Раёсати экология ва сайёҳии ВКД Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ширкати сайёҳии “Диёр Тревел” (“Сайри диёр”) дар Душанбе барои сайёҳони хориҷӣ маркази иттилоотӣ боз карданд.

Дар он ба сайёҳони хориҷӣ дар бораи Тоҷикистон, фарҳангу таърих ва расму оинҳои кишвар маълумоти муфассал дода шуда, ғайр аз ин, маҷмӯи васеи хидматрасониҳо пешниҳод мешавад.

Сурат аз ҷониби ширкати "Диёр Тревел" пешниҳод шуд

Марказ (дар кӯчаи Нисор Муҳаммад,81 воқеъ аст) бо таҷҳизоти муосир ва технологияҳои пешрафта таъмин аст. Он аз кабинети иттилоотӣ ва 3 ҳуҷра барои иқомати муваққатӣ иборат буда, ба сайёҳон мошинҳои қулай барои ҳамагуна сафар, нуқтаи мубодилаи асъор, Wi-Fi, нуқтаи пур кардани тавозуни алоқаи мобилӣ ва интернет пешниҳод мешаванд.

“Ҳадафи аслӣ ҷолиб нишон додани Тоҷикистон барои сайёҳон аст, - мегӯяд роҳбари ширкати сайёҳии “Диёр Тревел” Умедшоҳ Саидов. - Пеш сайёҳонро лозим меомад, ки худашон симкорту ҷойи иқомати муваққатӣ дарёфт кунанду хатсайрҳову нақлиётро муайян кунанд. Акнун анҷоми ҳамаи ин корҳо дар як ҷой имконпазир шуд”.
Сурат аз ҷониби ширкати "Диёр Тревел" пешниҳод шуд

Ба гуфтаи ӯ, дар оянда тавсеъаи бахши хидматрасонӣ ва ифтитоҳи нуқтаҳои нави хидматрасонӣ барои сайёҳон дар саросари кишвар дар назар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.