Бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон дар Душанбе филми ҳунарии “Се хоҳарон...” ба намоиш гузошта шуд. Филм дар бораи рӯзгори талхи хоҳароне, ки аз модар ятим мондаанд, қисса мекунад.

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар медиҳад, ки дирӯз, 31-уми май, дар арафаи Рӯзи байналмилалии кӯдакон дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров нахустнамоиши филми ҳунарии “Се хоҳарон...” баргузор гардид.

Ин филм бо коргардонии Муҳаммадрабии Исмоил рӯйи навор омадааст.

“Қисмати се хоҳари аз модар маҳруммонда, ба хонаи кӯдакон афтодани хоҳарони дугоник,  рӯзгори пурпечутоби падар, ҳамқисмати модар гардидани хоҳари калонӣ, фарзандхон гардидани дугоникҳо ва оқибат дарёфтани оилаи аслӣ муҳтавои асосии филм мебошад”, - менависад “Тоҷикфилм”.

Дар идома меафзояд, ки саҳнаҳои риққатовару эҳсосотии филм боиси боз ҳам ҷолибу диданибоб шудани он гардида, ҳунарпешаҳои касбӣ ва нақшофарони ҳаваскор аз уҳдаи иҷрои вазифаи хеш ба хубӣ баромадаанд.

аз МД "Тоҷикфилм"

Хусусан, нақшофарии дӯстрӯякони дугоник хеле табиӣ ва ҷолиб ҳувайдо гардидааст

“Филм хусусияти тарбиявӣ дошта, ҷиҳати тарғибу баланд гардидани арзишҳои олии ахлоқию инсонӣ ба маврид мебошад ва барои доираи васеи алоқамандони синамо, махсусан,  наврасону кӯдакон пешбинӣ шудааст”, - омадааст дар хабар.

Намоиши оммавии филми “Се хоҳарон...” рӯзҳои наздик дар кинотолорҳои кишвар ба роҳ монда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.