Тавре ки Arbat.media хабар медиҳад, мувофиқи радабандӣ (рейтинг)-и Welcoming Countries Rank, ки аз ҷониби торнамои Passport Index таҳия шудааст,  Туркманистон, Афғонистон ва Кореяи Шимолӣ кишварҳои аз ҳама бештар “меҳмонгурез” эътироф шудаанд.

Гуфта мешавад, радабандӣ на аз рӯи муносибати дӯстона ва хушмуомилагии шаҳрвандон, балки аз рӯи шумораи кишварҳои дигар, ки соҳиби шиносномаҳояшон бидуни раводид омада метавонанд, асос ёфтааст.

Ӯзбекистон бо касби зинаи 25-ум дар радабандӣ кишвари аз ҳама зиёдтар меҳмоннавоз байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дониста шуд. Шаҳрвандони 139 кишвар бидуни раводид ба ин ҷо омада метавонанд.

Тоҷикистон мақоми 49-умро ишғол намуда, шаҳрвандони 87 кишвар бе раводид ба ҷумҳурии мо сафар карда метавонанд.

Қирғизистон дар радабандӣ дар зинаи 53-юм (бе раводид - 80 кишвар) ва Қазоқистон мақоми 54-ум (77 кишвар) ҷойгир шудаанд.

Туркманистон, Афғонистон ва Кореяи Шимолӣ дар зинаҳои охири радабандӣ қарор гирифтаанд - ба ин кишварҳо сафари бидуни раводид пешбинӣ нашудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.