Имрӯз, 28-уми ноябр, ду рӯзноманигори тоҷик, ки барои ҳамраъйии касбӣ ҳамвора садо баланд мекарданд ва хостори адолати иҷтимоӣ буданд, мавлуд доранд: Завқибек Саидаминӣ 40-сола ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода 45-сола шуданд, вале ҳарду ҳам зодрӯзашонро дар зиндон таҷлил мекунанд. Ба ин муносибат “Азия-Плюс” ба корномаи онҳо нигоҳе андохт.
Завқибек Саидаминӣ
Завқибек Саидаминӣ рӯзи 28-уми ноябр дар шаҳри Роғун таваллуд шудааст ва падари 5 фарзанд аст. Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷиткистон аст.
Ӯ муддате дар расонаҳои хусусие чун телевизиони Симои мустақили Тоҷикистон (СМТ) ва нашрияи “ИмрӯзNews” фаъолият кардаву баъдан ба телевизиони давлатӣ ба кор рафт.
Пас аз чанд муддати кор дар телевизиони давлатӣ, ӯ корро дар ин даргоҳ тарк карда, тавре худаш мегуфт, ба тиҷорат машғул гардид. Дар баробари ин, ӯ дар як ширкати сохтмонӣ ҳам ба ҳайси ронандаи “кран” низ муддате кор кард.
Аммо ӯ ҳеҷ гоҳ аз фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва баёни андешаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ канор намерафт. Ҳамеша дар фазои иҷтимоӣ фаъол буд ва мавқеи оштинопазир бо ифротгароён дошт.
Дар баробари ин, ба сабти навор ва анҷоми корҳои хайриявӣ низ машғул мешуд.
Аз аввалин нафароне буд, ки пас аз муноқишаи марзӣ ба сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рафт ва аз вазъи минтақаҳои марзӣ гузориш омода карда, дар саҳифаи иҷтимоии худ интишор дод.
Ҳамин тавр, пас аз боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, блогнавис ва рӯзноманигори тоҷик, Завқибек аз ангуштнамо рӯзноманигороне буд, ки ба ҳимоят аз онҳо ошкоро садо баланд кард.
Баъдан, ӯ 8-уми июли соли 2022, як рӯз пеш аз Иди Қурбон боздошт гардид ва пас аз чанд рӯз мақомот эълон кард, ки ин журналист бо моддаи 307, қисми 2, банди 3 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ)) гумонбар аст.
Пас аз 4 моҳи боздошт, рӯзи 3-юми ноябри соли 2022 Завқибек Саидаминӣ бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 7 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр гардид.
Ӯ айбро рад мекунад ва худро бегоноҳ медонад.
Ин рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик пас аз эълони ҳукм аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хост, ки ҳукмашро бозбинӣ ва бекор кунанд. Аммо зинаи баъдии додгоҳ ҳам ҳукми ҳабси ӯро бетағйир гузошт.
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода зодаи шаҳри Ваҳдат аст ва падари 4 фарзанд мебошад. Солҳо дар радиои давлатӣ кор кардааст.
Ӯ замоне шинохта гардид, ки дар Рӯзи Президент наворе сабт карда, аз мушкилоти рӯзмарраи худ шикоят намуд.
Дар он навор ӯ гуфт, ки чанд сол дар радиои давлатӣ ба ҳайси журналист кор кардаву бо сабабҳои гуногун тарки пеша кардааст ва акнун ҳамчун ронандаи таксӣ кор мекунад. Абдусаттор шикоят дошт, ки кормандони БДА барои озод фаъолият карданаш монеъ мешаванд.
Баъдан ӯ бо пахши наворҳои дигар аз мушкилоти дигари ҷомеа нақл мекард ва миёни мардум шӯҳратёр гашт.
Чанде баъд аз ин бо пок кардани тамоми наворҳои хеш аз саҳифаҳои иҷтимоияш, Пирмуҳаммадзода эълон кард, ки кори блогериро қатъ мекунад.
Ӯ дар як мусоҳибаи худ гуфт, ки барои фаъолиятҳояш баъзе “бузи ҳукумат” гуфтаанд, бархе “хоини миллат” ва бо ҳамин канор рафтани худро аз фазои иҷтимоӣ эълон намуд.
Аммо дертар дубора ба фаъолияти блогерӣ баргашт ва пас аз боздошти Далеру Абдуллоҳ аз камтарин рӯзноманигороне буд, ки ба ҳимояти ин журналистон боҷуръатона садо баланд кард.
Пас аз чанде аввал барои чанд соат боздошт ва бо эълони “охирин огоҳӣ” озод гардид. Вале бо гузашти чанд рӯз, рӯзи 9 июли соли 2022 аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат Абдусаттор дубора боздошт ва алайҳаш бо моддаи 307, иловаи 1 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм) айб эълон шуд.
Пас аз қариб 5 моҳи боздошт, рӯзи 26-уми декабри соли 2022 Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 7 сол равонаи зиндон шуд.
Пирмуҳаммадзода айбро рад мекунад ва худро мегуноҳ медонад.
Ин рӯзноманигор пеш аз ҳукми додгоҳ моҳи октябри соли 2022 дар номае аз дохили Боздоштгоҳ гуфт, “он қадар заданду кӯфтанду ба барқ монданд, ки мехостам бимирам”.
Агарчи Додгоҳи олӣ гуфт, шиканҷа шудани Абдусаттор Пирмуҳаммадзода тасдиқ нашуд, боз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хабар дод, ки далели шиканҷа шудани Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро месанҷад. Аммо то ҳол дар ин робита иттилое интишор нашуд.
Баъди ҳукми додгоҳ ҳам пайвандонаш ба зинаҳои болоӣ шикоят карданд, вале дар зинаҳои болоии додгоҳ ҳам ҳукми ин рӯзноманигор тағйир надод.
Созмонҳои журналистиву ҳомии ҳуқуқи башар ҳам аз боздошти ин ду журналисти тоҷик бонги хатар мезананд ва аз мақомоти Тоҷикистон озодии онҳоро талаб мекунанд, аммо то ҳол ҳеҷ акси садое нест.
Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ҳоло зодрӯзи худро дар паси панҷараҳои зиндон таҷлил мекунанд.
Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба ин муносибат Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро таҳният гуфта, барояшон саломатӣ, сарбаландӣ ва озодӣ мехоҳанд.
"10 соат дар як шабонарӯз". Масъулин мегӯянд, реҷаи додани барқро танзим кардаанд, сокинон гуфтанд, “риоя намешавад”
Афзоиши идрорпулии президентӣ барои мактаббачаҳо ва донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо
Думаи давлатӣ тарҳеро пазируфт, ки имкон медиҳад Толибон аз феҳристи созмонҳои террористӣ берун шаванд
Либияву Ироқи сонӣ ё лонаи ифротиён. Сурияро чӣ интизор аст ва ҳаводиси ин кишвар ба Осиёи Марказӣ чӣ хатар дорад?
Чанд соҳибкор барои фурӯши маҳсулоти пастсифат беш аз 183 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд
Иттиҳоми нав дар парвандаи чеҳраҳои шинохта. Абдулфайз Атоӣ ба қаллобӣ ҳам муттаҳам шудааст
Кадом варзишгарони тоҷик дар рӯйхати футболбозони гаронарзиши Осиёи Марказӣ ҳастанд?
Чин шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон мешавад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Фармондеҳи ҷавон"
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи обуҳаво барои 11 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста