Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбӣи ба Фаррух Ҳасанов, ғолиби озмуни телевизионии Русия - “Ну-ка, все вместе!” калиди хонаи 3-ҳуҷрагиро тақдим кард.
Гуфтан ба маврид аст, ки Фаррух Ҳасанов дар озмуни овозхонии “Ну-ка, все вместе!”-и шабакаи телевизионии “Россия1” бо касби 98 овоз аз 100 овози имконпазир ғалаба ба даст овард ва 5 миллион рубл ҷоизаи асосии ин озмунро соҳиб шуд.
Фаррух Ҳасанов суруди овозхони амрикоӣ Бруно Марс “Talking to the moon”-ро иҷро кард.
Фаррух Ҳасанов пас аз гирифтани ҷоизаи асосии озмун гуфт, “ман ифтихор мекунам, ки тоҷикам! Ман нишон додам, ки тоҷикон фақат устои сохтмон нестанд. Мо ҳам боистеъдод ҳастем”.
“Ин пирӯзиро ба кишварам - Тоҷикистон мебахшам”, - бо ҳаяҷон гуфт Ҳасанов.
Фаррух Ҳасанов 20-уми июли соли 1998 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Номи ӯ ҳамчун овозхон бори аввал дар пайи роҳ ёфтанаш ба финали озмуни “Central Asia Got Talent” муаррифӣ ва маъруф шуд. Фаррух бо иҷрои сурудҳои “Утром”, “Шейла”, “Лейли” ба забони русӣ ва таронаҳои тоҷикиаш “Резаборон”, “Телефон” ва “Модар” ба дили тамошобин роҳ ёфт.
Соли гузашта Фаррух Ҳасанов дар озмуни “Tarona Music Award”-и радиои “Азия-Плюс” низ ширкат ва баранда шуда буд.