Ба муносибати ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 27 июн таҷлил мегардад, реҷаи рӯзҳои корӣ тағйир ёфта, ин рӯз (панҷшанбе) рӯзи истироҳат шуморида мешавад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи иттифооқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд, аз ин рӯ, барои пайдарҳам истироҳат кардани сокинони кишвар рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта, яъне 22 июн (шанбе) рӯзи корӣ ва рӯзи ҷумъаи ҳафтаи оянда (28 июн) рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Ба ин тариқ, ҳафтаи оянда сокинони Тоҷикистон 4 рӯз пайдарҳам истироҳат мекунанд - аз рӯзи панҷшанбе то рӯзи душанбе, яъне рӯзҳои 27, 28, 29 ва 30 июн.

“Ин тасмим барои он гирифта шуд, ки сокинони кишвар байни рӯзи ид ва истироҳатҳо як рӯз ба кор набароянд”, - зикр кард манбаъ.

Қобили зикр аст, ки дар моҳи июни соли 2024 бо назардошти Иди Қурбон, ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ ва рӯзҳои истироҳати муқаррарӣ, сокинони Тоҷикистон ба сурати умум 12 рӯз истироҳат мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.