Масъулини бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Бохтар зимни вохӯрӣ бо бонувон оид ба зебоипарастию ҳуснороӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи шавҳар ба худ сӯҳбат карда, тасмим доранд ба ин тариқ, маърифати оиладориро тарғиб намоянд.

Омӯзиши рақобат?

Дар ин мулоқотҳо бархе аз бонувон аз камтаваҷҷуҳии шавҳарони муҳоҷирашон шикоят намуда, гуфтаанд, ки онҳо дар Русия зани дуюм гирифтаанд ва ё ба қавле “маъшуқа” доранд. Гурӯҳе аз мардони тоҷик низ ба ин иқрор шуда, аз ҳусну латофати бонувони рус тавсиф кардаанд.

- Баъзе аз мардон мегӯянд, ки занони мо ба худашон нигоҳ намекунанд. Занони рус бошанд, ба ҳусну ҷамоли худ таваҷҷуҳи зиёд дошта, махсус барои ҳамсари худ ба тамрин (фитнес) мераванд. Ҳатто баъзеи онҳо мегӯянд, ки зани тоҷикро барои хидмати падару модар гирифтаанду зани русро барои худашон, - иброз намуд Гулрухсор Шерализода, мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Бохтар.

Ба андешаи ӯ вақте ҷавононе, ки дар зиндагӣ бо мушкили зиёд рӯбарӯ шуда, ба парвариш ва ғамхорӣ ниёз доранд ва ба Русия мераванду онҷо низ аз кор хаста мешаванд, меҳру муҳаббат ва оғуши гармро дида, ба бонувони рус майл мекунанд.

-  Занони мо бо тарбияи фарзанду корҳои рӯзгор ва гову мол банд шуда, ба худашон намерасанд. Агар зани тоҷикро мардҳои мо нағз нигоҳ кунанд, шароити хуби будубош фароҳам оранд, барои тамрин ва кошонаи ҳусн рафтан иҷозат диҳанд зеботар аз ҳама ҳастанд, - таъкид мекунад Г.Шерализода.
Гулрухсор Шерализода
Акс аз муаллиф

Намехоҳам ҳамқисмати бародарам бошам

Ином номи мустаори як ҷавонписаре аз шаҳри Бохтар аст, ки дар муҷаррадӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, онҷо бо русдухтаре оиладор шудааст. Ӯ даҳ сол боз бо ҳамсараш хушбахт буда, соҳиби се фарзанд мебошад. Ҳар боре, ки Ином барои аёдати падару модараш ба Тоҷикистон меояд, ӯро маҷбур мекунанд, ки тибқи таомули миллӣ тоҷикдухтареро ба занӣ гирад.

- Падарам ҳеҷ намегузорад, ки зану фарзандонамро ба хона орам. Ӯ инро қабул надорад ва пайваста таъкид мекунад, ки сари онҳоро миёни мардум хам накарда, зани тоҷик гирам. Вай “ду пойро ба як мӯза” андохта таъкид мекунад, ки тӯю маъракаи мардумро хӯрдааст ва бояд чун дигарон тӯй диҳад, - иброз намуд Ином.

Ин ҷавони тоҷик намехоҳад, ки болои зану фарзандаш боз оиладор шавад. Агар Ином дубора зан гирад, арӯсро ҳамроҳи худ ба Русия бурда наметавонад, агар нагирад, волидайнаш домангир мешаванд.

- Бародарам бо ӯзбекдухтаре дар Русия хонадор шуд. Болои он бо хости волидон дар Тоҷикистон зан гирифт. Ҳоло аз зани тоҷик чор фарзанд ва аз ҳамсари ӯзбекаш се кӯдак дорад. Шабу рӯз кор мекунад, то ду рӯзгорро пеш барад. Дилам ба янгаи тоҷикам месӯзад, ӯ дар як сол 2-3 моҳ бо шавҳараш якҷову боқимонда вақташро дар муҳоҷират мегузаронад. Ман намехоҳам ҳамқисмати вай бошам, - мегӯяд Ином.

Ҳуқуқшинос: Аз дузанагӣ шикоятҳо ҳастанд

Ҳуқуқшинос Саидҷаъфар Сафарзода, мегӯяд, ки дар мурофиаҳои судӣ занҳое буданд, ки аз оиладор шудани ҳамсарашон шикоят карда, бекор намудани ақди никоҳро мехостанд. Ҳолатҳое низ ҳаст, ки мардон бо мақсади ба даст овардани шаҳрвандии Русия бо занони рус “ЗАГС” мекунанд. Баъзеи дигар дар ҳақиқат оила бунёд мекунад. Вақте ҷавонон дар Русия соҳиби ҷойи кор шуда, ояндаи худро онҷо мебинанд, беҳтар медонанд, ки он ҷо ҳамсар дошта бошанд.

- Инсон озодона вориди муносибатҳои оилавӣ мешавад ва ихтиёрона метавонад, ки муносибати худро қатъ кунад. Вақте як тараф ба таври қатъӣ мехоҳад, ки никоҳаш бо ҳамсараш бекор карда шавад Суд низ ноилоҷ дархости талабкунандаро қонеъ мегардонад,-қайд намуд ҳуқуқшинос.

Саидҷаъфар Сафарзода
Акс аз муаллиф

Бояд гуфт, ки никоҳи қалбакӣ дар Русия манъ аст ва дар ҳолати ошкор шудан он беэътибор дониста мешавад.

Сафарзода мегӯяд, агар шаҳрванди Тоҷикистон ҳам бо ҳамсари тоҷик ва ҳам бо зани рус зиндагӣ кунад ин метавонад дузанагӣ эътироф шавад. Дузанагӣ дар Тоҷикистон ва Русия ҷиноят эътироф шудааст. Шарти асосии айбдоркунии мард бо ҷинояти дузанагӣ ин аст, ки агар бо ҳарду дар як вақт пешбурди хоҷагии умумӣ дошта бошад.

Ба гуфтаи ӯ, баъзе ҷавонони тоҷик дар Русия бидуни бақайдгирии ақди никоҳ бо намояндагони дигар миллатҳо зиндагӣ мекунанд. Вақте чунин аст, мард ҳақ дорад, ки дар Тоҷикистон оиладор шуда, расман онро ба қайд гирад.

Ҳаваси зани аврупоӣ ё шиносномаи Русия

Дар Тоҷикистон мансабдорон мегӯянд, никоҳҳои қалбакӣ барои гирифтани шаҳрвандии Русия ба афзоиши азҳампошии оилаҳо дар кишвар боис мегарданд.

Ба гуфтаи Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ, сабабҳои аслии азҳампошии оилаҳо мушкилоти маишӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, нофаҳмӣ ва ихтилофҳо дар оила аст.

“Сабаби дигари азҳампошии оилаҳо нияти шаҳрвандии Русияро гирифтани сокинон мебошад. Яъне мардон расман ақди никоҳи худро бо занҳояшон бекор мекунанд, то ки дар Русия ақди никоҳи қалбакӣ банданд ва дар ҳамин ҳол, зиндагиашонро бо ҳамсарашон дар Тоҷикистон тибқи никоҳи мусулмонӣ идома медиҳанд”, - шарҳ дод ӯ инро зимни нишасти матбуотии ҷамъбасти соли 2022.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта дар вилояти Хатлон бо мақсади гирифтани шаҳрвандии Русия 804 оила, дар Рашт - 103 оила ва ноҳияи Ванҷ - 31 оила ақди никоҳашонро бекор кардаанд.

Дилором Маҳкамова, раиси занони маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Бохтар мегӯяд, ки занони тоҷик дар муҳити дигар тарбия ёфта, аксарият арзишҳои динию миллии худро пос медоранд. Барои ҳамин ҳам фармудаи шавҳарро иҷро намуда, бо хости онҳо рафтор мекунанд.

- Мардони тоҷик зоҳиран бонувони аврупоиро бештар меписанданд ва дар муносибатҳои маҳрамона ба онҳо бартарӣ медиҳанд. Аммо намегузоранд, ки ҳамсарони тоҷикашон чунин бошад. Зеро фарҳанги мо дигар аст. Вақте марди тоҷик ба муҳити дигар меафтад табиӣ, ки барои қонеъ кардани нафси худ аз имконият истифода мебарад. Имрӯз ҳатто мардҳои калонсоли мо дар муҳоҷират дубора оиладор шуда истодаанд, - гуфт Дилором Маҳкамова.

Ба кавли ӯ, қисме аз ҷавонони муҷарради тоҷик барои ба даст овардани шаҳрвандии Русия ё дар қайди зист гузоштани худ бо русдухтарон, ҳатто занони калонсол ақди никоҳ мебанданд. Вақте ба Ватан бармегарданд муносибату муҳаббат ва муҳити аврупоиро ёфта натавониста, дубора бо баҳонаи кор ба назди занҳои рус мераванд.

Дилором Маҳкамова
АКс аз муаллиф

- Ҷавоне аз Тоҷикистон ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, дар хонаи як зани рус ба кор медарояд. Бо гузашти вақт он ҷавон бо бонуи рус оила бунёд мекунад. Волидони ҷавон интихоби писарашонро хуш мепазиранд. Чанде пеш зани рус ба Тоҷикистон омад ва волидайни шавҳараш ӯро истиқбол гирифта, барояш бахт таманно намуданд. Имрӯз он ҷавони тоҷик шаҳрванди Русия аст ва дар хориҷи кишвар бо ҳамсари русаш зиндагӣ мекунад.

Дилором Маҳкамова мегӯяд, ки тибқи фарҳанги мо келин дар баробари шавҳари худ, ҳамчунин хидмати падару модари ӯро низ бояд кунад. Аз ин нуктаи назар, ҷавонон кӯшиш мекунанд, ки дар Тоҷикистон ҳам оиладор шуда, ин анъанаро риоя кунанд. Он ҷавононе, ки дар Русия бе иҷозаи падару модар бо ишқварзӣ оиладор шудаанд, онҳо низ бо пофишории волидайнашон  маҷбур мешаванд, ки дубора зан гиранд.

- Баъзе ҷавонон аввал дар Тоҷикистон оиладор шуда, баъдан дар муҳоҷират низ зан мегиранд. Ин боиси ноустувории пояҳои оила ва пошхӯрии он мегардад. Баъзан волидон дониста сири писарони муҳоҷирашонро, ки дар Русия оиладор шудааст, ҳифз намуда, боз дар Тоҷикистон онҳоро бо каси дигар хонадор мекунанд. Баъзан ҷавонони муҳоҷир оиладории худро аз волидайнашон пинҳон дошта, ба хотири итоати падару модар дар Ватан ҳам зан мегиранд. Бо гузашти вақт ин сир фош шуда, дар ниҳоят оила пароканда мегардад.

Дар ин баробар як падидаи хуб имрӯз маъмул шудааст. Навхонадорон кӯшиш мекунанд, ки арӯсашонро бо худ ба муҳоҷират баранд. Ин яке аз василаҳои нигоҳ доштани оила мебошад, - мегӯяд Д.Маҳкамова.

Ба нақли фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Ибодат Ғафурова, чанде пеш падару модаре бо орзуву ҳавас духтари 18-солаи худро ба шавҳар доданд. Онҳо намедонистанд, ки домодашон дар Русия зану фарзанд дорад. Баъд аз онки хабардор шуданд, духтарашонро, ки ҳамагӣ арӯси 20-рӯза буд, аз ҳамсараш ҷудо кардаанд.

- Баъд аз ду ҳафтаи тӯй ҷавонписар азми сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ намуда, ба наварӯс мегӯяд, ки ӯро барои хидмати падару модар гирифтааст ва намехоҳад, ки ҳамроҳаш ба Русия равад. Вақте духтар пофишорӣ мекунад, ки бояд бо шавҳараш бошад, он ҷавон ба ғазаб омада, занашро талоқ медиҳад,- қисса кард Инобат Ғафурова.

“Ягон зан аз дузанагии шавҳараш шикоят накардааст”

Ҳуронбӣ Мирсайзода, мудири шуъбаи САҲШ шаҳри Бохтар гуфт, ки то ҳол нафаре бо даъвои зани дуюм гирифтани шавҳараш барои бекор кардани ақди никоҳ ба онҳо муроҷиат накардааст.

- Аз издивоҷкунандагон маълумотнома оид ба ақди нигоҳ талаб мекунем. Агар он ҷавон аз оилаи аввалааш ҷудо шуда бошад, нусхаи шаҳодатномаи бекор кардани ақди нигоҳ ба шаҳодатномаи никоҳи нав замима мешавад. Ҷавононе, ки дар Русия оила доранд вақте шиносномаи тоҷикии худро ба мо пешниҳод мекунанд, аз онҳо маълумотнома талаб карда намешавад. Агар ҳамчун шаҳрванди Русия муроҷиат кунанд, мисли шаҳрванди хориҷӣ муносибат мекунем. Агар шаҳрвандони хориҷӣ мехоҳад бо шаҳрванди Тоҷикистон ақди никоҳ бандад, бояд ҳадди ақал як соли охир дар ҳудуди кишвари мо зиндагӣ карда бошад. Аз онҳо аҳдномаи никоҳ, муоинаи ҳатмии тиббӣ, маълумотномаи беникоҳӣ ва шиноснома талаб карда мешавад, - таъкид дошт Ҳ.Мирсайзода.

Ҳуронбӣ Мирсайзода
Акс аз муаллиф

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ аз соли 2020 то нимаи соли 2022 дар Тоҷикистон 222 нафарро барои издивоҷ бо ду зан ва баъзан бештар аз он ҷазо додаанд.

Тибқи иттилои ғайрирасмӣ, наздики як миллион тоҷикистонӣ ба Русия барои муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, аммо теъдоди дақиқи онҳое, ки бо шаҳрвандони Русия оила бунёд кардаанд, ироа нагардидааст. 

Дар Тоҷикистон бисёрзанӣ манъ аст ва дар моддаи 170-уми Кодекси ҷиноӣ барои он аз 68 ҳазор то 136 ҳазор сомонӣ ҷарима ё то 5 сол маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар шудааст.

Тибқи иттилои шуъбаи САҲШ-и вилояти Хатлон соли гузашта 3 ҳазору 607 оила аз ҳам ҷудо шудаанд, ки ин рақам нисбат ба як соли пеш 280 ҳолат зиёд мебошад. Танҳо соли 2021 дар натиҷаи пошӯрии оилаҳо 4 ҳазору 32 кӯдак аксаран дар тарбияи модар ва шумораи хеле ками онҳо бо падар мондаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.