Муҳаммад Исомӣ (Болтаев Муҳаммаддаврон) собиқ мудири шуъбаи ҷавонони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар шаҳри Исфара мебошад. Ӯ пас аз хатми Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон фаъолияташро дар бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Исфара оғоз намуда, баъд аз як соли хизмати давлатӣ бо хоҳиш худ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешавад.

Пас аз адои хидмати ҳарбӣ, бо пешниҳоди ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар дастгоҳи марказии комиҷроияи шаҳрӣ ба ҳайси мудири шӯъбаи ҷавонон ба кор шуруъ намудааст.

Ҳоло Муҳаммад Исомӣ дар Италия иқомат дорад ва мо дар бораи фаъолияти ӯ дар ин кишвар суҳбат кардем.

- Алҳол ба чӣ кор машғулед?

- Алҳол дар шаҳри Милани Италия қарор дорам. Дар яке аз ширкатҳои логистикии Литва ба ҳайси ронандаи боркаши байналмилалӣ кор ва фаъолият намуда истодаам. Ширкати мо (RV TRANSPORT) бо корҳои логистикӣ машғул буда, ба тамоми давлатҳои Аврупо ва Бритониё бо расонидани маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ машғул мебошад.

Дар ширкати мо зиёда аз 150 нафар тоҷикон кор ва фаъолият менамоянд. Тақрибан 40 фисади ронандагон аз Осиёи Миёна (Қазоқистон, Қирғизистон Ӯзбекистон ва Тоҷикистон) мебошанд. Ба ғайр аз ширкати мо боз дигар ширкатҳое низ ҳастанд, ки дар он ҷо низ тоҷикон кор мекунанд. Боз як ширкати дигареро медонем, ки бо истеҳсоли ҳасиб машғул мебошад, якчанд нафар тоҷикон ба ҳайси қассоб фаъолият намуда истодаанд...

- Чӣ сабаб шуд, ки ба муҳоҷират равед?

- Ростӣ, ба ин савол ҷавоб додан каме мушкил ҳам ҳаст. Дуруст чӣ хеле ки дар боло зикр кардам, ман хизматчии давлатӣ будам, аммо бар замми ин ба муҳоҷират рӯ овардам.

Чӣ хеле ки Бедил мегӯяд: “Рӯй овардани соҳибдилон бар мулки Чин аз баҳри чист? Зиндагӣ оинаро мӯҳтоҷи хокистар кунад....” Ростии гап, замоне ки ман дар курсии роҳбарӣ менишастаму дар тан шиму костюми шинам ва галстуки раисӣ доштам, падарам дар Русия бо як азобе кор мекарданд. Модарам бошанд, дар бозор савдо мекарданд. Аз субҳи барвақт бозор мерафтанд, гоҳе зери барф гоҳе зери борон бо чунин машаққат зиндагиро пеш мебурдем, аммо боре ба ман вобаста ба маошам ва ё таъмини зиндагӣ ягон сухане накардаанд. Баръакс, ҳар лаҳзае маро бо либоси ба қавле "раисӣ" медиданд, ҳамон қадар хурсанд мешуданд.

Мегуфтанд, бачам ягон лаҳза фикри маблағро накун ту обрӯ гир мартабаатро баланд кун. Аммо ман инро нахостам ростӣ. Нахостам, ки ман дар курсии мулоим бошаму падару модарам дар азоб. Бинобар ҳамин рӯ ҷониби муҳоҷират гирифтам, то камбудиҳои зиндагиямро бартараф намуда, баъд дубора ба хизмати давлатӣ баргардам.

-Чӣ тавр шуд, ки барои муҳоҷират Аврупоро интихоб намудед?

- Ман ростӣ, хеле хурсанд ҳастам, ки дар Тоҷикистон ба дунё омадаам. Зеро дар кишвари мо ҳар кас ҳуқуқ дорад ба берун сафар кунад ва дар дилхоҳ мамлакат кору фаъолият барад. Ба Аврупо барои кору фаъолият омаданам низ аз ҳамин саргаҳ об мехӯрад. Аз замони донишҷӯӣ орзу мекардам, ки дар Аврупо фаъолият намоям. Баъди хатми донишгоҳ ҳатто чандин марказҳое, ки ба Аврупо барои хондан мардумро равон мекунанд ба он марказҳо рафта, ҳадди ақал дар Аврупо таҳсил намоям, шояд баъдтар бо ягон кор таъмин мешавам гӯён ба ҳамон марказҳо мерафтам, бурсияҳоро пайваста пайгирӣ менамудам. Аммо ҳар қадаре ҳаракат мекардам, имконият фароҳам намешуд. Чун ман донандаи хуби забони англисӣ ва арабӣ будам, пайваста ба худ мегуфтам ман ин забонҳоро ба хотири дар Русия азоб кашидан наомӯхтам. Бояд ман коре кунам, ки ба Аврупо ва ё дигар ягон давлати пешрафтае рафта, кор ва фаъолият намоям.


Рӯзе як нафар дӯсти падарам, албатта ҳамдеҳаамон, бо номи Абдуаҳад, ки солҳои пеш бо падарам дар Федератсияи Русия ба ҳайси ронандаи мусофиркашон кор мекарданд, падарам бохабар мешаванд, ки ҳамин дӯсташон дар Аврупо кор карда истодааст ва аз ман пурсиданд ки ба Аврупо рафта кор мекунӣ ё дар ҳамин соҳаи хизмати давлатӣ меистӣ? Ростӣ, чун дидам имкониятҳо фароҳам шуда истодааст, гуфтам ба Аврупо меравам ҳам кор мекунаму ва ҳам ҷаҳонбиниямро васеъ мекунам. Баъд омада, хизмати давлатиро давом медиҳам. Сипас, бо дӯсташон суҳбат карданд, бо ҳамин роҳ мо ба Аврупо омадем. Мехостам дар ҳамин ҷо ба ҳамон нафаре ки маро инҷо овардаанд изҳори сипос ва қаноатмандии худро расонам.

Воқеан мо тақрибан даҳ нафар зодагони Исфараро, танҳо ба хотири зиндагиамонро хуб кардан ба Аврупо оварданду имрӯз ҳамаамон дар ҳамин соҳа кор ва фаъолият намуда истодаем. Яке аз вижагиҳои хуби инсонии ин шахс дар он аст, ки ҳар касеро ки ба Аврупо овардаанд, ҳар сари қадам аз аҳволаш рафтораш бохабар мешаванду, агар ягон ҳаракати каме ноҷо аз мо сар занад, дарҳол аз паи ислоҳи мо мешаванд. Намегузоранд, ки ба ягон дасисабозиҳои сиёсӣ пайваст шаванд, ҳамеша ҷиҳати пешбурди сиёсати ҳукумати кишвар моро ба қавле контрол мекунанд.

-Оё қаблан боре барои муҳоҷират ба Россия рафтаед?

-Аз ин ҳадафам падарам ва шодравон модарам бохабар буданду ҳеҷ боре маро маҷбур ба Русия рафтан намекарданд. Муваққатан то пайдо шудани ягон кори муносиб дар Аврупо, дар соҳаи хизмати давлатӣ кор ва фаъолиятамро оғоз намудам ва аз хизматчии давлатӣ шуда кор карданам ифтихор ҳам дорам. Инчунин муддате дар мактаби №72 дар шаҳри Исфара ба ҳайси омӯзгори забони англисӣ кор ва фаъолият намудам. Яъне шахсан дар Россия дар муҳоҷирати меҳнатӣ набудам.


- Аксар ҷавонони мо ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Россия мераванд...

- Вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафтани ҷавонон ростӣ ман кӣ худ набудам ба хубӣ маълумот дода наметавонам, аммо аз рӯи шунидаҳо аз дӯстонам, ёру рафиқонам ва падарам муҳоҷират дар Русия бисёр мушкил ва маблағи моҳона каме камтар аст, бар замми ин мушкилоташ бисёртар.

Масалан, шахсан ман дар ҳамин муддати 1 соли фаъолияти кориам 18 давлати Аврупо рафтам, ҳам ба ҳайси боркашонӣ ва ҳам ба ҳайси сайёҳ (охири ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе тақрибан ҳамеша дар тамошои ягон шаҳре будам), маро ягон маротиба ягон корманди пулис ва ё дигар мақомоте напурсиданд, ки кӣ ҳастаму чӣ кор мекунам. Аммо то ҷое медонам, дар Русия бе шиноснома имконият надорӣ, ки сайёҳат кунӣ. Ростӣ боз намедонам. Вобаста ба маош гӯем агар дар Аврупо нисбат ба Русия қариб як баробар зиёд маош медиҳанд. Ва зиндагӣ дар Аврупо гумон мекунам нисбат ба Русия осонтар аст.

-Дар Аврупо бо ҳамватанон вохӯрдаед?

- Бале, мо охири ҳар ҳафта, кӯшиш менамоем, бо ёру рафиқон мулоқот намоем ва ё ин ки кӯшиш мекунем дар наздиктарин истгоҳи мошинҳои боркаш (Парковка) ҳама ҷамъ шавем. Ҳар лаҳзае бо дӯстон якҷо шудем, албатта "Оши палов" мепазем. Аммо нафароне ки дар Аврупо бо дигар кор машғул мебошанд, масалан дигар соҳаро дар назар дорам, ё  нафароне таҳсил намуда истодаанд, ҳоло ягон маротиба мулоқот накардаам. Мо дар "Телеграм" як гурӯҳе дорем, инчунин дар "Фейсбук" низ агар ягон нафаре ягон мушкилие дошта бошад менависад, ба зудӣ мардуми дигар алоқа мебароянд мушкилиашонро дарҳол бартараф мекунанд.

- Ягон ҳолати аҷоиб дар  вақти сафар...

- Рӯзе дар шаҳри Милан ба тамошои "Duomo di Milano" як макони таърихӣ рафтам, ки онҷо маркази шаҳр буд. Ҳар вақте ба саёҳат бароям бо худ, албатта парчами давлатиамонро мебарам. Дар рафти саёҳат вақто парчами давлатиамонро бароварда зери он акс гирифтани будам тақрибан даҳ нафар ҳам ҷавонон ва ҳам миенасолон омада хоҳиш карданд моҳам зери парчами акс гирем, ман бисёр шод гаштам ки зери парчами мо инқадар мардум дар маркази Милан мехоҳанд акс гиранд.


Баъди акс гирифтан вақте диққат медиҳам, нафаре дар Инстаграм аксашро мегузораду "Under Mexico's Flag" (Зери парчами Мексика), дигари "Under Italy's flag" боз як нафар дигар "Under Ireland flag" менавистанд. Ҳайрон шудаму аз интернет нигоҳ мекунам парчами мо ба таври горизонтиву парчами ин давлатҳо ба таври вертикалӣ будааст. Баъд ба онҳо вобаста ба парчами давлатиямон ва рамзи тоҷу ситораро фаҳмонида додам...

- Нақшаҳои оянда?

- Нақшаҳо дар оянда, як муддати дигар фаъолият намуда, баъди чанде дубора ба Тоҷикистони биҳиштосо рафта, дар ҷодаи хизмати давлатӣ фаъолият намудан. Ҳоли ҳозир мехоҳем каме ҷаҳонбиниамонро васеътар кунем.

- Муроҷиататон ба ҷавонон.

-Ман ҳамеша гуфтаҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор додаам ва маҳз ҳаминро бори дигар ба ҷавонон гуфтаниям, ки забонҳои хориҷиро бештар омӯзанд, дониш омӯзанд, соҳиби касбу ҳунар шаванд, ба ғайр аз маълумоти олӣ доштан, боз ягон касби дигаре омӯзанд. Шахсан худам агар ба Ватан равам, ба ягон нафар сартарош шогирд истода, ин касбро ёд гирифтан мехоҳам. Албатта Аврупо пешрафтааст, имкониятҳо зиёданд, аммо “Ин хона қашанг аст, вале хонаи ман нест...” Бо ҳама пешрафт ин кишварҳо ҳамсони Тоҷикистони азизамон, Ватани маҳбубамон нестанд. Беҳтарин кишвар ин Тоҷикистони биҳиштосост. Моро зарур аст, ки Ватани худро дӯст дорем. Шукронаи ана ҳамин давлату миллат кунем, шукронаи як пораи хоки Ватани соҳибистиқлол кунем.

Матлаб дар доираи лоиҳаи “Журналистони шаҳрвандӣ”, бахши “Муҳоҷират” таҳия шудааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.