Имрӯз, 9-уми март, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аввалин парвози мустақимро аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти ширкати мазкур.

Тибқи иттилои ин ширкат, парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе ва Хуҷанд-Ҷидда-Хуҷанд оғоз ба роҳ монда мешавад.

“Шурӯъ аз санаи 9-уми март парвозҳо аз Душанбе ба шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе амалӣ мегарданд. Вақти парвоз аз Душанбе дар рӯзҳои панҷшанбе - 14:30, аз Ҷидда - 19:30, рӯзҳои якшанбе аз Душанбе 22:30, аз Ҷидда - 04:00 (субҳи душанбе) ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудаанд. Аз фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд парвозҳо ба самти Ҷидда рӯзҳои сешанбе соати 21:00 ва аз фурудгоҳи Ҷидда самти Хуҷанд соати 02:00 (шаби чоршанбе) сурат мегиранд”, - таъкид мекардад дар хабари Хадамоти матбуоти ширкат.

Зикр мегардад, ки давомнокии парвоз аз Тоҷикистон ба самти шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 5 соату 15 дақиқа, дар бозгашт 4 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад.

Парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 сурат мегиранд.

Дар айни замон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат мебошад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.