Аз 6 то 13 июли соли равон бо мақсади рушду густариши минбаъдаи равобити мутақобилан судманди фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Русия дар кишвари мо Рӯзҳои фарҳанги Русия баргузор мегарданд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, дар доираи ин чорабинӣ ҳайати 64 нафараи ҳунармандони Русия таҳти роҳбарии муовини вазири фарҳанги ин кишвар Надежда Преподобная аз 6 то 8 июл вориди Тоҷикистон гардида, барномаҳои ҳунарии хешро дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Хуҷанд баргузор менамоянд.
Гуфта мешавад, ҳунармандони бомаҳорати Русия дар ҳайати пианинанавози машҳур, Ҳунарпешаи халқии Россия Денис Мацуев, Ансамбли давлатии академии рақси халқии “Нальмэс” –и Ҷумҳурии Адигея дар ин рӯзҳо бо барномаҳои ҷолибу диданӣ баромад хоҳанд кард.
Тибқи барнома ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон ва консерти пианинанавози машҳур, Ҳунарпешаи халқии Россия Денис Мацуев рӯзи 7 июли соли 2023, соати 19:00 ва барномаи консертии Ансамбли давлатии академии рақси халқии “Нальмэс” –и Ҷумҳурии Адигеяи Федератсияи Русия рӯзи 9 июл, соати 19:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ баргузор мегарданд.
Ҳамзамон, дар ҳошияи Рӯзҳо 7 июл, соати 11:00 ифтитоҳи намоиши Вазорати фарҳанги Русия ва соати 11:30 муколама миёни осорхонаҳои Тоҷикистону Россия доир мешаванд. Тибқи барномаи баргузории чорабинӣ сафари иштирокчиёни Рӯзҳо ба шаҳри Хуҷанд рӯзи 10 июл шурӯъ гардида, барномаҳои ҳунарӣ рӯзи 11 июл дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандӣ баргузор мегардад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки боздиди ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, «Боғи Ирам» ва дигар мавзеъҳои ҷолибу дидании пойтахт ва шаҳри Хучанд дар назар аст.
Дар хабари Вазорат зикр мешавад, ки тавсеаи муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷ яке аз самтҳои асосии сиёсати байналмилалии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин раванд ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Русия пайваста вусъат меёбанд.