Тоҷикистон аз рӯи теъдоди ғуломони муосир дар Осиёи Марказӣ пешсаф дониста шуд. Дар гузориши Global Slavery Index, Тоҷикистон аз рӯи теъдоди ғуломони муосири зери истисмор қарордошта дар ҷаҳон зинаи шашумро ишғол мекунад. Бар асоси ин гузориш, ҳудуди 133 ҳазор нафар дар Тоҷикистон ғуломи муосир дониста мешаванд.

Гузоришро созмони ҳомии ҳуқуқии Walk Free дар ҳамдастӣ бо Созмони байнулмилалии меҳнат ва Созмони байнулмилалии муҳоҷират омода кардааст.

Ба иттилои муҳаққиқон, ҳозир дар саросари дунё 49,6 млн нафар дар ғуломӣ зиндагӣ мекунанд. Аз се ду ҳиссаи онҳо ҳамагӣ дар 10 кишвар қарор доранд. Муҳаққиқон вазъро дар 160 давлат пайгирӣ кардаанд.

Зери мафҳуми “ғуломии муосир” ҳамагуна “ҳолати истисморе, ки шахс бо сабаби таҳдид, зӯроварӣ, маҷбуркунӣ, сӯистифода аз қудрат ё фиреб наметавонад аз он фирор кунад” фаҳмида мешавад.

Ҳамин тариқ, тибқи гузориш, дар Тоҷикистон ба ҳар 1000 нафар 14 нафар ғуломи муосир рост меояд.

Ин созмон бар ин назар аст, ки шаклҳои ғуломдории зерини муосирро дар ин ё он шакл дар ҷумҳурӣ пайдо кардан мумкин аст: меҳнати маҷбурӣ, издивоҷи маҷбурӣ ё вобаста, ки касро аз озодии муайян кардани кай ва бо кӣ издивоҷ кардан ё ҳатто умуман хонадор шудан маҳрум мекунад, дар банди қарз афтодан, истисмори ҷинсии маҷбурии тиҷоратӣ, хариду фурӯши одамон, амалҳои тиҷоратии шабеҳи ғуломӣ, инчунин фурӯш ва истисмори кӯдакон.

Аз ҳама камтар ғуломдории муосир дар Дания, Шветсия, Нидерланд, Олмон, Норвегия ва Швейтсария ба қайд гирифта шудааст.

1/2

Ба ақидаи муаллифони гузориш, Тоҷикистонро зарур аст, ки истисмори ҷинсии кӯдаконро ҷиноят дониста, ин муқарраротро ба конвенсияҳои байналмилалӣ мутобиқ созад ва ҳамчунин, синни ҳадди ақали издивоҷро ба 18 сол расонад.

Дар гузориш гуфта мешавад, ба густариши кор ва издивоҷҳои маҷбурӣ омилҳои мухталиф, аз ҷумла фақр, табъиз, муҳоҷират ва мавҷуд набудани имконоти иқтисодӣ мусоидат мекунанд. Муаллифони гузориш навиштаанд, ки пандемияи COVID-19 ва тағирёбии иқлим ин омилҳоро боз ҳам шадидтар мекунанд.

"Пандемияи COVID-19 осебпазириҳои мавҷударо шадидтар карда, осебҳои нав рӯйи кор овард, ки боиси афзоиши ноустувории иқтисодӣ дар саросари минтақа ва дастрасии нобаробар ба ваксинаҳо ва хидматрасонии тиббӣ шуд", - гуфта мешавад дар гузориш.

Дар он ҳамчунин зикр шудааст, ки мизони бештар густардаи ғуломдории муосир дар Туркия, Тоҷикистон ва Русия ба мушоҳида мерасад.

Созмони Walk Free дар ҳамдастӣ бо Созмони байнулмилалии меҳнат ва Созмони байнулмилалии муҳоҷират зикр мекунад, ки фасод, қонеъ нагардидани ниёзҳои аввалияи инсонӣ, нобаробарӣ, табъиз ва ғайра ба густариши ғуломдории муосир мусоидат мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.