Муносибати хушдоману келин дар ҷомеаи Тоҷикистон баъзан вақт боиси бадбахтӣ ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон мешавад. Сабабҳои мушкилот чист? Оё келини тоҷик бояд ҳама дастури хушдоманашро бечунучаро иҷро кунад? Оё хушдоман бояд манфиату хоҳиши келини хонаро ба инобат гирад? Оё мо метавонем бидуни даст кашидан аз анъанаҳои худ, эҳтироми пиронсолон - онҳоро ба арзишҳо ва воқеияти муосир мутобиқ созем?

Дар нашри нави ток-шоуи “Рости гап” бо коршиносон, хушдоману келинҳо ва падари келини марҳуме, ки дар робита ба марги ӯ хушдоман зиндонӣ гардид, ин мавзӯро баррасӣ кардем.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.