Имрӯз, 29-уми март, Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кишоварзии баҳорӣ, бунёди боғу токзор, мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба вилояти Суғд сафар кард.
Дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд раисҷумҳури кишварро Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Сафари кории раисиҷумҳур бо ифтитоҳи ду корхонаи мурғпарварӣ дар шаҳри Гулистон оғоз ёфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти ҶТ.
Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти фабрикаи парандапарварии “Ганҷи Сомон” оғози расмӣ бахшид.
Дар корхона 4 иншооти парандапарварии усули бройлерӣ, бо истифода аз таҷҳизоту технологияи муосири соҳа, бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ сармояи мустақими соҳибкорӣ сохта, муҷаҳҳаз карда шудаааст.
Гуфта мешавад дар фабрика дар як марҳила 50 ҳазор сар парандаи гӯштӣ парвариш меёбад. Тибқи технология ва қоидаҳои зооветеринарӣ чӯҷаҳои зоти бройлерӣ давоми то 45 рӯз ба ҳисоби миёна аз 2 то 2,5 килограм вазн мегиранд ва барои истеҳсоли гӯшт омода мешаванд.
Иқтидори фабрика истеҳсолӣ дар як марҳила 100 тонна ва дар як сол 400-500 тонна гӯшти парҳезии паранда мебошад.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба фаъолияти корхонаи парандапарварии “Мурғи бебаҳо” ва сардхонаи замонавӣ оғози расмӣ бахшид.
Иншооти нави парандапарварӣ дар масоҳати наздики 2 ҳазор метри мураббаъ бунёд шуда, дар муддати 45 шабонарӯз беш аз 30 ҳазор чуҷа барои истеҳсоли гушти парҳезӣ омода карда мешавад.
Гуфта мешавад корхона имкон дорад, ки дар як сол дар ҳаҷми зиёда аз 300 тонна гушти мурғро барои коркард омода ва ба корхонаҳои истеҳсолӣ пешниҳод намояд.
Дар шафати корхонаи мазкур ҳамзамон бинои сардхона баъд аз навсозӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.
Иншоот барои захира ва нигоҳдории 3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти гуштӣ пешбинӣ шуда, дар ин замина 8 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон то 31 март идома мекунад.
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Боз як ҳолати фавт дар таваллудхонаи вилоятии Суғд
Сохтмони 53 мактаб бо $86 млн қарзи Бонки исломии рушд
Аввалин мулоқоти Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини “УБОП” дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа
Сохтмони Театри Маяковский моҳи май оғоз мешавад ва хароҷоти онро Русия ба зимма гирифтааст
Барои сохтани мактабҳо дар Тоҷикистон аз куҷо метавон беш аз 1 млрд сомонӣ пайдо кард?
Ба имтиҳонҳои муҳоҷирон дар Русия метавонад тағйирот ворид шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста