Тибқи қарори ҳукумати кишвар мансабдорони Тоҷикистон муваззафанд дар бораи дороияшон ба мақомот гузориш диҳанд, вале ҷомеа аз он огоҳ нест. Масъулин баҳона пеш меоварданд, ки ҷомеа барои огоҳ шудан аз дороии мансабдорон омода нест. Ҳоло таъкид мекунанд, ки  пас аз 2 соли дигар эъломияи дороии мансабдорон расонаӣ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, бархе мансабдорони навтаъйини вилояти Хатлон аз дороиҳояшон ҳарф заданд. Ин мансабдорон кистанд ва дороияшон чӣ аст?

“Хонаву мошини шахсӣ надорам”

Мастура Муминзода, иҷрокунандаи раиси шаҳри Леваканд зимни нишасти матбуотияш вобаста ба дороиҳояш гуфт, ки на хонаи шахсӣ дораду на мошин.

“Ман собиқаи 28-солаи хизматчии давлатиро дорам ва то имрӯз хонаи шахсӣ надорам”, - гуфт Муминзода.

Ӯ дар бораи он ки оё дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунад, посухи рӯшане надода, танҳо “ҳа” гуфту халос.

Мастура Муминзода то иҷрокунандаи раиси шаҳри Леваканд шуданаш, дар курсии муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кор кардааст.

“Дар хонаи падариям зиндангӣ мекунам”

Раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Рустам Холиқзода бошад гуфт, ки “ман як мошини шахсӣ дораму дар хонаи падариям зиндагӣ мекунам”.

“Аввалан ин ки тани сиҳат дорам. Дуюм ватани тинҷу осуда дорам. Хонаи ободу фарзандон ва набераҳои дӯстрӯ дорам. Дигар ширкату моликияте надорам”, - афзуд Холиқзода.

Рустам Холиқзода то моҳи январ муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буд ва пас аз ба кори дигар гузаштани раиси пешин, ӯ раиси нави ин ноҳия таъйин гардид.

Ӯ бародари муовини аввали Сарвазири кишвар ва собиқ раиси Бонки миллӣ Ҳоким Холиқзода мебошад.

“Ҳамаи чизи заруриро дорам”

Абдумаҷид Муминзод, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар низ вобаста ба дороиҳояш маълумот дод. Ӯ гуфт, “ман ҳамаи он чизе ки барои зиндагии инсон зарур аст, дорам”.

“Хонаю мошини шахсӣ ва дигар шароитҳои заруриро дорам”, - илова кард Муминзода.

Абдумаҷид Муминзод қаблан сардори Хадамоти зидиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистонро буд.

“Дар хонаи падарам зиндагӣ мекунам”

Тағой Абдуллозода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритус гуфт, ки дар хонаи падариаш зиндагӣ мекунад ва танҳо як мошини шахсӣ дорад.

“Дороии ман волидон ва фарзандону Ватани тинҷу ором мебошад. Ман як мошини шахсӣ дораму дар хонаи падарам зиндагӣ мекунам. Дигар моликияту тиҷорате надорам”, - гуфт Абдуллозода.

Тағой Абдуллозода то ба курсии раиси ноҳияи Шаҳритус расидан муовини аввали раиси ноҳияи Ёвон буд ва қаблан дар вазифаи муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ кор кардааст.

“Бо дасти холӣ омадам ва бо дасти холӣ хоҳам рафт”

Носир Суризода, иҷрокунандаи раиси ноҳияи Хуросон ба суоли хабарнигорон вобаста ба дороиҳояш посух дод, ки ғайр аз як хона дар Шуғнон дигар моликияте надорад.

Носир Суризода

“Ман як хонаи истиқоматӣ дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дорам. Мошини шахсию бӯстонсарою дигар амволе надорам. Ман ба ноҳияи Хуросон бо дасти холӣ омадам ва бо дасти холӣ меравам. Мақсади ман хидмат ба Ватану мардуми ноҳияи Хуросон аст. Ман барои сарватҷамъкунӣ наомадаам”, - гуфт Носир Суризода.

То куҷо ин маълумоти раисони навтаъйини 5 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дақиқанд, ба мо маълум нест, зеро онҳо эъломияи дороиҳои худро расман пешниҳоди ҷомеа накардаанд.

Баъди 2 сол дороии мансабдорон оммавӣ мешавад?

Тибқи қарори ҳукумати кишвар аз 24 июли соли 2020, № 412, мансабдорони давлатӣ дар бораи дороиҳои худ, ба монанди хона, бӯстонсаро, мошин, қитъаи замин, гову гӯсфанд, қоғазҳои қимматбаҳо, тиллову нуқра ва дигар намуди дороӣ ба Агентии хидмати давлатӣ эъломия пешниҳод мекунанд. Аммо феҳристи дороиҳои мансабдорони тоҷик оммавӣ намешавад.

Ҷумъа Давлат, раиси Агентии хидмати давлатӣ зимни нишасти матбуотӣ рӯзи 30-юми январ гуфт, айни ҳол як гурӯҳи иборат аз намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ роҳҳои чӣ гуна пешкаш кардани дороиҳои мансабдоронро баррасӣ доранд.

“Омӯзиши масъала идома дорад. Дар ҳолати омода шудани лоиҳаи интишори эъломия тамоми расонаҳо огоҳ карда мешаванд”, - зикр кард Ҷумъа Давлат.

Ба гуфтаи роҳбари Агентии хидмати давлатӣ, то 2 соли дигар номгӯи дороиҳои мансабдорон пешниҳоди ҷомеа мегардад.

Бояд гуфт, ки пешниҳоди эъломия дар бораи дороиҳо ва амволи мансабдорони Тоҷикистон аз соли 2004 инҷониб амал мекунад. Дар ин миён эъломия тибқи қарори ҳукумати кишвар ду маротиба - солҳои 2005 ва 2020 иваз карда шуд.

Мавзӯи ифшои дороии мансабдорон соли 2019 замоне доғ шуд, ки Ҷумъа Давлат гуфт, “ҷомеаи Тоҷикистон ба қабули он омода нест”. Ӯ он вақт таъкид карда буд, ки “ҳар вақте сатҳи тафаккур ва фаҳмиши ҷомеа ба сатҳи ҷомеаи ғарбӣ баробар шавад, ҳатман масъалагузорӣ мекунем”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.