Сокини шаҳри Душанбе барои риоя накардани меъёрҳои қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима мешавад.

Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, рӯзи 13 июл шаҳрванд Раҷабалӣ Ширинзода адр кӯчаи Н.Хусрав ба муносибати оиладоршавии духтараш фотеҳатӯйи пуршукӯҳ гузаронид. Сарфи назар аз меъёрҳои қонунгузорӣ, дар маърака меҳмонони зиёд иштирок карда, тӯҳфаҳо тақдим карда шуданд.

Гуфта мешавад, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ширинзода тибқи талаботи моддаи 481 қисми 2 КҲМ ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол карда шуд.

Мувофиқи ин моддаи Кодекс, маблағи ҷарима барои шахсони воқеӣ 129 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (8 ҳазору 640 сомонӣ) ва барои шахсони мансабдор - 350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (25 ҳазору 200 сомонӣ) муқаррар шудааст.

Барои ҷалби Ширинзода ба ҷавобгарӣ видео ва суратҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби меҳмонон асос шуданд. Зери он корбарон шарҳҳои манфӣ гузошта, изҳор намуданд, ки “барои риоя накардани меъёрҳои қонун танҳо мардуми одӣ ба ҷавобгарӣ ҷалб шуда, сарватмандон ва афроди маъруф дар канор мемонанд”.

Қобили зикр аст, ки дар сабтҳои видео дида мешавад, ки дар маърака сарояндагони маъруфи эстрада Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед, инчунин модари онҳо Сурайё Қосимова ҳузар доранд. Ҳамаи онҳо ба келини оянда туҳфаҳо тақдим мекунанд. Корбарони шабака менависанд, ки духтар келини хоҳари калонии хонадони сарояндаҳо мешавад (келини Бибирӯзигул, духтари калонии Сурайё Қосимова - эзоҳи идора).

Ёдрас мекунем, ки моҳи июн қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” дар таҳрири нав қабул шуд. Нисбат ба қонуни пешина дар он ҷазоҳо барои риоя накардани талаботи қонун сангинтар шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.