Ҷамшед Табарзода, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе дар робита ба оғози фаъолияти "Яндекс Go", хадамоти таксии русӣ дар пойтахт посухи мушаххас надод. Вале кормандони дигари шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти ин ширкат дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ аст.
Мовини аввали шаҳрдор, дар нишасти матбуотии имрӯза, 17-уми январ ба суоли батакрори рӯзноманигорон дар ин бора танҳо гуфт, “хабарҳо оид ба оғози фаъолияти ин ширкат асос надорад”.
Вақте журналисти “Азия-Плюс” ба масъулини шаҳрдорӣ далел пешниҳод кард, ки аллакай чанд нафар аз хидматрасонии ин ширкат истифода кард, онҳо посух дода натавонистанд ва суолро инкор карданд.
Дар ҳамин ҳол, баъди нишасти матбуотӣ, масъулини шаҳрдорӣ, аз ҷумла масъулини бахши танзими нақлиёт дар суҳбати кутоҳ бо “Азия-Плюс” гуфт, “фаъолияти ин ширкат дар пойтахт ғайриқонунӣ ба роҳ монда шудааст”.
Ҳамчунин, масъулини дафтари матбуотии шаҳрдорӣ ҳам тасдиқ карданд, ки ин ширкат фаъолиятро ғайриқонунӣ ба роҳ мондааст ва кушиш мекунанд, давоми як – ду рӯзи охир онро ҳал кунанд.
Ширкати “Яндекс GO”, ки ҳанӯз ду моҳ қабл овозаҳо дар хусуси вориди бозори таксии Тоҷикистон шудани он паҳн гардида буд, 15-уми феврал гуфт, “шурӯъ аз имрӯз дар Душанбе хидматрасониҳояш роҳандозӣ шудааст”.
Кирилл Свинцов, директор оид ба рушди “Яндекс GO” дар ИДМ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” афзуд, ки нархи хидматрасонии ширкати мазкур аз 10 сомонӣ оғоз мегардад ва муштариён метавонанд бо нишон додани нишонии дурусти худ ва нуқтаи расидан ба макони лозима, арзиши хидматрасониро аз қабл маълум намоянд.
Вале як рӯз пас, 16-уми феврал, "Душанбенақлиётхадамотрасон", як воҳиди ваколатдори шаҳрдории Душанбе оид ба ташкил ва танзими ҳаракати мусофирбар дар пойтахт ин хабарро рад карда, изҳор дошт, ки ин ширкат иҷозаи фаъолият дар бозори хидматрасонии таксиҳои пойтахтро надорад.
“Аз ин лиҳоз аз сокинони пойтахт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба чунин хабарҳои асоси воқеъи надошта бовар накунанд”,- омадааст дар изҳороти "Душанбенақлиётхадамотрасон".
Имрӯз, 17-уми феврал, намояндаи ширкати “Яднекс Go” пас аз шунидани мавқеи шаҳрдорӣ ва "Душанбенақлиётхадамотрасон" ваъда дод, ки дар рӯзҳои наздик масъаларо шарҳ хоҳад дод.
Дар ҳамин ҳол, чанд нафаре, ки аз хидматрасонии ин ширкат истифода кардаанд, хидматрасонӣ онро гаронтар мегӯянд.
Аз ҷумла, Саъдӣ Ворисов, як сокини Душанбе дирӯз, 16-уми феврал, баъди истифодаи хидматрасонии “Яднекс Go” аз нархи гарони хидматраоснии таксӣ шикоят кард ва гуфт, “дар замима, танҳо мошини комфорти қиммат фаол аст. Интихобҳои арзонаш хомӯш”.
Ӯ нигаронӣ кард, ки масофаи 13 сомонаро дар 18 сомон овард, вале ронандагон аз фаъолияти ин ширкат қаноматманданд.
“Вақти фармоиш 17 сомонӣ буд. Шояд як сомонӣ барои мунтазир мондан изофа шуд. Иллати қимматияшро ронанда дар он шарҳ дод, ки масофаро бо дарназардошти қоидаҳои ҳаракат ҳисоб мекунад. Ронанда, марди болоумре буд, ки 1111-ро ба қасди Яндекс тарк карда буд. Бисёр хушҳолу қаноатманд менамуд”, - навиштааст Саъдӣ Ворисов.
Гуфтан ба маврид аст, ки хабарҳо дар хусуси воридшавии ширкати “Яндекс GO” ба бозори хидматрасонии таксии Тоҷикистон замоне расонӣ шуд, ки кормандони БДА-и Душанбе ба чидани рақами қайди давлатии таксиҳое пардохтанд, ки соли бароришашон аз то соли 2016 аст. Он замон мақомот бо ҳар баҳона сабаби аслии ин иқдомро шарҳ надоданд, аммо маҳз дар он замон пайдо шудани эълонҳои таблиғотии ин ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтугӯҳоро дар хусуси вориди бозор шудани “Яндекс GO” зиёд намуд.
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
“Лағви комили раводид”. Сафири Тоҷикистон дар Эрон омили асосии рушди тиҷоратро гуфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста