Терминалҳое, ки тариқи онҳо мусофирон аз пойтахт ба дигар шаҳру вилоятҳо мераванд, шароити хуб доранд, аммо ин ба ронандагони таксӣ барои ҷалби муштариён мусоидат намекунад.

Сабаби ин дар чист ва чаро бисёриҳо ғайриқонунӣ кор карданро дар ин соҳа авлотар медонанд?

Шаҳрдории Душанбе соли гузашта тамоми нақлиёти ҷамъиятии байниноҳиявӣ, аз ҷумла таксиҳои хусусиро ба терминалҳои нав дар канори шаҳр кӯчонида буд, то ки мушкили ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо ва танбашавии нақлиётро дар назди дарвозаҳои шаҳр камтар кунад.

Аммо ин мушкил то ҳол ҳал нашудааст, зеро аксари ронандагон дар нуқтаҳои ғайриқонунӣ кор карданро беҳтар медонанд ва ин барои ронандагони таксиҳое, ки қонунро риоя мекунанду назди терминалҳо меистанд, мушкилоти иловагӣ эҷод мекунад.

Мо аз терминалҳо боздид кардем...

Терминалҳо чӣ гуна кор мекунанд?

Ин терминали “Чорбоғ” аст, ки аз ин ҷо нақлиёт ба шимоли кишвар меравад. Таваққуфгоҳ дар ин ҷо дар як рӯз 20 сомонӣ арзиш дорад (ин пул барои истодан дар ин ҷо ва гирифтани мусофирон аст).

Тавре ки дар маъмурияти терминал гуфтанд, дар рӯзҳое, ки мусофирон нестанд, аз ронандагон ин маблағро намегиранд.

Терминали "Чорбоғ"
Сурат: Asia-Plus

Зимнан, нархҳо барои таваққуфгоҳҳо дар терминалҳо фарқ мекунанд, дар маъмурият мегӯянд, ин ба шароите, ки барои ронандагон фароҳам оварда шудааст, вобаста аст.

Агар масалан, дар терминали «Корвон» таваққуфгоҳ 3 сомонӣ арзиш дошта бошад, пас дар «Чорбоғ» - 20 сомонӣ. Аммо ба назари мо, ин ҷо гап сари шароит намеравад, балки дар он аст, ки ронандагони мусофирбар дар хатсайрҳои муайян чӣ қадар пул кор мекунанд.

Ин терминал моҳи октябри соли гузашта ба кор шурӯъ кард. Ронандагони таксиро, ки дар терминали “Маром” (Корхонаи семент) меистоданд, ба ин чо гузаронданд. Барои муҳайё кардани шароити мусоид барои мусофирон ҳаракати микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и №52, №19 ва автобусхои № 3, №29 ва №41 то ин ҷо дароз карда шуд.

Дар назари аввал, ин ҷо ҳама чиз муҳайёст: барои ронандагоне, ки мусофиронро интизоранд ё аз ҳавои номусоид ин ҷо паноҳ бурданианд, мағоза, қаҳвахона, ошхона, меҳмонхона сохта шудааст. Аз камбудиҳо: харакҳои нишаст каманд, банкоматҳо барои нақд кардани пул нестанд. Дарахтон ҳам нестанд, яъне дар гармо соя нест.

Терминали бозори "Корвон"
Сурат: Asia-Plus

Дар робита ба набудани банкомат, маъмурият бонкҳоро гунаҳкор медонад, ки намехоҳанд онҳоро дар ҳудуди терминал гузоранд.

Ронандагони таксӣ намехоҳанд дар бораи кор ва муносибати худ ҷиҳати ба терминалҳои нав гузаштанашон ҳарф зананд, аммо агар чизе гуфтанӣ ҳам бошанд, нобоварона ин корро мекунанд ва камераро пай бурда, зуд мераванд.

Бе камера мегӯянд, ки "бетартибиҳо" дар роҳҳо кам нашудааст ва барои таксиронҳое, ки қонунӣ кор мекунанд, боз як мушкил пеш омадааст.

Ронандагоне, ки дар таваққуфгоҳи "Чорбоғ" истодаанд, аз камбуди мусофирон шикоят мекунанд ва сабаби инро чунин шарҳ медиҳанд, ки ронандагони таксиҳои ғайриқонунӣ мусофиронро дар маҳаллаи "Водонасосная" ба автомашинаҳояшон  савор мекунанд.

Вазъият дар ҳамаи чор терминал низ ҳамин гуна аст. Ронандагони таксиҳои дорои иҷозатнома маҷбуранд чанд рӯз бе кор нишинанд.

Терминали “Мусофирбар” барои ба Ҳисор ва Турсунзода рафтани мусофирон боз шуд. Аммо мусофирон ҳоло ҳам нуқтаи маъмулии нишастан - таваққуфгоҳи бесарусомон дар Зарафшонро афзалтар медонанд. Дар натиҷа дар терминали нав микроавтобусҳои нимхолӣ, таваққуфгоҳҳои холии барои таксиҳо пешбинишуда ба мушоҳида мерасад.

Ҳарчанд дар ин ҷо нархҳо нисбат ба Зарафшон арзонтаранд - дар микроавтобус 4 сомонӣ, мошини сабукрав - 8 сомонӣ.

Дар терминали «Шарқ транс» (Дарвозаи шарқӣ) ба самти Кӯлоб ва шарқи кишвар вазъият каме хубтар аст. Дар ин ҷо ҳам аз ҷониби автомашинаҳое, ки бо корҳои шахсӣ ба ин самт мераванд, рақобат вуҷуд дорад. Онҳо ҳам бо нархи арзонтар мусофиронро дар роҳ мегиранд, лекин дар ин самт шумораи онҳо хеле кам аст.

Сафар аз таваққуфгоҳи қонунӣ дар ин ҷо барои як нафар аз 50 то 70 сомонӣ, бо мошинҳои сари роҳ бошад, вобаста ба самт 30-50 сомонӣ арзиш дорад.
Терминали "Шарқ транс"
Сурат: Asia-Plus

Дар терминал тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст: толори интизорӣ ва ҳатто ҳуҷраи модару кӯдак. Дар ин ҷо барои дар таваққуфгоҳ истодан пул намегиранд.

Терминали чоруме, ки мо аз он боздид кардем, дар охири бозори “Корвон” ҷойгир аст. Он истгоҳи охирини автобусҳои ҷамъиятии шаҳр мебошад. Аммо ба хотири ҷилавгирӣ аз издиҳом дар назди бозор, таксиҳои хусусиро низ ба ин ҷо интиқол додаанд, ки ба вилояти Хатлон – асосан ба Ховалингу Бохтар мераванд.

Нархи хизматрасонии таксӣ аз 50 то 70 сомонӣ аст.

Бо сабаби дур будан, ронандагон то ҳол дар назди бозор истодану мусофирон аз ин ҷо нишастанро авлотар медонанд.

«Барои мардум нисбат ба терминал рафтану сипас ба такси нишастан, ин ҷо қулайтар аст. Аз ин рӯ, мо чанд рӯз дар ин чо бе кор мемонем”, — мегӯяд ронанда Қутбиддин.

Дар ин терминал таваққуфгоҳ дар як рӯз се сомонӣ арзиш дорад. Ду утоқи истироҳат мавҷуд буда, арзиши як рӯзи он 50 сомонӣ аст, аммо ронандагон аз ин хидмат хеле кам ва танҳо дар фасли зимистон истифода мебаранд. Вақте ки ҳаво хуб аст, онҳо дар мошинҳои худ хоб мекунанд.

Сурат: Asia-Plus

Мушкил ҳалношуда боқӣ монд

Ҳангоми боздид аз терминалҳо маълум шуд, ки ба берун аз шаҳр баровардани нақлиёти мусофирбари байниноҳиявӣ натиҷаи дилхоҳ надод. Мушкили сарбории нақлиёти шаҳр рӯзмарра боқӣ мемонад.

Омилҳое, ки ба ин вазъ мусоидат мекунанд: дур ҷойгир будани терминалҳои нав, набудани ҳавасмандии ронандагон ва мусофирон барои истифодаи онҳо, назорати нокофӣ аз болои мусофиркашонии ғайриқонунӣ.

Мусофирон дар ҳама терминалҳо аз муносибати начандон хуб ва рафтори дағалонаи ронандагони таксӣ, ки барои савор кардани мусофир ба мошинашон дасти худи онҳо ё борхалтаҳояшонро мегиранд, шикоят карданд.
Сурат: Asia-Plus

Ронандагон мегӯянд, ки онҳо танҳо барои пешбурди зиндагӣ ва таъмини рӯзгори оилаашон талош мекунанд.

Ба гуфтаи ронандагони таксиҳои ғайриқонунӣ, кор дар терминалҳои расмӣ фоидаовар набуда, аз ин рӯ, мусофиронро дар таваққуфгоҳҳои қулай пайдо мекунанд.

Онҳо бар ин назаранд, ки барои гирифтани иҷозатнома, анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳо ва пардохти андоз лозим меояд, ки қариб тамоми даромад харҷ шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.