Моҳи июн қариб дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон обуҳавои гарм пешгӯӣ мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Обуҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки дар баъзе минтақа ва ноҳияҳо ҳарорати миёнаи моҳона 1-2 дараҷа баландтар аз меъёри иқлимӣ дар назар аст.

Ҳавои нисбатан гармтар дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои дар водӣ ҷойгиршудаи тобеи марказ пешгӯӣ мешавад.

Дар ҷануби Тоҷикистон ҳарорати миёнаи моҳона дар водиҳо 24-29 ва дар доманакӯҳҳо 22-24 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар нимаи дуюми моҳ дар ин ҷо болоравии ҳарорат шабона то 20-25 ва рӯзона 35-40, дар ҷануб то 45 дараҷа дар назар аст. Дар доманакӯҳҳо шабона 15-20 ва рӯзона 32-37 дараҷа гарм мешавад.

Миқдори боришоти моҳона пасттар аз меъёр ва баъзан дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешбинӣ мешавад. Дар аввал ва нимаи моҳ борону раъду барқ аз эҳтимол дур нест.

Дар Душанбе ҳарорати миёнаи моҳона 2 дараҷа баландтар аз меъёри иқлимӣ дар назар буда, 24-29 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар нимаи аввали моҳ ҳарорат шабона 14-19 ва рӯзона - 29-34 дараҷа гарм мешавад. Нимаи дуюми моҳ болоравии ҳарорат шабона то 25 ва рӯзона то 40 дараҷа гарм дар назар аст.

Акси марбута аз торнамои tajsohtmon.tj

Миқдори боришоти моҳона дар Душанбе дар ҳудуди меъёри иқлимӣ (20 мм) пешбинӣ мешавад. Дар аввал ва нимаи моҳ боронҳои кӯтоҳмуддат бо раъду барқ аз эҳтимол дур нест.

Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳона дар ҳудуди меъёр ва баъзан 1 дараҷа баландтар аз меъёри иқлимӣ дар назар буда, дар водиҳо 25-27 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ - 12-14 дараҷа гармро ташкил медиҳад.

Нимаи аввали моҳ дар шимоли кишвар тағйирёбии ҳарорат дар назар аст: шабона 11-16, рӯзона аз 25-30 то 31-36, дар кӯҳҳо шабона аз 5-10 то 8-13, рӯзона аз 15-20 то 21-26 дараҷа гарм.

Нимаи дуюми моҳ болоравии ҳарорат дар водиҳо шабона то 19-24 ва рӯзона 35-40, дар кӯҳҳо шабона 12-17 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.

Миқдори боришоти моҳона дар вилояти Суғд дар ҳудуди меъёр ва баъзан баландтар (меъёр: дар водиҳо 4-5 мм, дар доманакӯҳҳо - 5-15 мм ва кӯҳҳо - 21-35 мм) дар назар аст.

Дар даҳаи аввал ва дуюми моҳ боронҳои кӯтоҳмуддат бо раъду барқ аз эҳтимол дур нест.

Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ ҳарорати миёнаи моҳона 17-20 дараҷа гармро ташкил медиҳад. Баъзан 1 дараҷа поинравии ҳарорат аз меъёри иқлимӣ ба мушоҳида мерасад.

Нимаи аввали моҳ ҳарорат шабона аз 8-13 то 11-16 ва рӯзона аз 19-24 то 22-27 ва баъзан то 32 дараҷа гарм мешавад.

Нимаи дуюми моҳи июн болоравии ҳарорат шабона то 13-22 ва рӯзона то 38 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад. Миқдори боришоти моҳона баъзан баландтар аз меъёр (меъёр 35-55 мм, дар ғарби ВМКБ - 8-20 мм) дар назар аст.

Дар давоми моҳ боридани боронҳои кӯтомуддат бо раъду барқ аз эҳтимол дур нест.

Дар ноҳияҳои шарқи ВМКБ ҳарорати миёнаи моҳона дар ҳудуди 10 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад. Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат дар назар аст: шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, баъзан то 10 дараҷа гарм, рӯзона 12-18, баъзан то 22 дараҷа гарм. Миқдори боришоти моҳона дар шарқи ВМКБ баъзан баландтар аз меъёр - 8-16 мм пешгӯӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.