Умар Зиёев, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз овозхонони шинохтаи тоҷик имрӯз зодрӯз дорад. Мавсуф аз сарояндаҳои хушноми 50 соли охир буда, солҳо раҳбари дастаҳои ҳунарии “Гулшан” ва “Сипар”-ро ба дӯш доштааст.

Ин овозхон дар солҳои 1980-ум бо сурудаҳои “Сад раҳ дар интизорат”, “Зулфи парешон” ва “Замини маҳбуб ва зодгоҳ” шӯҳрат ёфта, дар солҳои 2000-ум ба хондани сурудҳои ватанпарварона пардохт. Ҳоло мегӯяд, ки бо сари баланд масъулияти ба дӯш доштаро ба поён расонидааст.

“Азия-Плюс” ба муносибати рӯзи милодаш Умар Зиёевро таҳният гуфт ва аз ҳоли имрӯзу раҳоварди рӯзгор ва нақшаҳои минбаъдааш пурсон шуд.

- Чӣ ҳолу аҳвол доред ва ба чӣ кор машғулед?

- Дар хона ҳастам ва истироҳат мекунам. Имрӯз фарзандону наберагонам наздам омаданд. Бо онҳо ширинии зиндагиро эҳсос менамоям. Ҳоло хонаам фазои зебое дорад. Хандаҳои наберагонам ба тани ман ҷон мебахшанд.

Дар 72 соли зиндагиям шодиву ғами бисёр дидам, вале дар хидмати халқу ватан будам. Дар дастаи ҳунарии “Гулшан” солҳо раҳбар будам ва дастаи ҳунарии “Сипар”-ро таъсис додам. То тавоне доштам, ба зинаҳои лозима баровардам ва ба пой рост кардам. Соли 2014 бо сари баланд ва обрӯ ба нафақа баромадам.

Дар се соли охир вазъи саломатиам каме азобам дод, вале шукронаи Худованд, ки ҳоло хубам ва вазъи саломатиам ба синнам мувофиқ аст.

Акс аз бойгонӣ

- Дастаи ҳунарии “Гулшан” дар чандсолаи охир камранг шудааст. Ба фикри Шумо, сабаб чӣ аст ва барои эҳёи дубораи он чӣ бояд кард?

- Дастаи ҳунарии “Гулшан” дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис шуд ва шӯҳрати бузурге дар маҳдудаи он кишвар ва берун аз онро дошт. Овозхонони беҳтарин орзуи дар дастаи “Гулшан” кор карданро мекарданд. Як маротиба аз номи дастаи “Гулшан” ба саҳна баромадан ҳар овозхонеро машҳур мекард.

Ҳукумат дигар шуд, аср нав гардид, талаботи замон комилан тағйир кард, вале “Гулшан” бо низоми аввала боқӣ монд. Президенти кишвар дар суханрониву вохӯриҳояшон борҳо гуфтанд, ки “дастаи “Гулшан”-ро эҳё кунед”. Ин суханро шахсан ба ман ҳам гуфтанд, вале соли рафта ва саломатии камина ба ин имкон надод.

Имрӯз дастаи “Гулшан” ва ба ин монанд ҳама дастаҳои ҳунарии дигар бояд шеваи фаъолияти худро иваз кунанд ва ба раванди бозорёбӣ пайванданд, вагарна, ба гӯшаи фаромӯшӣ ва нобудӣ хоҳанд рафт.

- Дастаи ҳунарии “Сипар”-ро Шумо таъсис додед. Оғози кор чӣ гуна буд?

Справка по теме

Умар Зиёев 28 феврали соли 1951 дар ноҳияи Ваҳдат таваллуд шудааст. Хатмкардаи Институти политехникии Тоҷикистон мебошад. Соли 1974 ба дастаи эстрадии “Гулшан” даъват гардид ва беш аз ду даҳсола дар пешбурди эстрадаи тоҷик саҳм гирифт. Солҳои 2000-2014 роҳбари дастаи ҳунарии “Сипар”-и ВКД буд. “Паймонаи дил”, “Зулфи парешон”, “Дидам туро”, “Боз омадӣ”, “Баҳорам”, “Дилбари ман”, “Туро ман дӯст медорам”, “Марав”, “Шаби маҳтоб”, “Мадеҳ озорам”, “Биё бимон”, “Фариза” аз беҳтарин таронаҳои сурудааш мебошанд. Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1989), Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (2000).

- Соли 2000-ум бе мавҷуд будани ягон заминае дар Вазорати корҳои дохилӣ дастаи ҳунарии “Сипар”-ро бо дастгирии собиқ вазир Ҳумдин Шарифов ташкил намудам. Дар паҳлӯям на сарояндаву на навозандаи номдор буд. Камина ҳам мехостам, ки корро аз сифр оғоз кунам.

Ҷавонони нав ба соҳаи ҳунар қадам ниҳодаро гирд овардам ва дар ин замина, “Сипар”-ро ба саҳнаи ҳунар баровардам. Ҳоло аксари овозхонони онвақтаи дастаи ҳунарии “Сипар”, аз қабили Садриддини Наҷмиддин, Кибриё Раҷабова, Шабнами Тоҷиддин, Сарвиноз Юсуфӣ ва даҳои дигар сарояндагони маъруфи кишвар ва берун аз он ҳастанд.

Ман ҳама хостаҳоямро дар дастаи ҳунарии “Сипар” бароварда кардам ва бо сари баланд маъмуриятамро ба поён расонидам. Имрӯз аз “Сипар” ифтихор дорам.

- Роҳбарони имрӯзаи дастаҳои ҳунарии “Гулшан” ва “Сипар” ё масъулин давлатӣ шуморо ба ҷашни зодрӯзатон таҳният гуфтанд?

- Аз “Гулшан” ва “Сипар” ҳатто бо занги телефонӣ аҳволпурсӣ накарданд. Танҳо аз Вазорати фарҳанг занг заданду табрик намуданд.  Шогирдон ва мухлисонам аз дохилу хориҷи кишвар занг заданд ва бо рӯзи таваллудам табрик гуфтанд. Аз муҳаббати халқ меболам.

- Ҳоло ҳам ба кори эҷодӣ машғулед?

- Айни замон бо сабаби каме бад шудани вазъи саломатиам ҳама корҳои эҷодиро канор гузоштам.

Акс аз бойгонӣ

- Ба зиндагии гузашта чӣ нигоҳе доред?

- Аз роҳи паймудаам пушаймон нестам. Агар дубора ба дунё оям, боз интихобам ҳамин роҳ хоҳад буд. Бисёр хостаҳои дигар дорам ва ҷомаи амал пӯшидани онро таманно менамоям.

- Нақшаҳои минбаъда чӣ аст?

- Бисёр мехоҳам, ки воқеият ва он чӣ аз сари дастаи ҳунарии “Гулшан” гузашт, аз ибтидо то имрӯз, бинависам ва чун китоби таърихи “Гулшан” ба нашр расонам.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.