Маркази миллии тестӣ (ММТ) арзиши хидматрасонӣ барои довталабони имсоларо, ки мехоҳанд ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил шаванд, аз 30 то 60 сомонӣ боло бурд. Имсол нархи хидматрасонӣ барои хатмкунандагони синфҳои 11-ум 300 сомонӣ (соли 2022-ум 240 сомонӣ) ва хатмкунандагони синфи 9-ум 210 сомонӣ (соли 2022-ум 180 сомонӣ) муқарар шуд.

Ба иттилои ин ниҳод, арзиши хидматрасонӣ дар мувофиқа бо Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон боло ва бо назардошти хароҷоти ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳо муқаррар карда мешавад.

“Азия-Плюс” маълум кард, ки довталабони соли 2022 ба буҷаи ММТ чӣ қадар маблағ супориданд ва он барои кадом хидматрасониҳо сарф шуд.

Абдулбосит Шодиниё, муовини якуми директори Маркази миллии тестӣ иттилоъ дод, ки аз ҳисоби довталабони соли таҳсили 2022 ба буҷети ММТ 22,2 млн сомонӣ маблағ ворид гардида, қисми асосии он барои пардохти маоши кормандони марказ, нашру паҳнкунии маҷмӯаи масъалаҳои саволу ҷавоб ва посухи тестҳо сарф шудааст.

Ӯ гуфт, ба ин маблағ пули пардохти марҳилаи асосии азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иваз кардани интихобҳои аввал, ки ду сол аст, тағйир наёфта 25 сомониро ташкил медиҳад ва маблағ барои марҳалаи иловагии имтиҳонӣ, ки 80 сомонӣ аст, дохил мешавад.

Акс аз бойгонии Абдулбосит Шодиниё

Кӣ аз пардохти маблағ озод аст?

Ин масъули давлатӣ афзуд, соли гузашта беш аз 96 ҳазор довталаб барои донишҷӯ шудан дархост гузоштанд, вале наметавон гуфт, ки 22,2 млн сомонии ба буҷаи марказ воридшуда аз ҳисоби ин теъдод довталаб пардохт шудааст.

“Як қатор ашхосе ҳастанд, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо дар пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ имтиёз пешбинӣ гардидааст. Инҳо пеш аз ҳама шахсони то 21-солае, ки ятими кулл ё бепарасторанд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ озоданд”, - гуфт ӯ.

Ба таъкиди Абдулбосит Шодиниё, ҳамчунин, шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб” аз пардохти 50 фоизи маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ озоданд.

Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё “кӯдаки маъюб” бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ озод аст.

Номбурда илова кард, ки дар ин миён маблағи як қатор довталабон, ки дар имтиҳон ширкат накарданд баргардонида шудааст.

Маблағро дар куҷо бояд пардохт кард ва бозпас гирифт?

Довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ - 2023 бояд маблағи муқарраршударо дар яке аз марказҳои хидматрасонӣ ё филиалҳои “Амонатбонк” ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл” пешакӣ пардохт карда, расиди пардохтро бо ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ барои бақайдгирӣ пешниҳод намоянд.

Ба иттилои муовини якуми ММТ, аз 22,2 млн сомоние, ки ба буҷаи марказ ворид гардид, 586 ҳазору 766 сомонӣ тавассути ариза ба довталабон баргардонида шуд.

Сабабҳои баргардонидани маблағро Абдулбосит Шодиниё чунин шарҳ дод:

- вафот кардани довталаб;

- ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шудан;

- гирандаи квотаи президентӣ;

- пули бонкро супорид, вале дар қайди ММТ нагузашт; (соли дигар ҳам бо он расид наметавонад аз қайд гузарад, зеро расиди нав талаб мешавад)

- довталаб нимятим буд, вале аз ноогоҳӣ на 50 дарсад, балки 100 дарсад маблағро супорид;

- агар ноогоҳона ду маротиба ва ё зиёдтар маблағ супорида бошад, охирин расид ба назар гирифта шуда, пешин бармегардад;

- Танҳо то 15-уми май имкон дорад маблағи супоридаи довталаб баргардонида шавад. Баъди он ҳамаи иттилоъ ҷамъбасту коркард мешавад ва низом корашро шуруъ мекунад. Яъне, аллакай хулоса мебароранд, ки чӣ қадар маҷмӯа ё мавод чоп карда шавад, чӣ қадар коргари иловагӣ ба кор ҷалб карда шавад.

Маблағи супоридаи довталабони имсола то ҳол маълум нест, чунки марҳалаи бақайдгирии довталабон барои супоридани имтиҳонҳо рӯзи 1-уми март оғоз гардид ва то 30-юми апрел давом хоҳад кард.

Ин маблағҳо ба куҷо сарф мешаванд?

Абдулбосит Шодиниё гуфт, марказ муассисаи худмаблағгузор аст ва аз буҷети кишвар солона ҳамагӣ 1,2 млн сомонӣ барои пардохти андози иҷтимоӣ ва маоши кормандон, ки 10 дарсади буҷаи умумиро ташкил медиҳад, дарёфт мекунад.

“Маблағи хидматрасоние, ки довталабон тавассути “Амонатбонк” ба буҷаи марказ месупоранд, пеш аз ҳама барои маоши кормандони асосии марказ, музди онҳое, ки тариқи шартнома муваққатан ба кор ҷалб мешаванд, нашри китобчаҳои тестӣ, маҷмӯи саволу ҷавобҳои имтиҳонӣ, нашри варақаи ҷавобҳо, ки ба довталабон ройгон дода мешавад ва дигар хидматрасониҳои комуналӣ, коммуникатсионӣ, доруворӣ, сӯзишворӣ, таъмиру тармим ва пардохтҳои андозӣ ва ғайриандозӣ сарф мешавад”, - гуфт ӯ.

Абдулбосит Шодиниё мисол овард, ки соли 2022 беш аз 110 ҳазор китобчаҳои тестӣ, 240,6 ҳазор маҷмӯи масъалаҳои тестӣ нашр гардида, беш аз 10 млн сомонӣ ба маоши кормандони асосӣ ва муваққатӣ сарф шуд.

“Соли 2022 мо барои таблиғи имтиҳонҳои марказ, бақайдгирандагон, маъмурони имтиҳон беш аз 3 ҳазор корманди муваққатиро ҷалб кардем. Танҳо пардохтҳои ғайриандозии мо 3,1 млн сомониро ташкил дод, ки ин 10,5 дарсади буҷаи умумии марказро ташкил медиҳад”, - гуфт Абдулбосит Шодиниё.

Акс аз Asia-Plus

Пешниҳод барои баргузории 4 даври имтиҳон

Абдулбосит Шодиниё гуфт, ба ҳукумати кишвар тарҳеро пешниҳод кардаанд, ки дар асоси он давраи қабули ҳуҷҷат ва имтиҳон барои дохилшавии довталабон, ки ҳоло ду давра ст, ба чор давра пешбинӣ мекунад.

“Ду марҳилаи сабтином чун солҳои пеш мемонад. Моҳҳои март-апрел ва моҳи июн. Дар моҳи сентябр аз ҳисоби шахсоне, ки аз муҳоҷират омадаанд ё хоҳишмандон пайдо шудаанд, марҳилаи сеюми бақайдгирӣ ва имтиҳонҳоро ба роҳ мемонем”, – афзуд ӯ.

Тибқи ин тарҳ, даври чаҳоруми сабтином ва имтиҳонҳо барои гурӯҳҳои ғоибона ва фосилавӣ аст, ки пас аз моҳи сентябр баргузор хоҳад шуд.

Ӯ гуфт, интизор меравад, ки ин тарҳ давоми сол қабул шавад ва дар моҳи сентябр, аллакай онҳо имкон пайдо мекунанд, ки бо ду давраи нав довталаб қабул намоянд.

Бояд гуфт, ки рӯзи  1-уми март, дар Тоҷикистон марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2023 (ИМД-2023) оғоз гардид ва то 30-юми апрел давом хоҳад кард. Ҳамаи интиҳонҳо дар Маркази миллии тестӣ баргузор мешавад, ки чанд сол пеш бо ҳадафи пешгирӣ аз ришваситонӣ таъсис ёфт.

Соли 2022 аз тақрибан 95 ҳазор довталаб танҳо 57  ҳазору 988 нафар унвони донишҷӯиро соҳиб шуданд. 22 ҳазору 470 нафар аз имтиҳон афтоданд ва натавонистанд донишҷӯ шаванд. Аз онҳо 51 ҳазору 809 нафарро хатмкунандагони синфи 11 ва 6 ҳазору 179 нафарро хатмкунандагони синфи 9 ташкил медиҳад.

Соли 2021 дар натиҷаи тақсимоти асосӣ ва такрорӣ 69 ҳазору 839 нафар донишҷӯй шуда буданд, ки ин 85 фоизи довталабони ба озмун роҳёфтаро  ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.