Русия ба тасдиқи созишнома дар бораи таъсиси маркази байнулмилалии таълимӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар Тоҷикистон омодагӣ мегирад. Ин лоиҳа дар пойгоҳи электронии Дума ҷойгир шудааст.
Дар шарҳи он гуфта мешавад, марказ таълимро бо барномаҳои асосӣ ва иловагии мактабӣ, ки ба меъёрҳо ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон ҷавобгӯянд, пешниҳод мекунад. Фаъолияти марказ таҳти сарпарастии Вазоратҳои маорифи ҳарду кишвар, инчунин Фонди таълимии “Талант и успех” ба роҳ монда мешавад.
Ёдрас мекунем, ки созишнома дар бораи сохтмони маркази байнулмилалӣ барои кӯдакони лаёқатмад дар Душанбе дар чаҳорчӯби ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Русия ва Тоҷикистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба имзо расида буд. Ҷаласа нимаи моҳи декабри соли гузашта дар Маскав баргузор шуда буд.
Он замон зикр гардида буд, ки тасдиқи созишнома ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаи маориф мусоидат мекунад. Дар назар аст, ки марказ соли 2027 ба кор оғоз намояд.
Нахустнамоиши филми “Хоби сурх” кай ва дар куҷо доир мегардад?
Ҳарифи нави Муҳаммад Наимов дар мусобиқаи UFC Baku маълум шуд
Воситаҳои пардохт дар Тоҷикистон ҳоло ҳам асосан барои гирифтани пули нақд истифода мешаванд
Давраи таътили мактабхонҳои Тоҷикистон маълум шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2025
Баъди зилзила. Сокинони Рашту Тоҷикобод чӣ аҳвол доранд?
“Азия-Плюс” барои фармоишгарони реклама Telegram-бот бо ҳуши маснӯиро роҳандозӣ мекунад
Шаҳри Қазвини Эрон ва Хуҷанд метавонанд бародаршаҳр шаванд
“Дарди музмин”. Нигаронии сокинон аз талаби пул барои таъмири мактаб
Вазорати тандурустӣ гуфт, дар Тоҷикистон аввалин ҷарроҳии бебуриши талхадон анҷом дода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста