Филми “Дов”-и коргардон Муҳиддини Музаффар дар ҷашнвораи байналмиллалии Тошканд “Марворидҳои Роҳи абрешим” соҳиби “Ҷоизаи  махсуси ҳакамон” гардид. Дар ин бора “Суғд-синамо” хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин ҷашнвора ҳафтаи гузашта дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон баргузор шуд ва дар он зиёда аз 500 коргардон, актёр, продюсер ва мансабдорони машҳур аз 52 кишвари ҷаҳон ширкат карданд.

Филми “Дов” дар миёни беш аз 60 филми бадеӣ, ҳуҷҷатӣ ва кӯтоҳмуддат “Ҷоизаи  махсуси ҳакамон”-ро ба даст овард.

Ин филми тоҷикӣ дар шаҳраки Вокзали шаҳри Конибодом ва шаҳраки Нефтободи шаҳри Исфара моҳҳои апрел-майи соли 2021 наворбардорӣ шудааст.

Дар филм ҳунарпешаҳои театру кинои тоҷик, мисли Салоҳиддин Шукуров, Абдулмумин Шарифӣ, Исфандиёр Ғуломов, Баҳодур Миралибеков, Мавлона Наҷмиддинова, Фирӯза Раҳмонова ва дигарон нақш офаридаанд.


Филм дар бораи ду рафиқ Қаҳҳор (Абдумуъмин Шарифӣ) ва Маннон (Салоҳиддин Шукурзода) қисса мекунад, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар солҳои 90-ум барои таъмини зиндагӣ ба ғайр аз касби худ, роҳҳи дигари даромадро ҷӯё мешаванд.

Дар ин миён, яке аз рафиқон соҳиби лоторея мешавад ва ба ивази маблағ ба дӯсташ медиҳад. Филм атрофи ҳамин дов ё омад дар лоторея давр мезанад, ки он оқибат дӯстии ин ду нафарро барҳам мезанад. Бо гузашти вақт ҳарду хатогии якдигарро дарк мекунанд, вале Қаҳҳор  аз сактаи қалб вафот мекунад.

Филми ҳунарии “Дов”бо коргардонии Муҳиддини Музаффар аз  ҷониби “Тоҷикфилм” ва “Суғдсинамо” рӯйи навор омадааст.

Нахустнамоиши филми ҳунарии “Дов” дар Тоҷикистон, шоми 28-уми октябр, дар кинотеатри “Ватан” баргузор гардида буд.

Баъд аз ин, дар шаҳрҳо гуногуни Кореяи Ҷанубӣ, Русия, Ҳиндустон ва Эрон ба намоиш гузошта шуд.

Як моҳи пеш, 1-уми сентябр, ин филм дар чорумин фестивали байнамиллалии “Лендок” дар шаҳри Санк-Петербург соҳиби ҷоизаи асосии ҷашнвора – “Беҳтарин филм” ва ҷоизаи “Беҳтарин ҳунарманд” (ба Абдулмуъмин Шарифӣ ва Салоҳиддин Шукурзода - ҳунармандони асосии филм) шуда буд.

Аз рост ба чап: Салоҳиддин Шукурзода, Муҳиддин Музаффар ва Абдулмуъмин Шарифӣ

Бори сеюм буд, ки филми тоҷикии “Дов” ба гирифтани ҷоизаи асосии ҷашнвораҳо даст меёбад. Қаблан дар моҳи апрели соли 2022 филми мазкур дар ҷашнвораи синамои миллии “Тоҷи Сомон” соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ” гардида буд. Ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” низ ба Салоҳиддин Шукуров, иҷрокунандаи яке аз нақшҳои асосӣ дар ин филм тақдим карда шуд.

Баъд аз ин, моҳи декабри соли 2022 филми "Дов" дар фестивали байналмиллалии Калкуттаи Ҳиндустон ҷоизаи "Беҳтарин филм"-ро гирифт.

Аз 27 то 31-уми январи соли 2023 филми “Дов” дар ҷашнвораи филмҳои давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Мумбай ба намош гузошта шуда, ба гирифтани ҷоизаи “Таваҷҷӯҳи ҳакамон” даст ёфт.

Ин филм аз 26-уми май то 1-уми июни соли равон бошад, дар 14-умин ҷашнвораи байналмилаллии “Чебоксария” дар шаҳри Чебоксария ду ҷоиза - “Беҳтарин ансамбли актёрӣ” ва “Таваҷҷӯҳи тамошобин”-ро ба даст овард.

Ҳамчунин, филми “Дов” дар ҷашнвораи байналмилалии "Западные ворота"  (Дарвозаи ғарб)-и Русия “Ҷоизаи хосаи ҳакамон”-ро соҳиб шуд ва дар ҷашнвораи ҷаҳонии донишҷӯён дар Амрико (Student World Impact Film Festival) ҷоизаи “Фахрии ҷашнвора”-ро ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки намоиши филми “Дов” вокунишҳоро дар пай дошт. Ҳарчанд он филм давоми як моҳ дар кинотеатри Ватан ба намоиш гузошта шуд, вале коргардони филм аз набудани тамошобин ва бетарафии аҳли зиё ба синамои миллӣ нигаронӣ кард.

Баъди ин нафарони зиёде, аз ҷумла хабарнигори “Азия-Плюс” бардошти худро аз ин филм навишт ва дар пасманзари баҳси синамои миллӣ як “Ток шоу” ҳам омода ва нашр гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.