Кормандони Агентии Оғо Хон оид ба макони зист дар якҷоягӣ бо масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-уми март, дар ҳудуди “Боғи Ғалаба”-и пойтахт маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор карданд.

Маъракаи ҷараёни маъракаи ниҳолшинонӣ 1 000 бех дарахт шинонда шуд. Иқдоми мазкур стратегия ва ваколати ҳамаҷонибаи AKAH ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии муҳити зист буда, он барои ҳифзи муҳити сабз ва захираҳои табиӣ ва пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ нигаронида шудааст.

Ҳадафи чорабинии мазкур, ҳифзи муҳити сабз ва дастгирии коҳишдиҳии оқибатҳои тағирёбии иқлим мебошад. Чунин иқдом барои барқарорсозии ҷангалзорҳо, ки дар мубориза ба амалисозии ташаббуси тағирёбии иқлим мусоидат мекунад, равона шудааст. Тибқи иттилои Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ҳар сол тақрибан 12 миллион гектар ҷангал нобуд мешавад. Тақрибан 25% партобҳои газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон дар натиҷаи ҷангалбурӣ, кишоварзӣ ва дигар тағйиротҳои истифодабарии замин ба вуҷуд меоянд.

Ба ғайр аз ин, ниҳолшинонӣ дар ҳифз намудани сайёраи Замин аз таъсири тағирёбии иқлим ва нестшавии гуногунии биологӣ кӯмак мерасонад.

Акс аз АКДН

Макони ниҳолшинонӣ аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамчун минтақаи ҳадафнок ва аз ҷиҳати стратегӣ мувофиқ барои ҷангалсозӣ интихоб карда шуд. Ҳамчун ҷузъи экосистемаи ҷангал, дарахти санавбар аз сабаби нақши он дар истеъсоли оксиген, таъмини макони зисти якчанд намуди ҳайвоноти ваҳшӣ, устуворгардонии хок, танзими ҳарорат, қабулкунӣ ва нигоҳдории гази карбон ва гардиши об интихоб шуда буд.

Зарафо Қиёмзода, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки “Тоҷикистон узви беш аз 15 конвенсияи миллӣ ва байналмилалӣ оид ба ҳифзи олами ҳайвоноти ваҳшӣ ва экосистема мебошад. Иқдоми имрӯза яке аз қавитарин роҳи наҷоти экология мебошад”.

Қозидавлат Қоимдодов, намояндаи доимӣ ва Сафири Шабакаи Оғохон оид ба Рушд дар Тоҷикистон (АКДН) зикр намуд, ки “АКДН ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории тӯлонӣ доранд. Ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон ва намояндаи АКДН донише, ки мо солҳои зиёд дар самти муҳофизаткунӣ, барқарорсозӣ ва рушди муҳити зисти бехатар, сабз, устувор ва солим ба даст овардаем, на танҳо барои мо шараф аст, балки масъулияти моро дар ҳифзи муҳити зист нишон медиҳад ва барои рушди ояндаи иқтисодию иҷтимоӣ замина мегузорад”.

Дар ин муддати кутоҳ, Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дод, ки ҳадафҳои худро тавассути таъсиси заминаи танзимкунии миллӣ ва амалӣ намудани ташаббусу чорабиниҳои гуногун дар якҷоягӣ бо шарикони рушд афзоиш диҳад. Умед аст, ки маҳз тавассути ҳамкорӣ, муҳити бехатар ва экологияи тоза таъмин карда мешавад.

Акс аз АКДН

Ёдовар мешавем, ки Агентии Оғо Хон оид ба макони зист таҷрибаи Фокус - Кӯмаки Башардӯстона, Ташаббуси Шабакаи рушди Оғохон  дар самти идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, хадамоти банақшагирӣ ва сохтмони Оғо Хон, Фонди Шоҳзода Садриддин Оғо Хон оид ба Муҳити Зистро муттаҳид менамояд.

Тавассути ин ташаббус, Агентии Оғо Хон оид ба макони зист дар Тоҷикистон ва ҳамсоякишварҳои Қирғизистон ва Афғонистон аз соли 1997 инҷониб фаъолият дорад. Агентии Оғо Хон оид ба макони зист бо мақсади ташаккул додани бархӯрди маҷмуӣ ба тамоми ҷузъҳои таркибии муҳити зисти бехатар ва устувор, ки дар он ҷомеаҳо, оилаҳо ва афроди ҷудогона рушд карда метавонанд, таъсис дода шудааст.

Барои мубориза бо таҳдиди афзояндаи офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим, фаъолияти Агентии Оғо Хон оид ба макони зист ба таъмини бехатарии табақаҳои осебпазири аҳолӣ равона шудааст. Айни ҳол минтакаҳои афзалиятноки фаъолияти Агентии Оғо Хон оид ба макони зист ин Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон мебошанд.

Маълумоти муфассал дар сомонаи:  http://www.akdn.org/our-agencies/aga-khan-agency-habitat