Артём Кирянов, муовини раиси Кумитаи сиёсати иқтисодии Думаи давлатии Русия, пешниҳод кардааст, ки муҳоҷирони кории аз Русия барои ҷиноятҳои сабук ихроҷшуда афв шаванд. Дар ин бора хабаргузории русии “RG” иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, ин тадбир барои ҷалби то 200 ҳазор коргари хориҷӣ ба бозори кори Русия мусоидат мекунад, ки Русия ба онҳо бештар таваҷҷуҳ дорад.
Гумон меравад, ки ин пешниҳод метавонад ба муҳоҷироне ҳам, ки ҳоло аз Русия ихроҷ нашудаанд, татбиқ карда шавад.
“Ин авф нисбат ба шаҳрвандоне, ки ҷиноятҳои ночиз содир кардаанд, амалӣ карда шавад. Асосан онҳо нафаронеанд, ки сари вақт ҳуҷҷат насупоридаанд ва ё тарки кишварро ба таъхир андохтааанд”, - пешниҳод кардааст Кирянов.
Артём Кирянов афзудааст, ки кишварҳои алоҳидае, ки шаҳрвандони онҳо таҳти афв қарор мегиранд, ҳоло мушаххас нашаванд, зеро ҳоло ин ташаббус баррасӣ мешавад.
Бояд гуфт, ки афви муҳоҷирони корӣ як механизми хеле маъмул дар таҷрибаи Русия аст ва бори аввал нест, ки истифода мешавад.
Дар баҳори соли 2017 Русия нахустин афви тақрибан 100 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро содир кард буд. Дар тӯли ин солҳо шаҳрвандони Молдова, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ афв шуданд.
Ёдовар мешавем, ки бинобар иттилои расмӣ дар соли 2022 миёни ТОП – 10 кишваре, ки шаҳрвандонаш барои муҳоҷират ба Русия мераванд, Тоҷикистон дар мақоми дуввум қарор гирифт. Дар мақоми аввал Ӯзбекистон қарор дошт.
Додситонии кулл қазияи марги духтури Беморхонаи “Истиқлол”-ро шарҳ дод
"Ҳаракатҳои кормандони алоҳидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия санҷида шавад”. Тақозои Юсуф Раҳмон аз ҳамтои русаш
Таваҷҷуҳи хосса ба масъалаи сарҳад дар вохӯрии сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон
БАОР: соли 2023 рушди иқтисоди Тоҷикистон то 7,9% мерасад
Нақшаи даъвати ҳарбӣ иҷро шуд. Мақомот рӯйхати “артишгурезон”-ро тартиб додааст
Ислом Махачев меҳмонии фахрии Гран-прии ҷудои Душанбе
Президенти Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон меояд
Гран-прии Душанбе-2023. Имрӯз 12 ҷудокори тоҷик вориди рақобат мешаванд
Имрӯз дар Чолпон-Ота нишасти “Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ” доир мегардад
Имрӯз, маъракаи даъвати ҳарбӣ ба анҷом расид. Нақша пурра иҷро шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста