Ширкати сохтмонии “Крокус Групп”-и Русия, ки давоми чанд моҳ музди меҳнати муҳоҷирони тоҷикро надода буду ахиран онҳо ба гирдиҳамоӣ даст заданд, дирӯз, 10-уми март беш аз 100 млн рубли русии муҳоҷиронро пардохтааст.

Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ин маблағ танҳо қарзи се моҳи охири соли гузашта, яъне октябр, ноябр ва декабр аст ва қарзи моҳҳои январ ва феврали соли 2023 рӯзҳои наздик пардохт хоҳад шуд.

Ӯ афзуд, ин маблағи 1 ҳазор муҳоҷири тоҷик аст ва бо миёнаравии намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират баргардонида шуд.

“Қаблан, кормандони Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират бо роҳбарияти ЖК "Лесобережный"-и ноҳияи Красногорски вилояти Москва, ки муҳоҷирони тоҷик дар он кор мекарданд, вохӯрда буданд ва намояндагони ЖК "Лесобережный"- ваъда карда буданд, ки дар моҳи март музди меҳнатро бармегардонанд”, - гуфт Нодирӣ.

Гуфта мешуд, ки бинобар дермонӣ дар маблағгузорӣ аз ҷониби фармоишгар ин ширкат  натавониста буд, ки музди кормандонро сари вақт пардохт намоянд.

Шаҳноза Нодирӣ
Акс аз Asia-Plus

Ёдовар мешавем, ки охири моҳи феврали соли равон як гурӯҳ муҳоҷирони кории тоҷику ӯзбек, ки дар ширкати сохтмонии "Крокус Групп”-и Русия кор мекарданд, аз сабаби нагирифтани музди меҳнати чандмоҳа даст ба гирдиҳамоӣ заданд.

Баъди чанде Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Русия хабар доданд, ки бо намояндагони ширкати сохтмонӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон  вохӯрданд ва масъалаи мазкурро баррасӣ карданд.

Маълум гардидааст, ки  дар сохтмони иншооти мазкур наздик ба 2300 нафар кормандон ҷалб карда шудаанд, ки қариб 1000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва боқимонда аз Ӯзбекистон мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.