Ширкати паймонкори маркази тиҷоратии нав ваъда медиҳад, ки мозаика (наққошӣ дар санг) ё худ фрескаи таърихии “Шашмақом” дар собиқ бинои телевизиони “Сафина” боқӣ монда, он дар ҷойи нав гузошта мешавад.
Сарнавишти бинои таърихии собиқи Филармония, ки солҳои ахир дар он шабакаи телевизионии «Сафина» ҷойгир буд ва эҳтимоли аз даст додани мозаикаи нодире, ки онро рассоми маъруф Асрор Аминҷонов ороста буд, баҳсҳои доғеро дар миёни сокинони Душанбе ба бор овард.
Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора дар паёмҳои сершумор изҳори нигаронӣ кардаанд. Эҳсосот замоне бештар шуд, ки ҳафтаи гузашта атрофи бинои ТВ “Сафина” бо девори сохтмонӣ (панҷара) иҳота ва эълон шуд, ки дар он як маркази муосири тиҷоратӣ бунёд мешавад.
Бо дарназардошти он, ки мозаикаи ороиши бинои собиқи телевизион яке аз маъруфтарин дар шаҳри Душанбе аст, мо барои фаҳмидани сарнавишти он бо намояндагони ширкати бинокор дар тамос шудем.
Масъули робита бо ВАО-и ширкати биносоз ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки бо супориши раиси шаҳри Душанбе тасмим гирифта шуд, ки мозаикаи таърихӣ барои наслҳои ояндаи шаҳрвандон ҳифз карда шавад.
“Мо дида истодаем, ки аҳли ҷомеа нисбат ба тақдири мозаика нигаронӣ мекунад ва хуб мефаҳмем, ки ҳар як сангу ҳар як пораи мозаика қисмате аз таъриху фарҳанг аст. Бо дастури шаҳрдори Душанбе тасмим гирифта шуд, ки он боқӣ мемонад ва ҳоло бо мутахассисони аврупоӣ дар соҳаи таъмиру барқарорсозӣ музокирот идома дорад. Онҳо бо риояи тамоми чораҳои эҳтиётӣ мозаикаро барканда, барқарор ва дар ҳудуди маркази тиҷоратӣ, ки дар ҷойи бинои собиқи телевизиони «Сафина» бунёд шуда, пули байни гузашта ва оянда мегардад, насб мекунанд”, - хабар дод номбурда.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ҷустуҷӯи варианти беҳтарини ҳамгиро кардани мозаикаи таърихӣ ба тарҳи бинои нав идома дорад.
«Мо итминон дорем, ки бунёди маркази тиҷоратӣ бо ҳамгироии мозаика натанҳо санъати нотакрорро барои наслҳои оянда нигоҳ медорад, балки ба он ҷони тоза мебахшад ва ба яке аз макони писандидаи Душанбе табдил хоҳад ёфт», - хулоса кард намояндаи ширкат.






Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста