Думаи давлатии Русия дар қироати якум лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки мувофиқи он акнун мақомоти пулис дар бораи ихроҷи маъмурии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба берун аз ҳудуди кишвар ҳуқуқ пайдо мекунад ё худ соҳиби ваколат мешавад.
Айни замон дар сурати аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ содир гардидани қонуншиканӣ қарор дар бораи ихроҷи маъмуриро танҳо додгоҳ ё хадамоти марзбонӣ содир карда метавонад.
Тавре ки хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, дар шарҳи ҳуҷҷат зикр шудааст, ки лоиҳа ба ҳамгунсозии механизмҳои депортатсия (ихроҷ) равона шудааст.
Гуфта мешавад, то иҷрои амали ихроҷи маъмурӣ шаҳрвандони хориҷӣ дар муассисаҳои махсуси мақомоти корҳои дохилӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Ҳамчунин дар лоиҳаи қонун тақвияти назорати давлатии федералӣ дар соҳаи муҳоҷират ва реҷаи нави ихроҷ нисбат ба шаҳрвандони хориҷие, ки барои будубоши қонунӣ дар Русия ҳуқуқ надоранд, пешбинӣ шудааст.
Дар сурати ҷорӣ гардидани чунин реҷа баъзе ҳуқуқҳои шаҳрванди хориҷие, ки ғайриқонунӣ дар Русия ҳузур дорад, маҳдуд шуда, тадбирҳои назорати макони будубоши ӯ дар ин кишвар ба таври қобили мулоҳиза пурзӯр карда мешаванд.
Аз вилояти Маскав 1500 муҳоҷир ихроҷ мешаванд
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои The Moscow Time, ВКД Русия хабар додааст, ки дар натиҷаи рейди рӯзҳои 3-9 июн дар доираи амалиёти “Нелегал” зиёда аз 1500 муҳоҷир аз вилояти Маскав ихроҷ мешаванд.
Ба иттилои мақомоти пулиси шаҳри Маскав, бо қарори додгоҳҳо зиёда аз 2 ҳазор қонуншиканон дар соҳаи муҳоҷират бояд аз ин кишвар хориҷ шаванд.
Гуфта мешавад, дар зарфи 4 моҳ мақомоти пулис ҳудуди 6 ҳазор иншоот дар пойтахт, аз ҷумла меҳмонхонаву хобгоҳ, хостелҳо, корхонаҳои саноатӣ, майдонҳои сохтмон ва маконҳои зистро мавриди санҷиш қарор додаанд.
Тоҷиконро ба Маскав роҳ надоданд
Ба иттилои Хадамоти ахбори Осиёи Марказӣ, хадамоти махсуси Русия ба вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русия иҷоза надодаанд.
Аз рӯзи 14-уми июн беш аз 30 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Душанбе ба фурудгоҳи Внуково парвоз карда буданд, дар марз дармондаанд.
Чанд тан аз онҳо рӯзи 16-уми июн гуфтаанд, ки мақомоти рус онҳоро “дардисарсоз” барои Русия номидаанд. Дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд.
"Се рӯз қабл бо рейси Сомон-эйр ва Урал-эйр омадем. Дар вақти аз нуқтаи марз гузаштан намояндаҳои ФСБ омаданду гуфтанд, ки аз Тоҷикистон ҳастед, шумо ба Русия зарар мерасонед, ба ватанатон баргардед,”—гуфтааст як тан аз муҳоҷирон.
Муҳоҷирон гуфтанд, ки аз онҳо дар бораи ҳодисаи “Крокус” пурсиданд ва телефонҳояшонро тафтиш кардаанд.
“Азия-Плюс” ҷиҳати дарёфти шарҳи ин масъала ба мақомоти марбута (Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, сафорати Тоҷикистон дар Русия ва Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ) муроҷиат кард, лекин то шоми рӯзи 18 июн ҳеҷ посухе дарёфт накард.
Дар навори видеоӣ, ки муҳоҷирони дармонда аз фурудгоҳи Внуково ба Радиои Озодӣ фиристодаанд, дида мешавад, ки занону кӯдакон рӯи фарши фурудгоҳ хобидаанд. Муҳоҷирон гуфтанд, ки рӯзе танҳо ба онҳо як бор ғизо медиҳанд ва шароиташон бад аст.
Пас аз ҳамлаи маргбор ба “Крокус” дар охири моҳи марти имсол, ки мақомоти рус ҳамлагаронро шаҳрвандони Тоҷикистон номиданд, фишору азияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзоиш ёфт. Ҳазорон муҳоҷир аз Тоҷикистон дар чанд моҳи ахир ба Русия роҳ наёфт ва садҳо нафари дигарро аз ин кишвар ихроҷ карданд. Мақомоти тоҷик ба муҳоҷирон тавсия дода буданд, ки муваққатан аз рафтан ба Русия худдорӣ кунанд.
Афзоиши нархи патент дар Русия дар соли 2025. Дар кадом шаҳр чӣ қадар мешавад?
Варзишгоҳи нави Душанбе кай ба истифода дода мешавад?
Муаррифони шоиста. Соли 2024 киҳо Тоҷикистонро машҳур карданд?
Муҳлати афви маблағ ва амволи шаҳрвандон бори чаҳорум тамдид шуд
Дар пайи суқути ҳавопаймо ва марги 179 кас дар Куриё. Эмомалӣ Раҳмон ба и.в президенти ин кишвар ҳамдардӣ кард
Ду китоб ва 3 тавсия аз узви ИНТ. Чӣ гуна метавон узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуд?
Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ба номи Олим Бобоев гузошта шуд
Дар Соли нав дар кишвар барф намеборад. Ҳаво чӣ гуна хоҳад буд?
Путин қонуни манъи таҳсили фарзандони муҳоҷирон, ки забони русиро намедонанд, имзо кард
Идгардак, либоси бегона, пешвози ҳоҷиҳо ва бо мошин ба мактаб рафтан. Соли 2024 боз чиро расман манъ карданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста