Ҳоло маълум нест, ки барандаи сеюми Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи профессор Асадулло Саъдуллоев, ки “Нашрияи муваффақи маҳаллӣ” ном дорад, кадом нашрия хоҳад буд. Онро дар арафаи Иди матбуоти тоҷик соли 2021 нашрияи “Нигоҳи халқ” (нашрияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ) ва нашрияи “Хатлон” – и вилояти Хатлон дар соли 2022 соҳиб шуда буданд.

Масъулони озмун мегӯянд, ҷоиза ба хотири “дастгирии воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ва рушди минбаъдаи онҳо” таъсис ёфтааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки шурӯъ аз замони истиқлол, вазъи ногувори нашрияҳои шаҳру ноҳияҳо боис ба баҳсҳост, аммо вазъ беҳбуд намеёбад. Шикоятҳо аз буҷаи ниҳоят хурди молиявӣ, надоштани шароити одии корӣ, масоили кадрӣ ва амсоли ин аст. Аҳволи нисбатан беҳтарро солҳои охир танҳо нашрияҳои вилоятӣ доранд. Шояд ба он хотир, ки ин нашрияҳо дар маркази маъмурӣ ҷойгиранд ва то ҷое аз зери назари раисони вилоятҳо дур намемонанд. Эҳтимол дар назардошт бо ин назарҳое ҳам ҳаст, ки ҳоло шарт нест ҳар шаҳру ноҳия нашрияи худро дошта бошад. Гуфта мешавад, як нашрияи вилоятӣ ё як нашрия барои чанд ноҳия дар шароити имрӯза кофист. Зеро ҳоло ҳатто нашрияҳои пешбари дунё ба бӯҳрон мувоҷеҳ шуда, хонандаи худро кам мекунанд.

Аммо дар бахши идеологии Тоҷикистон сахт мутмаинанд: дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ба хотири пешбурди идеологияи давлатӣ фаъолияти нашрияҳои маҳаллӣ муҳиманд!

Гуфтан душвор аст, ки бо теъдоди 800 – 1000 нусха ва гоҳномаҳои шаҳру навоҳӣ (хеле аз нашрияҳо гоҳ – гоҳ нашр мешаванд) чӣ корҳои идеологӣ карда метавонанд?

Мӯҳтавои нашрияҳои маҳаллӣ бошад, баҳси алоҳидаро мехоҳад...

Президент ҳам дигаргунӣ мехоҳад. Пас чаро намешавад?

Маълум мешавад, матолиби нашрияҳои маҳаллӣ на танҳо хонандаи одӣ, ҳатто масъулони баландпояи ҳукуматро ҳам қонеъ намекардааст. Масалан, собиқ ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар замони худ таҳти унвони “Ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ – ҳадафи меҳварии Пешвои миллат” матлаб нашр карда гуфт, президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам мехоҳад нашрияҳоро дигаргуна бинад. Раҳмонзода навишт, ки ҳоло “маводҳои нашрияҳои маҳаллӣ дар сатҳи паст қарор дошта, дар онҳо мавзӯъҳое матраҳ карда мешаванд, ки ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ нестанд”.

Абдуҷаббор Раҳмонзода

Ин мавқеи як мақоми давлатист ва хонандаи одӣ аз нашрияҳои маҳаллӣ талаботи дигар доранд. Онҳо мегӯянд, мӯҳтавои аксар нашрияҳои ноҳиявию шаҳрӣ аз нашрияҳои марказӣ фарқи чандоне надоранд. Назарсанҷии мо дар гурӯҳи “Ахбор барои афкор”-и Фейсбук низ исбот намуд, ки таваҷҷӯҳ ба нашрияҳои шаҳриву вилоятӣ зиёд нест.

Воқеан, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки нашрияҳои маҳаллӣ аксари вақт пеш аз ҳама ба бознашри матолиби расмӣ, Паёмҳои Президенти Тоҷикистон, ҷаласаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ машғул шуда, баъд ба масоили сатҳи минтақаи худ таваҷҷӯҳ мекунанд.      

Иттифоқан, агар хабари расмие аз маркази кишвар пайдо нашуд, сафҳаи аввал барои раиси ноҳия (шаҳр, вилоят) банд аст: бо сурати калони ӯ ва табрикот ба ин ё он ид, ё матни расмии ҷаласаи ноҳия. Солҳои пештар, ки нашрияҳои шаҳриву ноҳиявӣ гоҳнома буданд, раванди тааҷҷуббарангезе ба назар мерасид: нашрияҳоро пешопеши иду маъракаҳо бо сурату табрикоти раиси ноҳия дар коғази сап – сафеди гаронарзиш ва ранга нашр мекарданд. Он ҳам бо теъдоди 200- 300 дона. Гӯё нашрияҳои маҳаллӣ фақат барои хушҳолии раиси ноҳия (шаҳр) даркоранду бас. Ҳоло ҳам баъзан чунин раванд мушоҳида мешавад.

Дар ҳоле, ки онҳо набояд хостаҳои раисони маҳали худро нашр кунанд. Балки онҳо бояд тарғибгари дастовардҳо ва интиқодгари камбудиҳои минтақаи худ бошанд.

Дар ҳамин ҳол, нашрияҳои ноҳиявие ҳам дар гузашта будааст, ки то андозае “саркашӣ” карда, на ҳамеша танҳо хостаҳои раисони шаҳру ноҳияҳоро амалӣ гардонидаанд.

Ҳодисаи аввал моҳи июли соли 2013 иттифоқ афтод. Ин ҳам вақте раиси акнун собиқи ноҳияи Данғара Маҳмадулло Саидалиев аз прокурори ин ноҳия хост, ки алайҳи сармуҳаррири нашрияи “Симои Данғара” парванда боз кунад. Раиси ноҳия сабаби ин амрашро ба он рабт дод, ки “пеш аз моҳи Рамазон Гурез Ҳасанов бо нашри матлабе дар нашрияи “Симои Данғара” гирифтани рӯза барои занони ҳомиларо ташвиқ кардааст ва ин амр боиси афзоиши мавридҳои бачапартоии занон дар ноҳия шудааст”.

Гурез Ҳасанов, сардабири нашрияи ноҳиявии “Симои Данғара” гуфта буд “дар ин матлаб, ки аз сӯҳбат бо пизишк Маҳмадраҳим Шарифов таҳия шудааст, ташвиқи рӯзагирии занони ҳомила вуҷуд надорад, балки дар ин матлаб омада буд, ки "ҳар нафари бемор аввал аз ташхис гузарад ва баъдан дар ҷиҳати гирифтани рӯза тасмим гирад”.

Дуруст аст, ки алайҳи сардабир парванда боз нашуд, аммо он шояд барои “бачаи хуб” шудани сармуҳарррирони дигар намуна гардид.

Ҳолати дуюм охири декабри соли 2019 дар Қубодиён пеш омад. Замоне, ки саҳифаи аввали ҳафтаномаи “Тахти Қубод”-нашрияи ноҳияи Қубодиёнро сармуҳаррири он Адолат Сайфуллозода ба нишони эътироз холӣ чоп кард.

Сабаби эътироз он будааст, ки нашрия матолиби зиёди  интиқодӣ нашр менамуд, аммо мақомоти ноҳия ба онҳо вокуниш намекарданд.

“Ба наздикӣ аз як корманди прокуратура пурсидам: “Чаро ба фалон матлабам хомӯшеду вокуниш намекунед?” Он корманди прокуратура дар ҷавоб гуфт: “Аз раиси ноҳия вокуниш талаб кун”, - гуфт Адолат Сайфуллоева.

Пас аз ин гуна эътироз хонум Сайфуллоева таҳдидҳое дар мисоли ба ротатсия фиристоданаш ё сар шудани тафтишот ва аудити молиявии идораи нашрия эҳсос намуд, аммо ҳеҷ кадоме пеши роҳи ҳақталошиҳои  сардабирро нагирифт. Ӯ то ҳанӯз паи кор аст...

Соҳибназарон мегӯянд, моҳияти матбуоти маҳаллӣ бояд дар ҳамин бошад. Яъне ҳади ақалл доштани сиёсати редаксионии мустақил. Ин корро редаксия замоне дошта метавонад, ки аз нигоҳи иқтисодӣ таъмин бошад ё кафолати сиёсиро аз роҳбарияти олии мамлакат бигирад. 

Тарзи фаъолияти ҳозираи нашрияҳои маҳаллӣ бошад, матбуоти замони шӯравиро ба хотир меорад. Бо фарқи ин ки он замон чунин муносибат ҳадафмандона буд ва барои нашрияҳои он давра шароити беҳтаринро таъмин мекард. Мустақилияти редаксионӣ ҳам то ҷое беҳтар аз имрӯз таъмин буд.

Бахтиёр Қутбиддинов

Бахтиёри Қутбиддин – декани факултаи журналистикаи ДМТ, ки дар мавзӯи матбуоти маҳаллӣ рисолаи илмӣ дорад, дар бораи ҷойгоҳи матбуоти маҳаллии он замон мегӯяд:

“Матбуоти маҳаллӣ – “районка” дар замони шӯравӣ аз таъминоти хуб бархӯрдор буд. Редаксияҳо аксаран матбааи мустақил доштанд. Оҳанги танқидии маводи рӯзнома масъулонро ба таҳлука меоварду ба ҷавобгарӣ мекашид. Моҳияти баланди идеологии он боис буд, ки аксари роҳбарони аввали комиҷроияҳо ва котибони аввали кумитаҳои ҳизбӣ парвардаҳо ва муҳаррирони нашрияҳо бошанд. Рӯзномаи маҳаллӣ, ба маънои томаш, набзи маҳал ба ҳисоб мерафт”.

Шаш мушкили аслии нашрияҳои маҳаллӣ

Мурод Муродӣ, устоди факултаи журналистикаи ДМТ боре навишт, ки омӯзиши эшон нишон додааст: ҳоло “қисми зиёди нашрияҳои маҳаллӣ танҳо ба хотири “будан” вуҷуд доранд ва  матолибашон нисбатан якранг, баъзан бознашр аз рӯзномаҳои дигаранд”.

Мурод Муродӣ

Барои чӣ?

Сардабири собиқи яке аз нашрияҳои навоҳии тобеи марказ бе зикри ном ба хотир меорад, ки дар замони маъракаи обуна онҳо ба раиси суди ноҳияи худ тамос гирифта, хоҳиш кардаанд, ки ба нашрияашон обуна шаванд. Судя ҳавобаландона мегӯяд “ман ба рӯзномаи ноҳиявӣ обуна намешавам, зеро ба ман даркор нест!”.

- Аммо раиси онвақтаи ноҳия кӯшиш мекард, ки моро дастгирӣ намояд. Ба ин хотир дар ҷаласаҳо ба роҳбарони зертобеи худ супориш медод, ки ба нашрияи ноҳиявӣ обуна шуда, ҳамкорӣ кунанд, мақолаҳо нависанд. Ҳодисаи аҷибе дар ин робита пеш меомад. Омӯзгорони мактабҳои миёна баъзан мақолаҳои худро меоварданд, ки чоп кунем. Аммо чун мегуфем, ки обуна шавед, шароити молии худро баҳона мекарданд. Дертар бошад, барои гирифтани ҳаққи қалам меомаданд ё мегуфтанд, ки аз ҳисоби ҳаққи қаламамон моро ба нашрия обуна кунед. Ҳол он ки буҷети нашрия базӯр ба нашри рӯзнома мерасиду халос, - мегӯяд ӯ.

Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири нашрияи вилоятии “Хатлон”, ки ҳамзамони устоди бахши журналистикаи Донишгоҳи Бохтар мебошад, дар мавриди нашрияҳои маҳаллии Хатлон пажӯҳиш анҷом додааст. Ӯ мегӯяд барои хонанда пайдо накардани нашрияҳо ҳайати эҷодӣ низ гунаҳкор аст.

Носирҷон Маъмурзода

- Матбуоти даврии маҳаллӣ бояд бозоргир шавад, аз қолабҳои кӯҳна, чопи маводҳои дилгиркунанда худдорӣ намояд. Талаботи аудиторияи замони навро бояд ба назар гирифт. Дизайни саҳифаҳо муосир, чашмрас, диққатҷалбкунанда шаванд. Хулоса, муҳаррирон ва ҳайати эҷодӣ бояд тавре корро ба роҳ монанд, ки шумораи обуначиён афзояд, хонанда матлабҳои табъи дилашро дар саҳифаҳои матбуоти даврии маҳаллӣ пайдо намояд.

Бахтиёр Ҳамдамов, сармуҳаррири пешини нашрияи “Минбари халқ” охири моҳи феврали имсол барои 24 сармуҳаррири нашрияҳои маҳаллӣ машғулият анҷом додааст. Ӯ мегӯяд, зимни баррасиҳо масоили зиёде гуфта шудаанд ва хулосаи аввалин чунин аст:

- Нахуст бояд тобоварӣ ва ҷонсахтии матбуоти маҳаллиро эътироф кард. Мояи ҳайрат аст, ки бо ин ҳама маҳдудиятҳо ҳанӯз нафас мекашад ва аз зинда будан дарак медиҳад. Кӯшиш менамояд, ки мақоми худро ба ҳайси “ҳокимияти чаҳорум” дар маҳалҳо ҳифз кунад.

Бахтиёр Ҳамдамов

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни ин машғулиятҳо аз рӯи масоили гуфташуда онҳо панҷ мушкили нашрияҳои маҳаллиро маълум кардаанд:

- Кам будан, ё тақрибан набудани матолиби муаллифӣ;

- Нашинохтани хонандаи худ ва набудани робита бо ӯ;

- Истифодаи маҳдуди жанрҳо;

- Кор карда натавонистан бо интернет-аудиторияҳо;

- Нашрияҳои сиёҳу сафед.

Хулосаи муҳимтарини Бахтиёр Ҳамдамов аз ҷараёни омӯзиш ин аст, ки аксари нашрияҳо бояд номи худро дигар кунанд, зеро “дар баъзе ҳолатҳо ғайримантиқиву ҷолиб нестанд”. Дар ҳақиқат, номи аксари нашрияҳо замони шӯравиро ба хотир меоранд: “Субҳи меҳнат”, “Симои Данғара”, “Паёми Лахш”...

Як нуктаи ҷолиб: бо вуҷуди мушкилоти зиёди нашрияҳои маҳаллӣ, шаҳру навоҳие ҳам будаанд, ки якчанд нашрия доранд. Дар ин замина шаҳри Истаравшан рекорд гузоштааст: соҳиби 10 нашрия мебошад! Дуруст аст, ки аксари онҳо соҳавӣ буда, моҳе як ё ду бор нашр мешаванд, танҳо  "Паёми Истаравшан" - нашрияи шаҳрдории Истаравшан ҳафтае як бор.

Дар вилояти Хатлон ҳамагӣ як нашрияи шахсӣ фаъолият дорад -“Пайк”, ки дар шаҳри Кӯлоб ҷойгир аст.  Муносибати раҳбарон бо ин нашрия низ хос ба назар мерасад. Масалан, дар маъракаҳои расмии Кӯлоб ва вохӯриҳои раиси шаҳр маҳз сармуҳаррири “Пайк” дида мешавад, на нашрияҳои расмии шаҳру минтақа. Шояд раиси шаҳр хулоса кардааст, ки доираи хонандаи “Пайк” бештар аст, аз ин хотир ҳамкорӣ бо онҳо самараноктар.

Маълум аст, ки ин роҳи ҳал нест.

Бо ҳамин, ба гуфтаи таҳлилгарон, дар он шакле, ки нашрияҳои маҳаллӣ ҳоло фаъолият доранд, аслан ба дарди касе намехӯранд. На кормандонашро, ки аксаран гуфта мешаванд солхӯрдаанд (ҷавонон бо сабабҳои маълум дар онҳо кор кардан намехоҳанд) бо маоши хуб таъмин карда метавонанд, на шароити дурусти корӣ барои онҳо ва на барои хонанда нашрияи босифате пешниҳод хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, нашрияҳои маҳаллӣ танҳо дар сурате метавонанд ҷои муносиби худро пайдо намоянд, ки агар на мисли имрӯз матолиби нашрияҳои марказиро бозчоп намоянд, балки бо онҳо рақиб бошанд. Воқеан, нашрияҳои маҳаллӣ, агар ҷиддӣ кор кунанд, бо ин ки қаҳрамону маълумотҳои зиёд аз деҳоти дурдаст пайдо карда метавонанд, имкон доранд рақобати ҷиддӣ бо расонаҳои марказӣ намоянд. Ҳамчунин дар шароити ҷаҳонишавӣ маҳз нашрияҳои маҳаллӣ метавонанд бисёре аз махсусиятҳои миллии мардумро ошкор ва муаррифӣ намоянд. Ин корро танҳо дар сурате кардан мумкин аст, ки ҳукумати марказӣ барои ин гуна нашрияҳо консепсияи хоси фаъолиятро омода намояд.

Зинатулло Исмоилзода

Воқеан, Зинатулло Исмоилзода соли 2017, вақте нав раиси ИЖТ интихоб шуд, гуфт, ки дар паи таҳияи ин консепсия хоҳанд буд. Зимни сӯҳбат бо мо ӯ ошкор накард, ки чунин иқдом таи ҳафт сол аз ҷонибашон таҳия шуд, ё не. Аммо гуфт: “То ҷое медонам, дар ин маврид ба воситаи Вазорати фарҳанг як барномаи давлатӣ амал мекунад”.

Он чи ки то ҳол амалишавиашро касе эҳсос накардааст...

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.