Маҷмаи таърихӣ - фарҳангии Истиқлол, ки дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд бунёд шудааст, 7 сол пеш ба истифода дода шуда буд ва имрӯз ҳоли хароб дорад.
Ин маҷмаа 14-уми сентябри соли 2016 ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти кишвар ва бо иштироки роҳбари давлат ифтитоҳ шуда буд. Барои бунёди он 37 млн сомонӣ маблағ сарф шуда буд.
Ин маҷмаа дар масоҳати 1 ҳазору 127 метри мураббаъ сохта шудааст ва баландии муҷассама 53 метр буда, дар он тоҷ ва ҳафт ситораи доирашакл давр мезанад. Дар баландии 21 метри он майдончаҳо барои тамошо сохта шудааст ва дорои лифтҳои махсус мебошад.

Дар таҳхонаи он толорҳои намоишӣ ва таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст, ки дар он харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаддасоту арзишҳои миллӣ ҷойгир карда шудааст. Гузаргоҳҳои зеризаминӣ барои ба толори намоишӣ пайвастани сокинон пешбинӣ шудааст.
Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд ва пудратчиён ҶДММ “Хуҷандсохтмон-1”, ҶДММ “СМС”, ҶДММ “Каскад” ва ҶДММ “Стройкомплекс” мебошанд.
Вақте имрӯз, 31-уми март, аз ин маҷмаа дидан кардем, иншооти зоҳиран зебо роҳҳои зеризаминӣ ва деворҳои хароб дошт. Бо вуҷуди ҳавои офтобӣ будан, аз сақфи он об мечакид.
Вақте ду моҳ қабл, дар нишасти матбуотии ахир аз Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоляти Суғд оид ба ҳолати ин бино суол кардем, посух дод, ки "дида мебароянд".
Ин моро водор кард, ки аз ин маҷмааи замоне зебо ва ҷашнӣ суратгузориш омода намоем, ки пешкаши хонандагон хоҳем кард.
Колоколтсев: “Дар Русия беш аз 270 нафари мавриди ҷустуҷӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ошкор шуданд”
"Мисли қаҳрамони асараш даргузашт". Дар Душанбе бо Саттор Турсун видоъ карданд
Ба сарбози тоҷик, ки ҳангоми муноқишаи марзӣ дар Исфара кушта шуд, “Ордени Шараф” доданд
Оғози конфронси Фонди байнулмилалии наҷоти Арал дар Душанбе
Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо Сергей Лавров ба риояи ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид кард
“Агарчи сахт мегуфт, вале дилсӯзона мегуфт”. Аҳли адаб аз эҷод ва рӯзгори Саттор Турсун ёд карданд
Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия масоили муҳоҷират ва мушкилоти алоқаманд ба онро баррасӣ карданд
Дар Қирғизистон аз табаддулоти давлатӣ пешгирӣ шуд
БАТР роҳбари нави худро дар Тоҷикистон таъин кард
Лавров: “Тоҷикистон ба зудӣ манфиатҳои худро дар ИИАО муайян мекунад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста