Имрӯз, 11-уми март, дар Тоҷикистон иди касбии рӯзноманигорон таҷлил мешавад. Соли сипаришуда барои журналистикаи тоҷик соли пурпечутоб ва душвор буд. Чанд рӯзноманигор равонаи зиндон шуданд ва фазои рӯзноманигорӣ маҳдуд гардид. Мо тасмим гирифтем, ки бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик аз корномаи Мазҳабшо Муҳаббатшоев, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, ки такя бар журналистикаи сиёсӣ дошт ва муваффақ гардида буд, ёдоварӣ намоем.

Дар долонҳои ҳукумат

Раҷаб Мардон, рӯзноманигори тоҷик ва яке аз дӯстони қарини Мазҳабшо Муҳаббатшоев, аз ӯ “журналисти саркаш ва қолабшикан” ном мебарад.

Ӯ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, “Мазҳабшо шахси пурғайрат ва боҷасорат буд ва замони кор дар “Маориф ва маданият” бо Бӯринисо Бердиева ҳамчун рӯзноманигори қолабшикан худро муаррифӣ кард”.

“Дар ин нашрия ҳама масоили доғи рӯз, ҳам дохиливу ҳам хориҷӣ, пӯшиш дода мешуд. Мазҳабшо аз мактаби Бӯриннисо Бердиева гузашт. Аз касеву чизе бим надошт, озодакор буд ва касбиятро риоя мекард”, - зикр кард Раҷаб Мардон.

Ба таъкиди вай, Мазҳабшо Муҳаббатшоев ҳамчун журналисти касбӣ дар миёни аъзоёни ҳукумат муаррифӣ шуда буд ва мақомдорони вақт ӯро эҳтиром мекарданд.

Мазҳабшо Муҳаббатшоев
Акс аз бойгонии оилавии рӯзноманигор

“Истеъфои ҳукуматро нашр кард”

Мазҳабшо Муҳаббатшоев солҳои 1986-1995 сармуҳаррири рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) буд.

Раҷаб Мардон ба ин назар аст, ки шахсияти Мазҳабшо Муҳаббатшоев ба ӯ имкон фароҳам овард, то чанд кори ғайри қобили қабулро анҷом диҳад.

“Мазҳабшо Муҳаббатшоев бо Қаҳҳор Маҳкамов дӯстии қарин дошт, дар долонҳои ҳукумат рафту омади озодона дошт, дар сафарҳо ӯро ҳамроҳӣ мекард, аммо дар соли 1991 аввалин шуда истеъфои ҳукумат ва президенти вақт Қаҳҳор Маҳкамовро дар “Тоҷикистони Советӣ” ба нашр расонид”, - мегӯяд Мардонов.

Ба назари ӯ, “Мазҳабшо сардабири рӯзномаи №1-и ҷумҳурӣ буд, вале андешаи зиддикомунистӣ дошт. Маҳз бо пешниҳод ва пофишориҳои ӯ, моҳи сентябри соли 1991 номи рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” ба “Ҷумҳурият” иваз ва аз Ҳизби Коммунист ҷудо карда шуд.

Раҷаб Мардон

“Мазҳабшо марди худшинос буд ва барои ҳувияти миллаташ ба ҳама кор даст мезад. Яке аз корҳои дигари ӯ, пайгирӣ кардани ҳаводиси баҳманмоҳи хунин буд. Ӯ аз ҷанг безор буд ва ҳамвора барои сулҳи тоҷикон талош мекард”, - хулоса кард Раҷаб Мардон.

Журналистикаро ба сиёсат тавъам кард

Хуршед Атовулло, раҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва яке аз шогирдони Мазҳабшо Муҳаббатшоев аз ӯ як журналисти сиёсӣ ном бурд ва гуфт, ки ӯ “журналистикаро ба сиёсат тавъам кард ва аз журналистика ба сиёсат ворид шуда, бо ҳамин аз сиёсат ба нафақа баромад”.

Номбурда гуфт, “Мазҳабшо Муҳаббатшоев аз нахустин нафароне буд, ки пас аз ба нафақа баромадан ҳам аз зиндагонии пасипардагии президент дар саҳифаҳои матбуот навишт”.

Хуршед Атовулло
Акс аз ОИ Суғднюс

“Соли 2001 бо Муҳаббатшоев дар рӯзномаи “Тоҷикистон” кор мекардем. Рӯзе тасмими навиштани хотироти худро ба миён гузошт. Чанде пас матлаб рӯи мизи кории ман буд: “Сӯйиқасди номуваффақ ба Президент”. Ҳодисаи сӯйиқасд ба президент Эмомалӣ Раҳмон дар Хоруғро нигошта буд. Ин нахустин пардабардорӣ аз рӯзгори шахсӣ ва пинҳонмондаи Эмомалӣ Раҳмон буд”, - ба хотир меорад Хуршед Атовулло.

Ба таъкиди роҳбари МТЖ, “Мазҳабшо Муҳаббатшоев дар мисоли худаш ба мақомдорони тоҷик исбот кард, ки кори 10 вазирро 1 журналист анҷом дода метавонад”.

“Миёни журналистика ва адабиёт фарқи ҷиддӣ мегузошт”

Иззатманд Саломиён, рӯзноманигор ва яке аз ҳамкорони собиқи Мазҳабшо Муҳаббатшоев, ҳам мегӯяд, мавсуф ба журналистикаи ҷиддӣ таваҷҷӯҳи бештар дошт ва аз сатҳи журналистикаи байналмилалӣ огаҳ буд.

Ба гуфтаи Саломиён, “Муҳаббатшоев аз камтарин рӯзноманигорони тоҷик буд, ки радиоҳои байналмилаие ба монанди ВВС, Радиои Озодӣ ва Садои Амрикоро пинҳону ошкор гӯш мекард ва аз ҳаводиси рӯзи ҷаҳон огаҳ буд”.

Иззатманд Саломиён

“Муҳаббатшоев миёни журналистика ва адабиёт фарқи ҷиддӣ мегузошт. Ба ин назар буд, ки рӯзноманигор иттилоъро набояд бо қолаби лавҳа ё памфлет ба хонанда расонад. Худаш ҳам ба ин амал мекард ва пас аз пиронсолӣ трендҳои нави байналмилалии журналистиро ҳам омӯхт”, - нақл мекунад Саломиён.

Ӯ дар робита ба шахсияти Муҳаббатшоев мегӯяд, “марди худшиносу озодаву солор буд ва ба сиёсат барои он таваҷҷӯҳ дошт, ки ба масъалаи ҳувияти миллӣ зери суол наравад”.

Ариза навиштанду аз ёварӣ рафтанд...

Дар ҳамин ҳол, Бежан Муҳаббатшоев, писари Мазҳабшо Муҳаббатшоев, мегӯяд, “падарам андешаҳои сиёсии худро дар муҳити хонавода ба миён намегузоштанд, вале пас аз бузург шуданам эшон баъзе ҳарфҳои ногуфтаашонро бароям мегуфтанд”

Ба гуфтаи Бежан, “барзе масъалаҳое, ки дар долонҳои ҳукумат он замон ба миён гузошта мешуд, ба падарам хуш намеомад. Мавқеашонро ошкоро баён медоштанд, вале ин ба мансабдорон ҳам писанд намеомад. Билохира, бо хоҳиши худ ариза навиштанду аз ёварии президент рафтанд”.

Бежан Муҳаббатшоев
Акс аз саҳифаи фейсбуки Б.Муҳаббатшоев

Дар ин баробар, Бежан аз муҳити хонавода ёдоварӣ намуда, мегӯяд, “он кас бароям падар на, балки дӯсти мушфиқ буданд ва меҳрубониву муҳаббати он падарро фаромӯш карда наметавонам”.

“Падарам ҳамвора табассум дар лаб, меҳр дар қалб ва самимият дар муносибат доштанд. Ман ягона писари хонавода ҳастам, вале падарам бо ман он чунон наздик буданд, ки ҳама шоду ғамамро бо эшон тақсим мекардам”, - нақл мекунад Бежан.

Бежан мегӯяд, ки аз падар танҳо аксу дастхатҳо ба мерос монд ва он чизе ки дар чанд соли охири умрашон навишта буданд, дар компютери Интернюс маҳфуз монд ва дигар дастрами фарзандон нашуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.