Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон бозодшту таъқиб ва фишорҳои охир болои муҳоҷирони тоҷикро дар Русия “пешгирии фаъолияти ғайрирасмии меҳнатӣ дар ин кишвар” унвон кард ва гуфт, набояд “ба он пӯшиши сиёсӣ дод”.
Хайриддин Усмонзода, директори марказ 4 - уми август зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ба масоили муҳоҷирон дар Русия пӯшиши сиёсӣ додан лозим нест. Зеро аксари иқдомоте, ки дар ин кишвар гирифта мешавад, барои пешгирии фаъолияти ғайрирасмии меҳнатӣ мебошад.
Ӯ дар ин раванд миёнаравҳои муҳоҷиронро, ки аксаран бо мақомоти қудратии Русия ҳамкорӣ доранд, гунаҳор кард, ки ба хотири пайдо кардани роҳи осони бақайдгирӣ, дарёфти ҷои кори муносиб ва ба расмиёт даровардани фаъолияти муҳоҷирон аз онҳо сӯистифода мекунанд.
Номбурда афзуд, ин масъла давоми моҳҳои охир бо ширкати мутахасисони МТС дар ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дорад ва “итминони комил ҳаст, ки роҳҳои ҳалли ҳуқуқиашро пайдо мекунад”.
Даъват ба “пӯшиши сиёсӣ надодан” ба фишору таъқиби муҳоҷирони тоҷик аз сӯи маъмурони интизомии Русия дар ҳолест, ки вақтҳои охир зуҳуроти мазкур афзоиш ёфтааст.
Кормандони мақомоти интизомии Русия муҳоҷирони тоҷикро дар ҳар ҷо – бозор, ҷойи кор, масҷид, ба шеваи ғайримақбул ва дар баъзе ҳолат таҳқиромез боздошту латукӯб мекунанд.
Кор ба ҷойе расидааст, ки кормандони мақомоти амниятии Русия ҳатто донишҷӯёни тоҷикро бе сабаб латукӯб намуда, бо гузашти моҳҳо сабаби чунин рафтори худро шарҳ надодаанд.
Дар пайи латукӯби донишҷӯён ва боздоштҳои оммавии муҳоҷирони тоҷик дар Русия, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Семён Григорев, Сафири Русия дар Тоҷикистонро ба бинои вазорат даъват ва нигаронии худро аз бархӯрди номуносиб бо донишҷӯёну муҳоҷирони тоҷик иброз намуд.
Инчунин, вазири корҳои дохилӣ, додситони кулл ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо ирсоли мактуб ба ҳамтоёни руси худ таҳқиқи одилонаву холисонаи латукӯбу боздошти оммавии донишҷӯёну муҳоҷирони тоҷикро талаб карданд.
Бархе коршиносон гуфтанд, муҳоҷирони меҳнатӣ давоми даҳсолаҳост, ки ба як василаи аслии фишори Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистон ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳои сиёсӣ табдил ёфтааст ва ин аввалин маротиба нест, ки Русия аз ин “фишанг” истифода мекунад.
Солҳои қабл низ мансабдорони сатҳи гуногуни Русия сари ҳар чанд вақт ва барои ба манфиати худ ҳал кардани ин ё он масъала ба ҳузури муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва оқибатҳои ихроҷи онҳо ишораҳо мекарданд.
Барҷастатарин мисол раҳоии халабони рус дар соли 2011 буд, ки баъди боздошти онҳо мақомоти Русия ба боздошту ихроҷи оммавии шаҳрвандони Тоҷикистон даст заданд. Зери чунин фишор, мақомоти Тоҷикистон пас аз чанд рӯзи маҳкум кардани халабонҳо, маҷбур гардид, халабонҳои муттаҳамро раҳо кунанд.
“Заволи пиряхҳо” – филми мустанад оид ба хатари обшавии пиряхҳои Тоҷикистон
Бидуни журнали анъанавӣ. Дар кадом мактабҳои Душанбе истифодаи журнали электронӣ ҷорӣ шудааст?
Artel. Бузургтарин фабрикаи истеҳсоли техникаи маишӣ чӣ тавр фаъолият мекунад?
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Стипендия ба номи Соҳиб Табаров таъсис дода шуд
Китоби “Тоҷикон”-ро нагирифтед? Аз ҳукуматҳои маҳаллӣ пурсед!
Корхонаи коркарди нафти Данғара шарик ва ашёи хом барои коркард меёбад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тарсутар аз тарсу”
Далер Назаров ҷоизаи давлатӣ гирифт
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои вилоят баста мешавад?
Дар Қирғизистон “Толибон”-ро махфиёна аз рӯйхати созмонҳои террористӣ хориҷ карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста