Имрӯз, 17-уми ноябр, дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии донишҷӯён таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон барои донишҷӯён рӯзи хосе муайян нагардидааст.
“Азия-Плюс” соли гузашта сарфу харҷи донишҷӯи тоҷикро ҳисоб карда, дар ин замина матлабе интишор карда буд. Имсол, бо назардошти боло бардоштани идрорпулӣ ва тағйир ёфтани нархи наво дар бозору хадамоти гуногун тасмим гирифт матлаби мазкурро бо истифода аз маълумотҳои нав интишор намояд.
Дар Тоҷикистон 50 донишгоҳу донишкада ва 70 коллеҷ фаъолият менамоянд ва ҳамасола беш аз 50 ҳазор нафар донишҷӯ мешаванд. Ҳаёти донишҷӯён ҷолиб ва боиси таваҷҷӯҳи зиёди ҷомеа аст. Маълум нест, ки дар робита ба рӯзгори донишҷӯён дар кишвар тадқиқоти сотсиологӣ анҷом шудааст ё на. Вале мо дар асоси мушоҳида ва пурсишҳо талош намудем, то сарфи якмоҳаи донишҷӯёни тоҷикро муайян кунем.
Шартномаи камтарин, миёна ва зиёдтарин
Ҳар мактаби олии кишвар бо мавқеъ ва талаботи худ нархномаи муайяни шартномаро барои як соли таҳсил тартиб додааст: баландтаринаш 16,5 ҳазор сомонӣ ва пасттаринаш 1,1 ҳазор сомонӣ.
Агар ба ҳисоби миёна маблағи шартномаи донишҷӯйро 6 ҳазор сомонӣ маълум кунем, пас як донишҷӯ дар як моҳ 500 сомонӣ маблағи шартнома пардохт мекунад.
Хобгоҳи мушкилзо ва иҷораи гарон
Ҳама мактабҳои олӣ дар наздашон хобгоҳ бино кардаанд. Нархи яксолаи зиндагии донишҷӯён дар хобгоҳҳо фарқ мекунанд. Масалан, донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) барои як соли зиндагӣ дар хобгоҳ 700 сомонӣ пардохт мекунанд. Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии фарҳангу санъати Тоҷикистон барои як соли зиндагӣ дар хобгоҳ 720 сомонӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 850 сомонӣ месупоранд.
Агар ба ҳисоби миёна 700 сомонии солонаи хобгоҳро ба 10 моҳ тақсим кунем, дар як моҳ харҷи донишҷӯ 70 сомонӣ мешавад.
Аммо донишҷӯён шароити хобгоҳро мувофиқи талаботи муосир намедонанд ва ҳамвора аз набудани обу лифт ва хунукиҳои зимистон шикоят доранд.
Аз ҷумла, донишҷӯёни хобгоҳи №8-и ДМТ нигаронӣ мекунанд, ки бо фаро расидани мавсими сармо то ба ҳол дастгоҳҳои гармидиҳии ин бино фаъол нагардидааст, агарчи расо як моҳ пеш, 18-уми октябр, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ба кор оғоз карда буд. Аммо донишҷӯён таъкид мекунанд, ки низоми гармидиҳии хобгоҳ дертар ба фаъолият оғоз мекунад.
Илова бар ин, хобгоҳи мазкур 11-ошёна буда, ду лифт дорад, вале маъмурияти хобгоҳ ҳарду лифтро хомӯш кардаанду донишҷӯён маҷбуранд то ошёнаи 11-ум пиёда бароянд.
Бо ин вазъ, ҳоло донишҷӯён зиндагӣ дар хонаи иҷораро афзал медонанд. Ҳоло хонаи иҷора барои як донишҷӯ дар шаҳри Душанбе ҳадди аққал 300-400 сомонӣ, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ аз 200 то 250 сомонӣ арзиш дорад.
Харҷ барои ғизо
Аслан, сарфу харҷи донишҷӯён бо вазъи иқтисодии оила алоқаманд аст. Ба таври маъмул, агар донишҷӯ аз минтақаҳо бошад, аз хона низ барояш маҳсулоти ғизои аввалия мефиристанд. Дар кул бингарем, як қисмат дар ошхонаҳо хӯрок мехӯранд ва як қисмати дигар дар хона.
Донишҷӯён аксаран хӯрокро дар хона тановул мекунанд ва барои харидории маҳсулот дар як моҳ то 200 сомонӣ масраф менамоянд. Илова бар ин, як донишҷӯ ҳар моҳ, ба ҳисоби миёна 15 маротиба дар берун хӯрок мехӯрад, ки дар маҷмӯъ, 300 сомонӣ (ба ҳисоби миёна хӯроки нисфирӯзӣ камаш 20 сомонӣ) сарф мешавад ва бо иловаи харидории маҳсулоти моҳона 500 сомониро ташкил медиҳад.
Он гурӯҳ донишҷӯёне, ки хӯрду хӯрокашон комилан дар берун аз хона аст, ба ҳисоби миёна дар як рӯз 60-70 сомонӣ ва дар як моҳ беш аз 2 ҳазор сомонӣ масраф мекунанд.
Роҳпулии донишҷӯён чанд аст?
Донишҷӯён барои аз як нуқта ба нуқтаи дигар рафтан аксаран аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мекунанд. Дар шаҳри Душанбе ҳоло нархи як сафар барои донишҷӯён дар автобус 1 сомониву 26 дирам ва дар тролейбус 1 сомониву 5 дирам (бо корти тарифи “Донишҷӯ”) муқаррар гардидааст. Вале барои сафар бо маршруткаҳо ба таври маъмулӣ 2 сомониву 50 дирам талаб карда мешавад.
Ҳамин тавр, ба ҳисоби миёна як донишҷӯ барои роҳпулӣ дар як рӯз ҳадди аққал аз 6 то 10 сомонӣ ва дар як моҳ аз 90 то 200 сомонӣ маблағ сарф менамояд.
Хароҷоти ҳатмиву иловагӣ
Масрафҳои дигари донишҷӯён харидани китобу дафтар ва дигар лавозимоти хониш аст. Барои ин ба ҳисоби миёна ҳар як донишҷӯ моҳе аз 30 то 100 сомонӣ харҷ мекунад.
Ҳамин тавр, имрӯз 95 дарсади донишҷӯён аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд. Барои хариди бастаҳои интернети якмоҳа донишҷӯён аз 80 то 200 сомонӣ маблағ сарф менамоянд.
Ҳаёти донишҷӯӣ давраи тиллоӣ аст ва дилхушиву сайругашт ройгон нест. Албатта, ин ҳам номунтазам ва барои ҳама гуногун аст. Аммо ҳар як донишҷӯ барои дилхушӣ ва сайру тамошо дар як моҳ камаш 200 сомонӣ сарф мекунад.
Хариди либосҳои мутобиқ ба мавсими сол низ аз зумраи дигар хароҷоти донишҷӯён ба ҳисоб меравад. Барои ин сарфу харҷи гуногун пешбинӣ мешавад, вале ба таври миёна назар афканем, барои ҳар донишҷӯ аз 200 то 500 сомонӣ дар ин маврид лозим мешавад.
Ҷамъи хароҷоти як моҳаи донишҷӯ
Дар асоси ҳисоби мо, як донишҷӯи тоҷик дар як моҳ ҳадди ақал 1 ҳазору 500 сомонӣ сарф мекунад:
500 (шартнома) + 70 (хобгоҳ) + 200 (хӯрок) + 150 (нақлиёт) + 50 (лавозимоти хониш) + 100 (маблағи интернет) + 200 (истироҳат ва сайру гашт) + 300 (либос) = ҳудуди 1570 сомонӣ.
Манбаи даромад: идрорпулӣ, кор ва волидайн
Тавре маълум аст, донишҷӯён се намуди даромад доранд: идрорпулӣ, оила ва кор баъд аз таҳсил.
Идрорпулии баландтарин дар донишгоҳҳои Тоҷикистон олӣ ном дорад, ки 448 сомонӣ аст. Вале аз рӯи ҳисобҳои миёнаи мо маълум мегардад, ки ин идрорпулӣ танҳо барои хароҷоти як ҳафтаи донишҷӯ кифоят мекунад.
Манбаи “даромад”-и дигари донишҷӯён, албатта, оила аст. Дар ҳамин ҳол, донишҷӯёне низ кам нестанд, ки пас аз дарс ва гоҳо шабона кор мекунанд ва даромадашон ҳам гуногун аст.
Албатта, ин хароҷоти ниҳоӣ нест ва метавонад хеле кам шавад, агар донишҷӯ буҷавӣ таҳсил кунад, идрорпулӣ гирад, дар хобгоҳ зиндагӣ кунад, миқдори хӯроку нӯшокиҳоро кам кунад ва аз дилхушиву сайругашт даст кашад.
Вагарна, баръакс, метавонад аз ин ҳам зиёд маблағ сарф кунад.
Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!
“Заволи пиряхҳо” – филми мустанад оид ба хатари обшавии пиряхҳои Тоҷикистон
Бидуни журнали анъанавӣ. Дар кадом мактабҳои Душанбе истифодаи журнали электронӣ ҷорӣ шудааст?
Artel. Бузургтарин фабрикаи истеҳсоли техникаи маишӣ чӣ тавр фаъолият мекунад?
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Стипендия ба номи Соҳиб Табаров таъсис дода шуд
Китоби “Тоҷикон”-ро нагирифтед? Аз ҳукуматҳои маҳаллӣ пурсед!
Корхонаи коркарди нафти Данғара шарик ва ашёи хом барои коркард меёбад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тарсутар аз тарсу”
Далер Назаров ҷоизаи давлатӣ гирифт
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои вилоят баста мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста