Имсол рӯзи 27 июн дар Тоҷикистон ҷашни 26-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Маъмулан ба муносибати ин ҷашн дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд.

Мо аз чорабиниҳои пешбинишуда ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе огаҳӣ ёфтем.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”, ин рӯз истироҳат эълон шудааст.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Раёсати фарҳанги шаҳрдории Душанбе хабар доданд, рӯзи 27 июн дар назди шаршараи “Наврӯзгоҳ” барномаи фарҳангиву фароғатӣ доир мегардад.

Барнома соати 18:00 оғоз гардида, дар доираи он консерт ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ барпо мешавад. Воридшавӣ ройгон аст.

Боғи "Наврӯзгоҳ", акси марбута аз бойгонӣ
Сурат: Asia-Plus

Ҳамчунин дар пойтахт шурӯъ аз имрӯз дар чор ноҳияи шаҳр баргузории барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Масалан, имрӯз, 24 июн дар боғи “Ҷавонон”-и ноҳияи Сино консерт баргузор мешавад.

Ғайр аз ин, дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ Фестивали "Retro Auto and Retro Music" доир мегардад.

Фестивалро Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ва “Маҳфили дӯстдорони автомобилҳои қадимаи Тоҷикистон дар майдони “800-солагии Маскав” дар назди Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ аз соати 16:00 то 21:00 баргузор мекунанд.

Дар фестивал натанҳо аз шунидани суруди таронаҳои писандидаи солҳои пеш ҳаловат бурда метавонед, балки дар викторинаву дигар озмунҳои шавқовар иштирок карда, соҳиби туҳфаҳо мегардед. Инчунин бо тамғаҳои қадимаи автомашинаҳо аз наздик шинос шуда метавонед.

Автомашинаи қадимаи тамғаи ЗИС-110, ки дар фестивали соли 2022 ба намоиш гузошта шуда буд
Сурат: Asia-Plus

Дар доираи фестивал сарояндагон Ёсамин Давлатова, Фотима Машрабова, Шаҳло Ҳафизова, Некрӯз Ниёзов ва Комила Раҳимӣ суруду таронаҳои писандидаи солҳои пешро бо сабку услуби худ иҷро карда, табъатонро болида мегардонанд.

Рӯзи 26 июн соати 18:00 дар боғи “Рӯдакӣ”-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт намоишномаи фараҳангиву фароғатӣ доир мегардад.

“Чунин чорабиниҳо ба фароҳам сохтани фазои идона ва муттаҳид намудани сокинони пойтахт дар ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ нигаронида шудаанд”, - изҳор доштан дар шаҳрдорӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.