Рӯзи 10 май як сокини пойтахт Таманно Ҷамиловаи 22-сола бар асари бориши шадид ва роҳбандӣ натавонистааст сари вақт ба таваллудхона биравад.
Сафармоҳ Саидова, модари Таманно ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки ҳоло духтару наберааш худро хуб ҳис мекунанд ва рӯзҳои наздик аз бемористон ҷавоб хоҳанд шуд.
Ӯ зикр кард, ки замони фаро расидани вақти таваллуди духтараш ба ширкати “Олуча Такси” занг зада, мошин фармоиш додааст ва аз оператор дархост намудааст, ки ҳарчи зудтар автомашина фиристанд.
“Ҳеҷ гоҳ чунин боришотро надида будам, вале бо вуҷуди ин, ронандаи такси кӯшиш мекард, ки тезтар ҳаракат кунад, вале бар асари танбашавиҳо мо то таваллудхона нарасидем. Ман ва хушдомани духтарам ӯро ором намуда, хоҳиш кардем, ки боз каме сабр кунад, лекин вақте ки назди ОВИР омадем, ӯ таваллуд кард”, - ҳикоя кард Сафармоҳ.
Ба гуфтаи модари духтар, онҳо аз ронанда дархост намудаанд, ки мошинро нигоҳ дошта, ба берун барояд.
“Мо саросема шуда, нофи тифлро бурида натавонистем, аз ин рӯ, боз ронандаро даъват карда, то таваллудхона расидем. Дар он ҷо табибон нофро бурида, онҳоро ба дохил бурданд”, - мегӯяд Саидова.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки шавҳари Таманно дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад.
“Ман бори сеюм бобо шудам”
Таксирони ширкати “Олуча Такси” Шуҳрат Валиев дар суҳбат бо “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки зиёда аз 10 сол такси меронад ва бори аввал бо чунин ҳодиса дучор шудааст.
“Акнун бори сеюм бобо шудам. Худам ду набера дорам”, - илова кард ӯ.
Шуҳрат хотиррасон намуд, ки дар он рӯзи боронӣ мусофиронро аз Автодром гирифта, ба самти таваллудхона равон шудааст.

“Вазъи духтар бад шуд ва ман қарор додам, ки бе таваққуф ҳаракат кунам, лекин бар асари боришоти зиёд, дар роҳ танбашавӣ ба вуҷуд омада, онҳоро гузаштан ғайриимкон буд. Мо то ОВИР омада, таваққуф кардем, зеро духтар ба занон хабар дод, ки “ба фикрам, ман аллакай таваллуд кардам”. Ман мошинро боздошта, ба берун баромадам ва вақте ки ҳамааш ба охир расид, занон аз ман барои буридани нофи тифл ёрӣ хостанд, аммо ман гуфтам, ки биёед, беҳтараш то таваллудхона мерасем”, - зикр кард таксирон.
“Олуча Такси” дар маросими рухсатии модару тифл иштирок мекунад
Ширкати “Олуча такси” маълумоти дар такси ба дунё омадани тифл ва шоҳиди ин ҳодиса будани ронанадаашонро тасдиқ кард.
Дар ширкат изҳор доштанд, ки дар маросими рухсатии модару тифл аз таваллудхогна ҳамроҳи ин ронанда иштирок хоҳанд кард.
“Ба модару тифли навзод туҳфаҳо тақдим мешаванд, аз ҷумла гувоҳнома (сертификат)-и солонаи равуои бепул дар таскии ширкати “Олуча Такси” - зикр карданд дар ширкат.
Дар ширкат ҳамчунин гуфтанд, ки корманди худро низ дастгирӣ ва ҳавасманд хоҳанд кард.
Беш аз 22 млн сомонӣ. Ҳизбҳои ба парлумон роҳёфта аз буҷаи давлат чанд сомонӣ мегиранд?
Соҳибтаҷрибае бо донишҳои муосир мусаллаҳ. Рӯзноманигори шинохта Илҳом Ҷамолиён 65-сола шуд
Дар семоҳаи аввали сол ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон кам шуд
“Охирин монеа бартараф шуд”. Толибон аз қарори хориҷи номи ин гурӯҳ аз рӯйхати созмонҳои мамнӯи Русия истиқбол карданд
Дар Тоҷикистон 17 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Як духтари 10-сола дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Наздиконаш барои дарёфти ӯ мадад мепурсанд
Муборизаи 128 варзишгар барои дарёфти ҷоми шаҳрдори Душанбе
“Парасту-2025”. Намоишномаҳои “Ахтаре дар Хатлонзамин” ва “Келини ҷойдорӣ” ба бинанда чӣ паём доштанд?
"Толибон" дар Русия дигар созмони террористӣ нест. Додгоҳ ин гурӯҳро аз рӯйхати созмонҳои мамнуъ берун кард
Муҳоҷирон аз ҳисоби супоридани имтиҳон ба буҷаи Русия 2,5 млрд рубл фоида овардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста