Мақомоти вилояти Суғд шахсияти 8 ҷавоне, ки аз ин минтақа ба кишварҳои хориҷӣ рафта, таҳсилоти динӣ гирифтаанд ва айни ҳол дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлатҳои дигар иштирок доранд, муайян кардааст. 6 нафари онҳо аз шаҳри Исфара ва 2 нафари дигар аз ноҳияи Мастҷоҳ будаанд.

Дар ин бора Сӯҳроб Рустамзода, сардори шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҳукумати вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ аз ироаи маълумоти бештар дар барои макони муноқишаҳои иштирокдоштаи ин донишҷӯён худдорӣ кард.

Ҳамчунин, ба иттилои Сӯҳроб Рустамзода 36 донишҷӯи дигар аз вилояти Суғд бо гумони таҳсили ғайриқонунии динӣ ва эҳтимоли иштирок дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои дигар мавриди пайгард қарор доштаанд.

Сӯҳроб Рустамзода
Акс аз муаллиф

Дар ин рӯйхат ҷавонон аз шаҳрҳои Истаравшан ва Хуҷанд бештар аз ҳама будаанд:

  • Истаравшан - 14 нафар;
  • Хуҷанд - 8 нафар;
  • Исфара - 3 нафар;
  • Панҷакент - 3 нафар;
  • Ашт - 2 нафар;
  • Мастчоҳ - 2 нафар;
  • Ҷаббор Расулов - 2 нафар;
  • Бобоҷон Ғафуров - 1 нафар;
  • Конибодом - 1 нафар.

Дар умум, соли 2022 аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори вилояти Суғд аз 722 нафар шаҳрвандоне, ки дар хориҷа бидуни розигии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин таълими динӣ мегирифтанд, 703 нафарашон ба ватан баргардонида шудаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки масъалаи ифротгароӣ давоми чанд соли ахир дар Тоҷикистон аз мавзуъҳои доғ аст, бахусус, баъди пайвастани наздик ба 2 ҳазор нафар ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” (дар Тоҷикистон мамнӯъ). Дар дохили кишвар ҳам даҳҳо нафар бо ин ҷурм паси панҷара рафтанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.