Дар моҳи январи соли 2022 Тоҷикистон ба маблағи умумии зиёда аз 2,6 млн доллар кумаки башардӯстона гирифт, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо арзиши моҳи январи соли гузашта, ки маблағи он қариб 30,4 млн долларро ташкил дода буд, қариб 12 баробар кам аст.

Кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ аз 19 кишвари ҷаҳон ворид шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин моҳи соли 2022 шумори чунин кишварҳо ба 26 адад баробар буд.

Зиёда аз 43% дар ҳаҷми умумии кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар моҳи январи аз Чин, ҳудуди 16% - аз ИМА ва зиёда аз 15% - аз Туркия ворид шудааст.

Ҳамчунин ҳиссаи нисбатан бештар ба Дания (4,7%), Олмон (3,8%), Нидерланд ва Кореияи Ҷанубӣ (3,7%-ӣ), Мексика (2,7%), Русия (2%), Барбадос (19%), Қазоқистон (1,4%), Норвегия (1,1%), Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Ҷопон (0,7%-ӣ) рост меояд.

Дар соли гузашта низ кишварҳои асосии мададрасон Чин (56%) ва ИМА (38%) буданд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2022 ба Тоҷикистон ҳаҷми бесобиқа зиёди кумаки башардӯстона ворид шуд, ки арзиши умумиаш ҳудуди 141 млн долларро ташкил дод.

Барои муқоиса: арзиши умумии ёрии башардӯстонаи дар соли 2022 воридшуда 2,5 баробар зиёдтар нисбат ба грантҳои созмонҳои байнулмилалии молиявӣ мебошад, ки соли 2023 барои дастгирии буҷети давлатии кишвар ба нақша гирифта шудааст.

То ин вақт кумаки башардӯстонаи аз лиҳози арзиш нисбатан зиёд ба Тоҷикистон расонидашуда - 87,4 млн доллар дар соли 2013 ворид шудааст.

Кумаки нисбатан камтар ба ҷумҳурӣ - 44,8 млн доллар соли 2015 расонида шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед