Президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон рӯзи 20 феврал дар ҷараёни боздид аз Хатой бо кору фаъолияти наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон аз наздик ошно шуд.

“Зимни суҳбат бо имдодгарон сарвари Туркия ба кору фаъолияти наҷотдиҳандагони тоҷик баҳои баланд дод. Вай ба ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамаи халқи тоҷик, ки дар ин рӯзҳои барои Туркия мусибатовар дар паҳлуи онҳо қарор гирифтанд, кумаки башарӣ равон карданд ва имдодгаронашон дар корҳои ҷустуҷӯву наҷоти офатзадагон ҳисса гузоштанд, самимона изҳори сипос кард”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 9 феврал, пас аз се рӯзи заминларзаи мудҳиш дар Туркия Тоҷикистон 50 наҷотдиҳандаи касбиро ба ин кишвар фиристод. Тибқи маълумоти ахир, бар асари ин заминларза дар Туркия беш аз 41 ҳазор нафар ва дар Сурия ҳудуди 5,8 ҳазор нафар ҳалок шуданд.

Имдодгарони тоҷик аввал дар вилояти Қаҳрамонмаръаш ба кор пардохта, 18 феврал дастаи наҷотдиҳандагони КҲФ Тоҷикистон барои баргузории корҳои ҷустуҷӯӣ ба шаҳри дигари Туркия - Хатой рафтанд.

Дар давоми 10 рӯзи корҳои ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ имдодгарони тоҷик се нафар - тифли 6-моҳа ва падари ӯ, инчунин писарчаи 3-соларо аз зери харобаҳо зинда берун оварданд.

Ҳамчунин онҳо ҷасадҳои 214 нафар ҳалокшудагонро аз зери вайронаҳо дарёфт ва берун гирифтанд.

Ба ҷуз имдодгарон, Тоҷикистон ба Туркия ҳудуди 25 тонна кумаки башардӯстона ирсол намуд. Шаҳрвандони қатории Тоҷикистон низ барои кумак ба осебдидагон аз заминларза ба сафорати Туркия дар Тоҷикистон сарулибоси гарм, пойафзол, дорувории тиббӣ, бозичаҳо барои кӯдакон ва дигар лавозимоти зарурӣ оварданд.

Бо супориши сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Сурия низ дар ҳаҷми 55 тонна кумаки башардӯстона фиристода шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед