман Фотима ва Соҷида Ғуломоваҳо ҳам бо вуҷуди корҳои шоёни худ, ин унвонро нагирифтанд. Ин “гуноҳ”-и мо аст.
- Миллати тоҷик чӣ қадр ба қадри шахсиятҳои худ мерасад?
- Мутаассифона, шахсиятҳо хеле кам ёд мешаванд. Имрӯз Ҳошим Гадоев худро дар хона ҳабс кардааст ва ба китобнависӣ машғул аст. Убайдулло Раҷабов бо дард дунёро падруд гуфт. Яке зинда, дигаре мурда - фаромӯш шуданд. Чеҳраҳои матраҳи ҷомеа ба гӯшаи фаромӯшӣ мераванд ва аз ҷониби миллату давлат қадрдонӣ намешаванд.
Пештар чеҳрае аз олам мегузашт, барои видоъ бо ӯ митинг меоростанд ва хайрбод мегуфтанд. Имрӯз ин ҷорабинӣ иҷоза нест. Вақте Марат Орипов дунёро хайрбод гуфт, мо чанд нафар хостем, ки маросими видоъ баргузор кунем ва чанд ҳарфе аз шахсияташ бигӯем, аммо иҷоза нашуд.
Шахсе, ки барои миллаташ зиндагӣ мекунад, ҳама ҳастиашро мебахшад, то нафаси охир ҳунар мегӯяд, мемирад - фаромӯш мешавад. Ин хеле аламовар аст. Ба кадом сӯ равонаем, намедонам...
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста