Дар шаҳри Бохтар бори аввал ҳаракати автобусҳои нав дар 5 хатсайр роҳандозӣ гардид. Дар ин баробар, байни шаҳрҳои Бохтару Кӯшониён ва Бохтару Вахш низ хатсайри байнишаҳрӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин бора Тоҷиддин Сафаров, роҳбари корхонаи “Бохтарнақлиётхизматрасон” ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ахиран ба шаҳри Бохтар 41 адад автобуси нав оварда шуд ва онҳо аз рӯзи 24-уми ноябр, ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ, ба кор оғоз кардаанд.
Ин автобусҳо ба ду самт - хатсайри дохилишаҳрӣ ва байнишаҳрӣ - ҷудо шудаанд.
Дар дохили шаҳр автобусҳо ҳоло дар 5 хатсайр ба аҳолӣ хидмат мерасонанд, ки самташон чунин мушаххас шудааст:
Маҳаллаи маданият - Бозори “Фаровон” - Беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов;
Терминали Сафари Ка - Бозори “Ҳоҷӣ Шариф” - Беморхонаи вилоятӣ;
Бозори “Фаровон” - Маҳаллаи кайҳонавардон;
Бозори “Фаровон” - Терминали Сафари Ка;
Бозори “Фаровон” - Маҳаллали Хатлон.
Ба гуфтаи роҳбари корхона, айни замон 20 автобуси нав дар ин 5 хатсайр аз соати 7:00 то 19:00 ба сокинини шаҳри Бохтар хидмат мерасонанд.
“То кунун тролейбусҳои кӯҳна ва таксиҳои шахсӣ ба сокинони шаҳри Бохтар хидмат мерасониданд. Нархи муайян ҳам надоштанд. Инак 4 рӯз мешавад, ки автобусҳои наву замонавӣ бо нархи 2 сомонӣ ба аҳолӣ хидмат мерасонад”, - иброз дошт Тоҷиддин Сафаров.
Инчунин, масъулин аз рӯзи 24-уми ноябр инҷониб хатсайри байнишаҳрии Бохтар - Кӯшониён ва Бохтар - Вахшро роҳандозӣ кардаанд. Дар ин ду масир 10 автобус ба аҳолӣ хидмат мерасонад.
“Хатти ҳаракати автобусҳо аз Бохтар то Кӯшониёну Вахш 17,5 км аст, ки дар ҳамин минтақа зиёда аз 100 ҳазор аҳолӣ умр ба сар мебаранд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Тавре Сафаров зикр кард, ҳоло нархи роҳкиро барои хатсайри Бохтар - Кӯшониён 2 сомонӣ (қаблан бо таксиҳои мардумӣ 7 сомонӣ буд) ва Бохтар - Вахш 3 сомонӣ (қаблан бо таксиҳои мардумӣ 10 сомонӣ буд) муайян шудааст. Аммо ба зудӣ низоми ғайринақтӣ роҳандозӣ мешавад.
Тоҷиддин Сафаров афзуд, ки дар ояндаи наздик инчунин хатсайри байнишаҳрии Бохтар - Леваканд ба роҳ монда мешавад ва 10 автобус ба ин самт ҷудо шудаанд. Ҳоло бинобар сабаби таъмири роҳ аз Бозори Ҳоҷӣ Шариф то даромадгоҳи ноҳияи Леваканд ин хатсайр боздшта шудааст.
Дар наворҳое ҳам, ки дастраси “Азия-Плюс” шуд, дида мешавад, ки сокинони шаҳри Бохтар аз оғози кори автобусҳо қаноатманд ҳастанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ин автобусҳо дар доираи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон” ба шаҳри Бохтар ворид карда шудаанд.
Боздошти духтари 19-сол барои таҳдиди паҳн кардани аксҳои маҳрамонаи як мард
Таҷҳизоти гармидиҳӣ насб мекунед ва ё он кор намекунад? Ба куҷо ё кӣ метавон муроҷиат кард?
Дотситонӣ амри тахриби ду бинои навсохт дар Душанберо додааст
Марги чаҳор сарбози Исроил дар пайи ҳамлаи “Ҳизбуллоҳ”
“Abu Dhabi Grand Slam 2024”. Ҷудокорони тоҷик соҳиби се нишон шуданд
Раиси КДАМ-и Қирғизистон гуфт, аломатгузории марз бо Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист
Раводид ба Туркия. Маркази раводиди Туркия дар Тоҷикистон ба муҳимтарин саволҳо ҷавоб медиҳад
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста